Инак аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд 31 сол сипарӣ шуд. Дар бораи нақш, мақом ва муҳимияти сессияи мазкур журналистон, вакилони мардумӣ, таърихнигорон ва муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ матолиби зиёде ба табъ расонданд. Ҳамзамон дар нисбати ҷаласаи болозикр китобҳои ҷолибу хонданӣ низ рӯи нашр омаданд.
Аз ин ваҷҳ, дар арафаи ин санаи таърихии даврони соҳибистиқлолии Ватан қарор кардем, матлаберо, ки 31 сол муқаддам дар рӯзномаи «Нидои ранҷбар» (ҳоло «Коммунисти Тоҷикистон»), №37, аз 27 ноябри соли 1992 ба табъ расида буд пешниҳоди хонандаи азиз гардонем.
Нахуст ба он хотир, ки мавод дар замони пурталотум нигошта шудаву на ба ҳама дастрас, баъдан рӯзнома бо теъдоди кам ва талаботи ҳамонрӯза рӯи чоп омада буд.…
«СССР»
ХУҶАНД БА МАРДУМИ АЗИЯТДИДАИ ҶУМҲУРӢ СУЛҲУ САФО ОВАРД.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ – ҚОСИДИ СУЛҲ. БОБОИ САНГАКУ АКАИ ҶУМЪА ОҒӮШИ ДӮСТӢ БОЗ КАРДАНД. ИНШООЛЛОҲ РӮЗ БЕҲ МЕШАВАД.
Сессияи 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд 16 ноябр оғоз гардиду идома дорад, маҷлиси навбатии худро 18 ноябр аз муҳокимаи масъалаҳое оғоз намуд, ки ба рӯзномаи сессия дохил шудаанд. Баъд аз мубодилаи афкор нисбати даровардани тағйирот ба моддаҳои 102 ва 107-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи мазкур аз рӯзномаи сессия бардошта шуд.
Дар сессия «Дар бораи статуси депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қонун қабул гардид, ки зимни он ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот дароварда шуд.
Изҳороти гурӯҳи депутатҳоро нисбати садо ва симои Тоҷикистон депутат Ҳ. Табаров қироат намуд, ки он норизоии эшонро оиди хабари беасос пахш намудани ин ташкилот дар бобати тарки маҷлис намудани аъзои ҳукумат буд. Сипас, вакилони мардумӣ дар бобати пеш аз мӯҳлат қатъ гардондани ваколати як идда депутатҳое, ки аз ҷумҳурӣ рафтаанд, қарор қабул карданд.
Иҷлосия он рӯз ҳамчунин истеъфои аъзои раёсати Шӯрои Олӣ ва ҷонишинони Раиси Шӯрои Олиро пазируфт.
Маҷлиси навбатии сессияи Шӯрои Олии Тоҷикистон 19 ноябр масъалаи «Дар бораи бозхонди Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Тибқи пешниҳоди вакилон депутат Ҳабибулло Табаров пешбарии кори сессияро ба уҳда гирифт. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Искандаров дар хусуси вазъияти ҷумҳурӣ таи муддати роҳбарии худ ахборот дод.
АХБОРИ А.ИСКАНДАРОВ
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ҷумҳур, Раиси Шӯрои Олӣ А.Искандаров аз ҷумла иброз дошт, ки дар ин давра идораҳои давлатдорӣ қариб вуҷуд надоштанд. Ҳукумат бошад, аз уҳдаи муҳофизати худ баромада наметавонист. Тавре ба ҳама маълум аст, дар шаҳри Душанбе 13 ситоди мусаллаҳ, ҳатто бештар аз он ҳам вуҷуд дорад. Баъзеҳо дар чунин ақидаанд, ки гӯё ин ситодҳо ба хотири дифои ҳукумат таъсис ёфтаанд. Вале ин тавр нест. Охир худи ин ситодҳо, ки ғайриқонунӣ таъсис ёфтаанд, чӣ тавр ҳомии ҳукумат буда метавонанд?
Акбаршоҳ Искандаров ҳамчунин ба саволҳои вакилони мардумӣ нисбати ҷобаҷогузории кадрҳо низ посух гуфт. Раиси Шӯрои Олӣ ба саволи он, ки гӯё Шодмон Юсуфро ба сифати сафири Тоҷикистон дар Руссия таъин намуда бошад, гуфт, ки дар ҳақиқат, чунин қарор омода шуда буд, вале ба он то ба имрӯз имзо нагузоштааст.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ – САРВАРИ ДАВЛАТ
Раиси Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров тибқи муқаррароти мавҷуда бозхонда шуд. Баъдан масъалаи интихоби Раиси Шӯрои Олӣ сурат гирифт. Вакилони мардумӣ депутати халқи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро ба ин вазифа номзади арзандаву ягона донистанд. Натиҷаи интихоботи пӯшида чунин буд: Эмомалӣ Раҳмонов бо 187 овози тарафдору 11 овози муқобил Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
ИСТЕЪФОИ РАҲМОН НАБИЕВ
Ҳамчунин тибқи рӯзнома масъала дар бораи истеъфои Раиси ҷумҳур Раҳмон Набиев баррасӣ шуд. Сари ин мавзӯъ андешаҳо гуногун буданд. Аз ин рӯ, мувофиқи хоҳиши вакилони мардумӣ Раҳмон Набиев ба Иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват карда шуд. Раиси ҷумҳур аз фаъолияти кори худ, вазъи ҷумҳурӣ ва сабаби истеъфои маҷбурии худ ба вакилон маълумот дод. Сипас, Раҳмон Набиев изҳор намуд, ки агар аз вазифа рафтани ӯ боиси оромиву осудагии мулку қатъи ҷангу хунрезӣ гардад, вай тайёр аст, ки худи ҳозир истеъфо диҳад.
Депутатҳо истеъфои Раҳмон Набиевро аз рӯзи 20 ноябри соли 1992 пазируфта, қарори Шӯрои Олиро дар бобати ба тамоми имтиёзҳои дар қонун пешбинишуда ба нафақа гуселонидани мавсуф тасдиқ карданд.
Баъдан вакилони мардумӣ депутатҳои халқи Тоҷикистон Қ. Қоимдодовро (Хоруғ) ва Хидиралиевро (Турсунзода) тибқи пешниҳоди Раиси Шӯрои Олӣ бо овоздиҳии кушода ҷонишинони Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб намуданд.
Вакилони мардумӣ сари масъалаи дигари рӯзнома, муҳокимаи лоиҳаи Қонун дар бораи муҳоҷирони маҷбурӣ ё худ гурезагон баҳсу талоши зиёде намуда, барои такмил додан гардонида шуд. Ҳамчунин суруди миллӣ бо нишон ва парчами нави давлати тоҷикон пешкаши вакилони мардумӣ гардид. Депутатҳо сарфи назар аз шарҳи муфассали аъзоёни жюрӣ сари он низ баҳси зиёде карда, барои аз нав такмил додани парчам ва нишони давлатӣ зимни пешниҳоду эродҳои зикргардида онро мавқуф гузоштанд. Баъдан сессия раисони комитетҳои Шӯрои Олӣ (ба истиснои комиссияи одоби депутатӣ ва комитети қонунбарорӣ) ва аъзоёни раёсати Шӯрои Олиро интихобу тасдиқ намуданд.
Сарфи назар аз он, ки 22 ноябр рӯзи истироҳат муайян гардида буд, вакилони мардумӣ дар комитетҳо кор карданд.
ТАСДИҚИ НИШОН ВА ПАРЧАМ
Рӯзҳои 23 ва 24 ноябр низ сессия кори худро таҳти раисии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов идома дод. Як қатор қарору қонунҳо, ки ба беҳбуди зиндагии мардум, беҳдошти вазъи кунунии ҷумҳурӣ, мусоидат хоҳанд кард, муҳокима ва қисман қабул гардид.
Дар сессия бо назардошти баъзе пешниҳоду маслиҳати вакилон бо андаке тағйироту дигаргунӣ Низомномаи нишон ва Парчами ҷумҳурӣ тасдиқ карда шуд.
Дар рафти маҷлиси сессия депутатҳо ҳамчунин ахбори вазири корҳои дохилӣ Имроншоевро оиди вазъи кунунии ҷумҳурӣ, ба хусус шаҳри Душанбе шуниданд.
АХБОРИ С. ҶӮРАЕВ
Иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералии Тоҷикистон С. Ҷӯраев мувофиқи талаби вакилон нисбати делои ҷиноятии мири шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов ва гумонбар ба қатли прокурори генералии Тоҷикистон Р. Нуруллобеков маълумот дод.
– То саршавии мурофиаи судӣ озод намудани Мақсуд Икром ба ман ҳеҷ вобастагие надорад, – гуфт С. Ҷӯраев, – Мири шаҳр бо ризоияти ҷонишини якуми прокурори генералии Тоҷикистон Тухта Почомуллоев ба озодӣ баромадааст.
– Раҳим Нуруллобеков бошад, – гуфт вай, – ҳоло дар маҳбас аст.
Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералӣ С. Ҷӯраевро таъкид намуд, ки ба сессияи Шӯрои Олӣ ҳозир шудани Тӯхта Почомуллоевро таъмин намояд. Зеро ҳангоми гирифтани ризоияти вакилони мардумӣ дар бобати ҳабс кардани М. Икромов маҳз рафиқ Почомуллоев кафолати гунаҳгории ӯро дода буд.
Дар рафти Иҷлосия баъдан ба қонун дар бораи гурезаҳо низ дигаргунӣ дароварда шуд. Тибқи ин тағйирот ба гурезаҳои эҳтиёҷманд то сад ҳазор сӯм қарзи имтиёзнок дода хоҳад шуд.
Сессия як қатор масъалаҳои дигарро низ мавриди баррасӣ қарор дод.
Рӯзи 25 ноябр дар кори сессияи Шӯрои Олӣ рӯзи таърихӣ дониста шуд. Он рӯз вакилони мардумӣ сермаҳсул кор карда масъалаҳои зиёдеро ҳал намуданд. Чанде аз қарору қонунҳои зарурӣ қабул гардиданд. Вакилони мардумӣ С. Раҷабов ва Б. Бобоев раисони Комитети қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсону Комиссияи одоби депутатҳои Шӯрои Олӣ ва аъзоёни раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Дар сессия телеграммаи табрикии Президенти Россия Б.Н. Елтсин ба унвони Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов расида буд, хонда шуд.
ШИРКАТИ ҚУМОНДОНҲО
Лаҳзаи аз ҳама ҷолибу фаромӯш нашуданӣ дар кори сессияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, бахусус Иҷлосияи имрӯза вохӯрии сардорони дастаҳои мухолиф бо ҳам ва вакилони мардумӣ буд.
Баъд аз вохӯрии ҷудогонаи сарони ҷавонмардони силоҳбадаст, ки маҳз ташаббускори он Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов буд, онҳо ба толори Иҷлосия ворид гардиданд. Намояндаҳо аз ҳарду ҷониб гапҳояшонро гуфтанд. Маълум, ки ҳарду ҷониб озурдахотиранду ҳарду ҷониб алам, дарду доғе дидаанд. Вале ҳарду ҷониб як мақсад доранд: сулҳ, оштӣ, дӯстӣ!
Бо ҳидояти Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов аввал сардорони гурӯҳҳо бобои ангаку акаи Ҷумъа оғӯши дӯстӣ боз карданд. Баъд ҳама ҷавонмардони ҳарду тараф якдигарро ба оғӯш гирифтанд.
Вакилони мардумӣ, меҳмонон, намояндагони ахбори умум хулас, ҳама бо чеҳраи кушода аз ҷой хестанду бо кафкӯбии бардавом ин лаҳзаро, ки бесаброна тамоми мардуми ҷумҳурӣ интизорӣ мекашиданд, истиқбол гирифтанд.
Оре, ин рӯзро дар таърихи Тоҷикистону тоҷикон бо оби тилло бояд навишту он ҷо номи Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонов чун Қосиди Сулҳ нигошта шавад.
Мухбири худамон
Умари Шерхон
