Намози ҷумъа:  саф муҳимтар аз ибодат!

(Интермедия)

Ин қиссаи воқеист. Хонед ва халоват баред…Мо метавонем!

01.09.2017. Соат ба вақти Душанбе 12:50 дақиқа. Намози ҷумъа ба рӯзи Иди Қурбон рост омад. Зимнан ин таърих ҳич аз назар дур намегардад. Боз дар ҳоле, ки эмом-хатиб ба аҷаб тазодде даст дод. Пештоз мегӯям, фикр накунед, ки барои ҳаҷви муллоҳо масҷид меравам. Ман, ки дар бузургтарин масоҷиди олам, амсоли масҷиди Муҳаммад, Ал Ақсо, Каъба…намоз гузоридаам, аз муллоҳои тоҷикистонӣ эроди мазҳабӣ мегирам. Шояд ислоҳ шаванду ба намози мардум дахл накунанд. Инҳо набояд фаромӯш кунанд, ки даҳҳо ҳазор нафар пушташон саф задаву эмон овардаву намози одинаро ба онҳо иқтидо мекунанд. Пас муллоҳо бояд посухгӯи ин бовар бошанд. Мо Метавонем!

Сафа рост кунед!!!

01.09.2017. Соат ба вақти Душанбе 12:55 дақиқа. Ба таҳқиқ дар масоҷиди мо аз намозу ибодату хутбаву тавбаву надомат дида, бештар ба сафи ҷаВс-ҷаВс аҳамият медиҳанд, ки шайтон надарояд (Шайтон номаъқул мекунад дар масҷид?). Озими масҷиди N. мешавам. Шукронаи истиқлол масҷиди кӯчаке буду ҳоло 3 ошёна дорад ва дар ана ҳамин 3 этаж, чанд туркбашарае истодаву мардумро чун дар Гестапои Гитлер медавонанд. Ин ҷо наист! Боло! Боло мебароям, ки амр мешунавам: Ҷо нест! Болотар дав! Болотар мебароям, ки туркбашараи камрише ҳукм мекунад, давида ба пеш гузар! Наист! Тезтар!!! Дар қатори 25-30 намозгузори дигар ман низ медавам ва аҷиб ҳолате маро фаро мегирад. Худро чун дар КПЗ ва ё чун асири низомӣ тасаввур мекунам. Аз чӣ бошад, ки сафзаниҳои асирони ДИИШ ёдам меояд, ки дар рӯзҳои аввали ИГИЛ мардумро давондаву сипас қатл мекарданд…

 Бузбалаҳои камриши туркбашара (агар аҳамият додаӣ, хонанда, дар дилхоҳ масҷид ҳамин чеҳраҳо зиёд ва ҳукмрон шудан доранд!) аз болои сари ману мо гузашта, сафҳоро рост мекунанд:

-Пеш гузар! Пас ист!! Пойҳоро баробар монед! ҶаВс кунед!!!

На беҳуда 1 мӯсафеди кӯҳистонӣ ба масҷиди Яккачанор боре меҳмон шудаву аз ҷо бархеста мегӯяд:

-Ман намози ба ситам намехонам! – ва баромада меравад.

Воқеан ҳам намозҳои мо ситамбор шудаанд. Ходимони масоҷид онгуна сари намозгузорони бечора доду вой мекунанд, ки фикр дорӣ, хонаи Худо не, ки хонаи ҳамин кӯсафукон даромада бошӣ. Вале ин ҳам дарди бахайр!!!

Эмом-хатиб, микрофон ва мо…

01.09.2017. Соат ба вақти Душанбе 13:00 дақиқа. Эмом-хатиб сафсаттагӯӣ, маъзарат, «ваъз»-ро қатъ кардаву аз касе мепурсад:

-Ввввақтт шуттт?

(Ман мусалмони комили ҳанафиям ва он чӣ ин ҷо меорам, тӯҳмату истеҳзои эмом нест, ки аз пасаш намоз гузоридам. Яъне ҳақиқатро бармечинам, ба нияте, ки ахиран Кумитаи дин ба ин хутабо мефаҳмонад, ки асли ҷумъа худи намоз аст, на сафи рост!)

-Ба ният бошед!

Ин ҳукми эмом ҳамаро хомӯш месозад ва мо ният кардаву даст бар гӯш мебарем ва дар фосилае нигоҳ медорем, то баъди нидои ӯ «Аллоҳу акбар»-гӯён, дар таки дил, дастҳоро бандем ва намозро шуруъ кунем…

Тик-так, так-тик…ин вақт аст, ки мегузарад…Аммо хатиб нохост садо медиҳад (ӯ дар ошёнаи 1 асту ман дар 3 ва намедонам моҷаро чист, вале аз микрофон садояшро мешунавем):

-Эй, бародар, каме пештар ист, сафро васл кун…

-Ба ният бошед!

Боз ният мекунем ва дастҳоро то назди гӯш бардоштаву шах мешавем, ки эмом мегӯяд:

-Эй, бародар, туро мегӯям, ҳо, маҳз туро! Сафро пайванд кун. Пештар ист!…Ба ният бошед!

Фосила ва боз садои хатиб:

-Э, мардак, акойи додарӣ, намефаҳмӣ, Тоҷикиро? Сафро васл кун! Пеш ист…Ба ният бошед…

Боз фосила ва садои асабии эмом дар микрофон метаркад:

-Эййй, эййй, хуб тупой будаӣ-да?! Намефаҳмӣ??? Сафро васл кун, ки намозро сар кунем!!!…Ба ният бошед…

Фосила ва ғазаби эмом ҳадду канор надорад:

-Хуб мардуми беақлем-да! Эййй мардум! О, ин тупой шуд, ягон баақлат ҷояш гузаштаву сафро пайвандед охир?!…Ба ният бошед…

Худо қабул кунад, мо ният кардему намоз ҳам гузоридем. Аммо ба эмом-хатибони пурғазаб, ки баъзан баъди намоз ҳатто ҳукм мекунанд, ки «нннамозззи Ъунҳое, ки пеш аз Ъимом сар задаанд, қаЪбуллл нестЪ!» ва ғ. ва ҳ. суоле дорам, ки «Дар намоз муҳимтар чист? Сафи рост, мисли қатори аскарӣ ва ё худи намоз…?».

Намози ҳама муъмину муслиму тарсову яҳудӣ қабули Худо бод. Мо Метавонем!

Афтодану бархостани бодапарастон,

Дар мазҳаби пирони харобот НАМОЗ аст!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube