– заноне, ки фарзанди маъюбро ба воя мерасонанд, дар чанд солагӣ ба нафақа мебароянд?
Ба редаксияи газетаи мо яке аз хонандагони фаъоли СССР аз ш.Душанбе – Омина Рустамова, ки фарзанди маъюбро тарбия ва парасторӣ менамояд, дар бораи баромадан ба синни нафақа муроҷиат намуд. Заноне, ки фарзанди маъюбро ба воя мерасонанд, дар чанд солагӣ ва бо доштани чанд соли собиқаи корӣ метавонанд ба нафақа бароянд?
Воқеан на танҳо Омина Рустамова, балки чандин нафари дигар аз ин пештар низ бо чунин суол ба идораи газетаи мардумӣ муроҷеъ шуда буданд.
Мо тасмим гирифтем дар якҷоягӣ бо мутахассисони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бону Омина ва дигарон посухи мушаххас диҳем.
Таъминоти нафақа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, аз муқаррароти моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва мақсади асосии он таъмини кафолати иҷтимоии шаҳрвандон дар пиронсолӣ, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Боиси қайд аст, ки раванди таъину пардохти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, ки аз 12 январи соли 2010, №595 тасдиқ гардидааст, танзим менамояд. Таъину пардохти нафақа дар асоси қонуни мазкур аз соли 2013 марҳила ба марҳила оғоз гардида, аз 1 январи соли 2017 инҷониб тамоми намудҳои нафақа тибқи қонуни мазкур амалӣ мегардад.
Мувофиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол барои мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 бо доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 300 моҳ ва барои занҳо ҳангоми расидан ба синни 58 бо доштани собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ таъин карда мешавад.
Қонуни мазкур дар як вақт ба занҳое, ки 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб доранд ва ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, барои пеш аз муҳлат баромадан ба нафақа имтиёз пешбинӣ намудааст.
Масалан, тибқи талаботи банди д) қисми 3 моддаи 13-и Қонуни мазкур занҳое, ки 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб доранд ва ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ доштан, пас аз расидан ба синни 53 ҳуқуқи ба нафақа баромаданро доранд.
Ҷ.Мақсуд,
СССР
