Саволи рӯз: чӣ гуна ҷавонон барои ояндаи муваффақ омода мешаванд?!

Дар давраи ҷаҳонишавӣ ва пешрафти босуръати технологияҳо, омода намудани мутахассисони баландихтисос барои ҳар кишвар мисли обу ҳаёт муҳим аст. Ҷавонон – нерӯи асосии рушду тараққиёти миллат – бояд на танҳо дониш ва малакаи касбӣ дошта бошанд, балки тавонмандии фикр ва эҷодкориро низ ба даст оранд. Саволи муҳим ва матраҳ ин аст, ки чӣ гуна метавон ҷавононро ба кадрҳои муваффақ ва рақобатпазир табдил дод? Андешаҳои гуногун сари ҳамин мавзӯъ ба таҳлили матлаб моро водор кард. Ҷамъи дӯстон ва ҳамнишиноне, ки ҷавонанду мудом бо ҳам нисфирӯзӣ сари хон ҷамъем баҳс намуданд, ки дар шароити имрӯза кордонию корчалонӣ асоси муваффақият ҳисобида мешавад. Лек боз паҳлӯҳои ҳаст, ки ҷавонон зуд муваффақтар мешаванд.

Таълим бо сифати баланд – асоси муваффақият

Ҷавонон бояд дар муҳити муосир ва бо барномаҳои инноватсионӣ таълим гиранд. Донишгоҳҳо ва мактабҳои касбӣ бояд на танҳо назария омӯзонанд, балки таҷриба ва лоиҳаҳои амалӣ пешниҳод кунанд.

Масалан, донишҷӯён дар соҳаи муҳандисӣ бояд дар коргоҳҳо ва лабораторияҳо таҷриба гиранд, на танҳо китобхонӣ кунанд. Чун назария ва амалия якҷо шуданд татбиқи дониш бештар мегардад. Дар донишгоҳ ҳангоме, ки таҳсил доштем, барои дарсҳои амалӣ аз студияҳои хурд истифода мекардем. Он чизе, ки мехондем онро дар амал мебоист нишон дод. Ҳамин қалами аввал бояд назария + амалия бошад!!!!

Амалӣ кардани малакаҳо – қадами калидӣ

Мутахассис бояд малакаҳои худро дар шароити воқеӣ санҷад. Семинарҳо ва коромӯзӣ дар коргоҳҳо барои омодасозии ҷавонон нақши муҳим доранд. Дар соҳаи тиб, масалан, таҷрибаи амалӣ дар беморхона ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки малакаи касбӣ ва масъулияти воқеиро фаҳмад. Ба фикрии сирф фардии ман дар илми тиб бояд дарсҳои амалӣ бештар бошад чунки мутахассиси оянда бо дидан яъне бо чашм бештар бо мавзӯъ ошно мегардад.

Тарбия – шахсияти масъул ва боэътимод

 Мутахассис на танҳо донишманд, балки шахсияти масъул ва созанда ҳам бояд бошад. Тарбияи ахлоқӣ, эҳтиром ба ҳамкорон ва иродаи қавӣ барои ҳаллу фасли мушкилот – ҳамаи ин паҳлӯҳо боиси муваффақияти касбӣ мегарданд. Инро аз таҷрибаҳои шахсӣ гуфта мегузарем. Зеро замоне буд, ки аз тарбия ҳамагӣ шикоят доштед(м), лек ҳоло гумонам дар дилхоҳ муассисаву коргоҳ эҳтиром дар мадди аввал аст.

Эҷодкорӣ ва фикрсозӣ – қувваи пешравӣ

Ҷавонон бояд тавонмандии фикрии эҷодӣ дошта бошанд. Дар ҷаҳони муосир, ки технология ва иттилоот босуръат рушд мекунанд, кадрҳое муваффақ мешаванд, ки метавонанд масъалаҳоро бо назари нав ва эҷодӣ ҳал кунанд. Масалан, инноватсияҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва тандурустӣ аксаран аз идеяҳои ҷавонон оғоз мешаванд.

Ҳамкорӣ бо ҷомеа ва бозор – таҷрибаи воқеӣ

Мутахассисони муваффақ ҳамеша бо ҷомеа ва саноат ҳамкорӣ мекунанд. Ширкатҳо ва муассисаҳои давлатӣ метавонанд барномаҳои бозомузӣ ва лоиҳаҳои муштаракро ташкил кунанд, ки ин ба ҷавонон таҷрибаи ҳаётан муҳим медиҳад. Ҳоло дар дилхоҳ корхона ва коргоҳҳо дар қатори насли бузург ҷавононро дида шод аз он мешавем, ки ҷавонони навовари мо дар паҳлуи пирони кор истода таҷриба мегиранд, амалия меомӯзанд. Ва дар ҳама ҳолат ба оянда назари нек доранд.

Омодагӣ ба оянда – доимо омӯхтан

Ҳар кадр бояд ҳамеша худомӯзӣ кунад ва ба навгониҳо мутобиқ шавад. Дунё тағйир мекунад, технология нав мешавад ва талабот ба кадрҳо фарқ мекунад. Мутахассисе, ки малакаи худро мунтазам нав мекунад, ҳамеша дар бозор ҷой хоҳад дошт. Тайёр кардани мутахассисон кори як муассиса нест, балки масъулияти тамоми ҷомеа аст. Ватандӯстӣ, масъулият, малакаи касбӣ ва фикрсозӣ – ин унсурҳо якҷоя метавонанд насли навро барои ояндаи муваффақ омода созанд. Агар ҳар фарди ҷомеа дар ин раванди муҳим саҳм гузорад, ояндаро боз ҳам дурахшонтар хоҳем дид. Дар вилояти Хатлон низ корхона ва коргоҳҳои бузург фаолияти густурда доранд, ки қисмати зиёди кормандонашпо ҷавонон ташкил медиҳанд. Имрӯз бозори меҳнат ба чунин ҷавонони фаъоли навовар эҳтиёҷ дорад. Дӯсте дорам, ки сухани доимияш чунин аст: Дар дунё аз ҳама чизи пурқиммат ин вақт ва идея аст. Пас ба гуфтаҳояш бидуни шаку тардид розӣ мешавам, ки тарбия ва малакаи амалӣ асоси муваффақият аст».

Нуриддин Қосимзода,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube