РЕДАКСИЯ СУПОРИШ ДОД: ОБРО ЛОЙ КУНУ МОҲӢ ДОР!

Гар ба дарё зулф шӯяд он бути паймонанӯш,

Хонаи Аттор гардад, кулбаи моҳифурӯш…

 

Дар кишвари мо сар аз нимсолаи дуюми соли 2019 моҳипарварон аз пардохти 6 намуд андоз, аз ҷумла андоз аз воридоти техникаву технология ва хӯрока озод шудаанд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди соҳаҳои моҳипарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, парандапарварӣ ва чорводорӣ аз моҳи марти марти соли 2023 “Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои болозикр” қарор қабул намуд. Дар мувофиқа ба ин қарор бояд ҳамин соҳот равнақу суръат ёбанд. Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон ва ба хотири раванди амалигардонии қарорҳои ҷумҳурӣ бо супориши редаксия ба моҳидорӣ рафта, аз мушкилоти садди роҳи рушди ин соҳа огаҳӣ пайдо кардем.

 

Тоза, аммо гарон

06.11.2023. Соат ба вақти Бохтар 09:25 дақиқа. Сараввал хостам шаст ва тӯри моҳидории падарамро гирифта, аз пайи супориши редаксионӣ гардам. Нахуст ба бозор рафта, хостам аз нарху навои моҳии зинда огаҳ шуда, боварӣ ҳосил намоям, ки ба меҳнати якрӯзаи ман оё меарзад, ки моҳӣ харам ё моҳидорӣ равам?

06.11.2023.  Соат ба вақти Бохтар 10:12 дақиқа. Бозори Фаровони шаҳри Бохтар макони хариду фуруши дилхоҳ колои мардум. Аз растаи моҳифурӯшон пурсон шуда, нархҳои гуногунро пайдо кардам. Моҳии зинда ба намудҳо ҷудо шуда, аз 30 сомонӣ то 120 сомонӣ барои 1 кило арзиш дошт. Тибқи иттилоъи баъзе манбаҳои муътамад дар Тоҷикистон соле беш аз 200 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол мешавад. Ин ҳам дар натиҷаи истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ ва аҳамияти бештар додан ба шароити зарурӣ.

 

Раис нест, камбудӣ ҳаст!

Дар вилояти Хатлон 1 Асоотсиатсияи моҳидорони вилоят фаъолият дорад, ки роҳбари онро ҳеҷ дар утоқи корӣ пайдо карда намешавад. Чанд боре, ки муроҷеъи Алимамад Гулов, роҳбари Ассотсиатсияи моҳипарварон дар вилоят гаштем, бо ҳар баҳонае нахост ҳамсӯҳбат шавад. Пас аз фаҳмидани нарху навои моҳӣ ва анвои гуногуни он ба таҳлилҳои коршиносони соҳа рӯй овардам. Аз таҳлилҳои соҳа чунин ба назар мерасад, ки ҳоло ҳам, новобаста бо пеш овардани сабукиҳо аз ҷониби давлат, камбудиҳо дар ин самт хело зиёданд.

 

305 хоҷагии моҳипарварӣ дар 1 вилоят

Дар Сарраёсати кишоварзии вилоят ҳам аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар вилоят имрӯз вазъи моҳипарварӣ чандон қаноатбахш нест. Дар ин замина дар бораи рушди моҳипарварӣ дар вилояти Хатлон барнома қабул карда шудааст, ки он солҳои 2021-2025 -ро дар бар мегирад. Роҷеъ ба амалигардонии ин барнома дар вилояти Хатлон то ин давра шумораи ҳоҷагиҳои моҳипарваӣ ба 305 адад расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 беш аз 34 адад мебошанд. Ва суоле ба миён меояд, ки чаро бо зиёд шудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳоло ҳам арзиши моҳӣ дар бозорҳо гарон аст? Ё ягон асрори дигаре дорад, ки мо хабар надорем…

 

Кӯлҳо хушк мешаванд…

Коршиносон ҳадс мезананд, ки бинобар сабаби аз байн рафтани майдону ҳавзҳои парвариши моҳӣ ҳосилнокии соҳаи моҳипарварӣ нигаронкунанда аст. Тавре дар бозор мушоҳида намудем, гӯшти воридотии моҳӣ назар ба истеҳсоли маҳаллии он бештар ба назар мерасад. Ин ҳам дар ҳолест, ки танҳо дар вилояти Хатлон хоҷагиҳои моҳипарварӣ шумораашон нисбат ба солҳои пешин афзудааст. Ин гуна кулҳо аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии ҷамъиятӣ дар ноҳияҳои А. Ҷомӣ ва ш. Кӯлоб бештар рушд намудаанду қисмате аз онҳо зуд аз байн рафтанд.  Он ҳавзҳое, ки дар гузашта бунёд ёфта буданду дар соҳаи моҳипарварии вилоят саҳм доштанд, бинобар сабаби пас будани оби кӯлҳо ва надоштани шароити нигаҳдорӣ аксарияташон хушк шудааст. Дар ноҳияҳои А. Ҷомиву Ҳамадонӣ бештари кӯлҳо бинобар сабабҳои болозикр аз байн рафтаанд.

Ихтиолог надорем…

Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилоят дар 9 моҳи соли равон истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Хатлон аз ҳисоби хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ ба 1835 тонна баробар карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 301 тонна зиёд мебошад.

Зимни сӯҳбат Иброҳим Сатторов, мутахассиси соҳаи чорводорӣ ва растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилоят гуфт, ки воридоти кирминаи моҳӣ низ ба пастравӣ омадаасту яке аз сабабҳои аз миён рафтани хоҷагиҳо шуда метавонад.

Мо аксарияти кирминаҳои моҳиҳоро аз хориҷ ворид мекунем. Шояд ин яке аз сабабҳои гарон боқӣ мондани нархи моҳӣ дар растаҳои моҳифурушӣ бошад. Ҳамин ҳоло моҳипарварони ноҳияи А. Ҷомӣ 2  инкубатсия барои истеҳсоли моҳиро сохтаанд ва дар ояндаи наздик боварӣ дорем, ки барои рушди соҳа ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳези моҳӣ ҳиссагузор хоҳанд буд, зикр кард Иброҳим Сатторов.

Аслан моҳипарварон ҳам андешаеро асоснок мекунанд, ки бобати баланд бардоштани ҳосилнокии моҳӣ ба риояи хурокдиҳӣ бояд диққат дод. Ва инчунин мо бояд технологияи нави парваришро бо такя аз таҷрубаи ҷаҳонӣ ба роҳ монем. 1 проблемаи калидии соҳа ин гарон будани хӯроки моҳӣ низ буда метавонад.

Коршиносон бар боваранд, ки имрӯз дар аксар хоҷагиҳои деҳқонии моҳипарварӣ нафарони тасодуфӣ зиёд шудаанд. Яъне ҳар кадоме имрӯз ба таври худ ба парвариши моҳӣ машғуланд. Онҳо бояд Донишгоҳи аграриро бо ихтисоси ихтиолог хатм намоянду аз нозукиҳои парвариши моҳидорӣ воқиф гарданд.

 

Харидор нест!

Лаҳзае чанд аз бозору растаи моҳифурӯшон назар карда, ба намуди навъи моҳии ялақосӣ ва венгерӣ диққат додаву хостам онро харидорӣ намоям ва ба хона бурда, хӯроки боллазате омода намоям. Чун ҳамсарам мегӯяд дастпухти мард беҳтарин аст ва мардон ошпазҳои моҳиранд (шояд фиреб мекунад-а?). Аммо нарх ҳеҷ ба ҷайбам рост наомад, ки наомад!!!

Таваҷҷӯҳи мардум нисбати моҳии воридотӣ бештар аст. Намедонем дар онҳо чиро дарёфтаанд. Зеро мардум он чизеро, ки аз хориҷ ва тамғаи беруна дорад, диққат медиҳанду харидораш мешаванд. Ҳол он ки моҳиҳои тоҷик дар ҷаҳон аз ҷиҳати тозагӣ мавқеи муайянеро касб мекунад. Хайр оби кӯли хона лой дия…

 

Қиматии хӯрока хоҷагиҳоро барҳам зад

Барои бо чашми сар дидани ҳавзҳои моҳидорӣ мо ба кӯли оилаи Тағоев Саъдулло, воқеъ дар н. Вахш бо масоҳати 1 га, меҳмон шудем.

Маълумамон гашт, ки дар кӯл 3 намуд: салсароб, сазан ва амури сафед парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд. Тухми моҳиро онҳо аз н. А. Ҷомӣ дастрас  ва то 200 -300 грамм шуданаш парвариш мекунанду пасон ба дасти 2- юм медиҳанд. Ин хоҷагидор ҳам аз гаронии хӯроки моҳӣ изҳори нигаронӣ кард.

    – Хӯроки асосии моҳиҳо гандум, юнучқа, ҷав ва ҷуворимакка мебошадНархи ин маҳсулот дар бозор бошад барои 1 кило аз 3 то 4 сомониро ташкил медиҳад. Дар 1 рӯз 1 маротиба ба моҳиҳо хӯрок медиҳем. Аз сабаби гаронии нархи хурокашон бисёр хоҷагиҳо барҳам хӯрданд. Ба роҳ мондани истеҳсоли махсуси хӯроки моҳӣ, бунёди корхонаҳои коркарди саноатии маҳсулоти моҳӣ, парвариши зотҳои фоиданоки наслдеҳу сергӯшт ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад. Ва танҳо дар ҳамин маврид мо ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гашта метавонем, – таъкид дошт Саъдулло Тағоев.

 

Неъмати Тоҷикистон

Гулмоҳиро дустон зиёд таъриф намуданду барои чашиданаш (чун пештар аз ин ман нахӯрда будам) даъват ба амал оварданд. Ман ҳам рад карда натавонистам. Ба гулмоҳӣ назар кардам, оҳооо ана соҳиб, мана моҳӣ! Нафаре агар аз ин неъматҳои табиати Тоҷикистон рӯй гардонаду моҳии хориҷиро харад, носипос хоҳад шуд!

Хулласи калом ин рӯз аз пайи супориш гашта, бо шастҳои падарӣ ҳам аз ҳавзҳои моҳидорӣ дидан намудаму ҳам ба гаронии нарх нигоҳ накарда, 4 кг ҳам барои оилаам моҳӣ харидам, то сарҷамъ ҳама аз моҳии ватанӣ истеъмол намоем. Ногуфта намонад ба 1 мард 40 ҳунар кам аст гуфта, моҳиҳоро худам пухтам. Хело олӣ. Хуллас бо шарофати супориш ҳамаро бо моҳӣ ширинком карда, ба худ гуфтам: супориши пешина нонпазӣ, ҳоло моҳидориву моҳипазӣ, оянда чи кор меркада бошам?

Дар ҳар сурат, корманди СССР шуда дарк кардам, ки дар ҳақиқат Мо метавонем.!!! Тамом ва салом.

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

 

PS: Медонам хонанда, ки то охири матлаб ҷустӣ, ки ИХТИОЛОГ яъне чӣ? Танҳо баъди оне, ки сардабир низ эрод гирифт, ман низ аз ГУГЛ маънии ин вожаро ёфтам. Ихтиолог-моҳипарвари касбӣ. А, дар мо бошад, 1 ҳавз кобу тухмиро партову оба лой куну моҳиро дор… Ин аст, ки соҳа рушд намекунад. Мо метавонем!

 

 

 

 

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube