Дар поёни моҳи сентябр ва оғози моҳи октябр, ҳудуди даҳ рӯз дар Бухорои шариф будам. Мӯҷиби сафарам навори филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” буд, ки банда бар дӯш нақши лаҳҷавии хоҷа Деҳдорро доштам. Аз даҳ рӯз фақат се рӯзи корӣ, яъне филмбардорӣ буд. Бақияи рӯзҳо комилан бекору озод будам. Чи хуш ки бахтам хандиду имконияти тамошои Бухороро доштам. Дар бисёре аз қисматҳои бостонии шаҳр қадам задам. Аз ҳар ҷое метавонистам боздид кардам. Аз бархе хиёбону кӯчаҳо, ҳавлиҳои шахсӣ гирифта то биноҳои таърихӣ-бостонӣ. Агарчи ин дуввумин сафари ман ба Бухоро буд, вале чунин вақту имконият барои дидани так-таки кӯчаву хиёбонҳои ин шаҳри бостонӣ дар сафари қаблӣ надоштам. Ҳарчӣ бештар қадам мезадаму медидам, суолот ва суитафоҳумҳои бештаре бароям пеш меомад.
Ман ки дастпарвару бузургшудаи замони шуравиам, нохудогоҳ дар зеҳнам то ҷое бештар ба дунболи Бухорои вайрону мардуми фурӯтан ва фақир мегаштам, ки дар китобҳою дарсҳо хондаву шунида будам ва барои собит кардани он дар хиёбону кӯча ва биноҳои шаҳру ёдгориҳои қадимаву бостонӣ мегаштаму меҷустам. Бале, он чизе ки ман хондаму шунидам ва дар филмҳои он замон дида будам.
Вале ҳарчи медидаму дар тарозуи ақл, воқеият ва афкору хаёлотам қарор дода будам, ором ором назарамро дигар мекард. Вақте дар як масоҳати на он қадар бузург дар ҳар хиёбон чандин мадраса ва корвонсарою масҷидҳоро мебинӣ, кас шигифтзада мешавад, он ҳам баъди турктозиҳо, таҷовузи Русияи тазорӣ ва бомбаборони шадиди болшевикон дар 100 -200 соли сипаришуда, замоне ки тағйироту дигаргуниҳо кам набуд.
Ҳар мадраса соҳиби китобхонаи худ, ҳуҷраҳои муаллимону донишомӯзон ва дигар шароиту имконоти хоси замони худро дошт. Ҳуҷраҳо бо деворҳои паҳну мустаҳкам ва нисбатан муҷаҳҳаз ба шароити дарсомӯзиву истироҳат буданд. Ҳатто хиштҳое, ки тобистон сардӣ ва зимистон гармиро дар худ нигоҳ медоштаанд. Корвонсаройҳо низ барои мусофиронашон шароити нисбатан хубу лозимиро вабаста ба имконоти замони худ фароҳам оварда буданд.
Дар маркази шаҳр, дар қабати Манори Калон бинои китобхонаи бузурге дар хидмати мардум буд. Масҷиду дӯконҳои савдо хеле зебову гуногунранг ва бо шаклҳои диққатҷалбкунанда қомат афрохта буданд. Шаклу тарзи муҳандисии бинову гунбадҳо ва чидани хиштҳо, ки хеле зебову ҳайратовар гулкорӣ шудаанд, рангҳои гуногуне ки чансадсолаҳо тобишу ҷилои худро гум накардаанд хеле диданиву ҷолиб аст. Пас аз ин ман ба ҷойгоҳи Бухорои Шариф ба унвони маркази илму фарҳанг ва тиҷорати шарқ буданаш эътиқоду боварам қавитар гашт. Вагарна тӯли ин ҳазорсолаҳо арзи вуҷуд доштани ин биноҳои таърихию фарҳангӣ номумкину ғайривоқеӣ мебуд.
Албатта ҳамаи инҳо дар андешаи мани насли шуравӣ, ки фақат зулму ситам ва ҳавои нодониву ҷаҳолат ва бесаводиро дар мағзу дилам рехта буд, ҳеҷ рост намеомад. Аҷиб! Он чи тӯли ин солҳо дар филмҳо дида, хондаву шунида будам бо воқеъияте ки имрӯз ман мебинам мутобиқат надошт. Ҳифзи чунин фарҳанг ва шаҳрдорӣ бо ҳама нуқсону камбудиаш фақат аз тариқи бесаводӣ ва ё ҷоҳиливу зулму истибдод ғайриимкон буд. Намунааш ҳамон мақбараи Исмоили Сомонӣ ва дигар масоҷиду мадраса, китобхона ва дигар марокизи фарҳангиву тиҷоратӣ дар васат ва ҷойҳои намоёни шаҳр, ки то имрӯз ҳифз шудаву арзи вуҷуд доранд, ба ҷуз он харобкориҳое, ки бо даст ва тохтутози таҷовузгарон рух дода буд. Бале, қавму миллату давлате, ки фарҳанг ва марказҳои фарҳангии худро ҳифз мекунад, ҳамеша побарҷост, новобаста ба сохти давлатдорӣ!
Вақте болои арки Бухоро шудам ваҳшат ва харобкории таҷовузи шуравиро бо чашми сар дидам. Ҳаштод дар сади биноҳои аркро шуравӣ бо ҳавопаймо ва тӯпу дигар воситаҳо ба хок яксон карда буд. Ва бо хости сарнавишт ин вайронаҳо ба унвони намуна то ҳол арзи вуҷуд дорад. Ва ба гуфти мардуми Бухоро тақрибан ниме аз шаҳр он замон сӯхтаву хароб шуда буд. Вақте дар тангкӯчаҳои шаҳри қадим гом мезадам кам надидам хонаҳоеро, ки деворҳояшро бо коҳгил андова карда буданд. Шояд ба ин далел бошад, ки шаҳр чеҳраи бостонӣ-туристии худро аз даст надиҳад ва аз назари тиббӣ низ барои саломатӣ хеле муфиду безарар бошад. Ҳатто ҷое дидам, ки марди бухороӣ лойи-андова мешӯрид. Албатта фазову ҳавои шаҳри Бухоро сайёҳиву гардишгарӣ аст ва кишвари Ӯзбекистон аз ин фазо хеле ҳушмандона истифода мекунад. Дарёфти билет-чипта дар ҳавопаймо, қатора ё афтобусҳо хеле душвор аст. Сари ҳар қадам сайёҳони хориҷиро вомехӯрӣ. Аз гӯристонҳою канисаи яҳудиён, маҳаллаву масҷиди аҳли шиа гирифта то соири масоҷиду мақбара, дарвозаҳо ва дигар марказҳои таърихӣ ва фарҳангиро аз рӯи имконият боздид кардам.
Аз зиндони марказии шаҳр боздид кардам, ки таҷассуми зулму истибдод, беадолатиҳои он замон буд, ки даврони шуравӣ хонда ва дар филмҳо дида будам. Аҷибаш дар он ки зиндони марказӣ на он қадар бузург буд ва ҳудуди шояд шаст нафар зиндониро дар худ ҷой медод. Ва ҳамин гуна зиндони нисбатан хурд яктои дигар дар даромадгоҳи арк ҳам буд ва шояд ҳудуди чиҳил нафари дигар зиндонӣ дар он ҷо мешуд. Дар пойтахти як аморати бузурги Бухоро ду зиндоне, ки ҳудуди сад нафар зиндониро ҷо мекард. Ин ҳолат тасаввурот ва диди маро хеле иваз кард. Аз он чи хондаву дида будам, фикр мекардам ниме аз Бухоро зиндон аст! Баъди ин ҳама ба далеле, ки шуравиҳо дар як рӯз ҳазор нафар беҳтарин донишомӯзон ва омӯзгорони мадориси Бухороро тирборон кардаву чанд моҳ дар шаҳр китобсӯзиҳо доштанд боварии комил пайдо кардам! Ҳатто ҳавои имрӯзи шаҳри қадимӣ ҳам ин ҳақиқатро бозгӯ мекунад!
Тӯли як ҳафта ҳаштод дар сади муоширати ман дар шаҳр тоҷикӣ-форсӣ буд, чаро ки ҳама мардуми бумии шаҳр бо ин забон муошират доштанд, ҳарчанд шояд аксари онҳо расман дар шиносномаҳояшон тоҷик нестанд! Чеҳраҳошон низ хоси худашон, бештар ҳинду аврупоӣ буд.
Аз дӯкондоре, ки зан буду бештар савғотӣ (сувенир) мефурӯхт суол кардам, ки чаро савғотиҳои одамшакли шумо бештар симои муғулӣ доранд, чаро мисли худатон чеҳраҳои бухороӣ надоранд? Зан бо лабханд изҳор кард, ки ин мавод фақат аз Тошканд дастраси онҳо мегардад. Аҷаб, аз оне ки мебинам ҳатто чеҳраҳои аксари тошкандиҳо ҳам ин қиёфаро надоранд, ки дар савғотиҳо ҳаст. Ҳатто, агар гуфтан ҷоиз бошад симову чеҳраи ин савғотиҳо аз муғулҳо ҳам муғултаранд.
Ман акнун дарк кардам, ки чаро баъзе даъвогарони ӯзбекистонӣ ҷое Чингизу Темури барлосро кабиру қаҳрамони худ медонанду, ҷое худро аз нажоди Суғду Хоразму Ориёӣ медонанд. Шояд (ин албатта гумон аст) вақте ба чеҳраи худ дар оина нигоҳ мекунанд, ҳақ доранд даъвои нажоди ориёӣ кунанд ва дар айни ҳол, вақте назар ва такя ба забони хеш мекунанд, худро аз нажоди муғул донанд. Шояд бисёре аз онҳо байни ин ду сардаргуму саргардонанд ва дар ҷустуҷӯи ҳуввияту асли воқеъии хешанд…! Магар мешавад бо ҳисси тарс, ё мафиатҷӯӣ ва ё иҷборӣ аз аслӣ хеш дур шуд ва ё дигареро дур кард?! Ман аминам ин дунё соҳиб дошт ва дорад ва оқибат ҳақ ба ҳақдор мерасад ва ҳар яке аз мардум ба асли хеш бармегарданд! Намунаи наздику беҳтаринаш аз байн рафтани кишвари абарқудрат Шуравист, ки мехост миллату фарҳанги наве созад! Намедонам чаро, дар ин сафар нохудогоҳ худро ҳамеша дар Бухоро ва Бухороро дар худ дидам…!
Абдумумин Шарифӣ
