ФОҶЕАИ ҒАЗЗА АВРУПОРО ТАКОН ДОД…

 Золим кисту мазлум чист?

Исроилро мазлум ва Фаластинро золим намоиш медиҳанд. Дар ҳоле, ки беш аз 1 моҳ мешавад, Исроил бо роҳи ҳавоӣ ва заминӣ ба сари мардуми Ғазза ҳамла дорад ва ҳазорон кӯдак ва шаҳрвандони мулкӣ кушта шудаанд. Ин амалкард фавҷи норозиҳо ва тазоҳуротро дар Аврупо ба бор овард. Дар Олмон аз расонаҳои давлатӣ талаб карда шуд, ки аз пули андози мо шумо суханпардозӣ мекунед, пас пешниҳодҳои моро низ ба инобат гиред. Дар лавҳае навишта шуда буд, ки 8000 шаҳрванди ғайринизомӣ ва беш аз 3000 кӯдаки фаластинӣ дар пайи ҳамлаҳои Тел-Авив дигар миёни мо нестанд. Гунаҳкор кист?

 

  1. Ҳимоят аз Фаластин дар қалби Аврупо

Атрофи ин майдонро пулис чун занҷир иҳота кард, аммо ба касе кордор набуданд. Пулис чанд нафареро ҳам, ки бо парчами Исроил омада буданд, дар масофаи 100 метр нигоҳ медошт, то ба издиҳом наздик нашаванд ва суитафоҳуме пеш наояд.

Дар ҷамъ кишварҳои Аврупо мехоҳанд, ин ҷанг зуд хотима ёбад, чун билохира виҷдонашон аз наслкушии Ғазза бедор шуд. Шоми дирӯз вазири корҳои хориҷии Олмон бо фарқ аз суҳбатҳои ҳафтаҳои пешаш, ки мегуфт, «Исроил ҳаққи аз худ дифоъ карданро дорад ва” Ҳамос” созмони ҳаросафканист», ахиран зикр кард, ки «дар Ғазза кӯдаккушист ва бояд ин ҷанг хотима ёбад!».

  1. Вакилони Эрон ба Ғазза мераванд?

Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам аз сабти довталабона ба ҷанги Ғазза ва рафтани беш аз 100 намояндагонаш хабар дод. Яъне охундҳо ба ҷанги зидди Исроил рафтанианд. Ҳоло ин муҳоботи сиёсӣ ва ё тарсондани Бенямин Нетаняҳуст ё чизи дигар, мавзӯъи мо нест. Чун ӯ дирӯз гуфт, аз ҷанг даст кашиданӣ нест. Ва ҳатто пешниҳоди иҷоранишини Кохи Сафедро низ дар мавриди қатъ кардани ҷанг рад кард.

Сарвазири Исроил ҳамин лаҳзаҳо гуфт, ки «Ғазза пурра қаламрави Исроил мешавад!». Миср, Сурия, Лубнон дигар умедворие чун солҳои 1947 нахоҳанд дошт. Шояд ҳамон соли 1947 Ғазза ба дасти инглисҳо боқӣ мемонд, имрӯз 1 кишвари кӯчаку амнтареро мемонд? Ё ин интихоби таърих аст?…

 

  1. Норозигӣ дар Прог ва хомӯшии барраҳо

08.11.2023. Дар шаҳри Прага роҳпаймоии навбатии ақаллиятҳои араб ва фаъолони мадании чехӣ доир гардид ва ин навбат теъдоди ҳузурдоштагон бамаротиб бузург ва шиору ҳарфҳо низ такондиҳанда буданд. Гуфта шуд теъдоди кушташудагон аз 10 ҳазор дар Ғазза гузашт, аммо ин омори собите нест ва тахмин меравад, ки теъдоди фавтидагон, ки байнашон занону кудакон хеле зиёданд, ба маротиб болост. Вале муҳим ин нест. Муҳим он аст, ки бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки дар Осиёи Марказӣ хас ҷумбид, ба ҷумбиш меояду ҳангома меофарад, роҷеъ ба ин тазоҳурот ҳарфе назад…

 

Ҳарамгул Қодир,

рӯзноманигор, Мюнхен, Олмон,

махсус барои СССР

 

Дар бораи муаллиф

Ҳарамгули Қодир аз журналистони шинохтаи кишвар аст, ки дар расонаҳои расмиву хусусӣ солҳо кору фаъолият кардааст. Мавсуф моҳи ноябри соли 2016 барои табобат муддате Алмаато ва баъд то феврали 2017 ба Гурҷистон рафт. Соли 2017 ба Чехия омада, 2 сол машғули забономӯзӣ буд. 1 муддат дар радиои Чехия фаъолияти меҳнатӣ дошт. Соли 2019 ба хотири саломатӣ ба Олмон рафта, он ҷо мондагор шуд чун табибон иҷозаи фосила доштан аз табобатро зарур надонистанд. Соли 2021 бахши Сиёсатшиносиро ин ҷо хатм кард. Баъди он дубора донишҷӯ гардида, дар риштаи Тибб, шуъбаи ҳамшираи шафқат соҳиби Диплом шуда, дар яке аз беморхонаҳои бузургтарини Олмон – Клиникуми давлатии шаҳри Мюнхен, Stadt München, пойтахти Иёлоти Байерн, ба кор даромад. Аз соли 2019 маскуни Олмон аст.

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube