Суроғи дувоздаҳ дарвозаи Бухоро

Баъд аз чанд рӯзи наворбардории филм дар Бухорои Шариф, ки дар миён фосилаҳои озод будан ҳам ҷой дошт, ниҳоят субҳи гузашта бо ҳунарманди маҳбуб ва бозандаи нақши асосии филм устод Курбон Собир ва Ризомиддин Холов қарори рафтан ба дувоздаҳ дарвозаи Бухоро дар миён омад, албатта бо пойи пиёда. Аввалин дарвозаи рамзии шаҳр (дарвозаи Салоҳхона) дар рӯ ба рӯйи меҳмонхонаамон ҷойгир буд.

Ҳамагӣ медонем, ки шаҳр бо қалъаи баланд ва мустаҳками таърихӣ иҳота шуда буд. Ин қалъа дар вақташ дувоздаҳ дарвоза доштааст, ки баъд яке аз ин дарвозаҳоро пурра баста мондаанд, аммо ёздаҳ дарвозаи боқимонда дар хидмат буда. Аз қабили:

1. Дарвозаи Самарқанд

2. Дарвозаи Хуросон

3. Дарвозаи Қавола-Қаршӣ

4. Дарвозаи Талипоч

5. Дарвозаи Қарокӯл

6. Дарвозаи Шайх Ҷалол

7. Дарвозаи Намозгоҳ

8. Дарвозаи Рангрез-ӯғлон

9. Дарвозаи Салоҳхона

10. Дарвозаи Шергирон

11. Дарвозаи Абдуллохон

(номҳо гоҳе иваз ҳам шуда)

Ин ҳамаашон бурҷу бораҳо, гулдастҳо, қаровулхонаҳо дошта, аз чӯбҳои ғафс ва хело сахт мустаҳкаму вазнин сохта шуда будаанд. Ибораи машҳури Амир Исмоили Сомонӣ “То вақте ман зиндаам – девори Бухоро манам” – аз ҳаминҷост. Аммо бо омадани аҷнабиён хароб шуда, ки баъдаш чандеи онро бо деворҳояш дубора дар садаи XVI сохтаанд. Дар ниҳоят тибқи навиштаҳои Ҷалол Икромӣ ҳамагӣ нобуд карда шуд. Ҳоло дутои онро бо қисме аз намунаҳои девор ва сетои дигарашро бидуни девор ҳамчун намунаи рамзӣ бозсозӣ кардаанд (эҳтимол боқимондаҳояшро низ бисозанд).

Баъд аз дидан ва аксу навор гирифтанҳои дарвозаҳои якуму дуюму сеюм ва чаҳорум, ки ҳудуди даҳ километр зиёдтар фосиларо дар бар гирифт ва вақти хӯрдани доруҳои устод ҳам шуд, аз ин хотир таксиеро киро карда омадем ба меҳмонхона. Лек дидани охирин дарвозаи рамзӣ, ки “Дарвозаи Самарқанд” ном дошт дар диламон ормонӣ шуда. Ниҳоят ба хулосае омадем, ки қисмати бегоҳи рӯз рафта онро ҳам мебинему баъд нақшаи имрӯзаи сайрамон тамом, ки билохира чунин ҳам шуд.

Ҳангоми қадам задан ҳеҷ боре эҳсоси нороҳатӣ ва бегонагие набуда ва аз дилхоҳ роҳргузаре ё ронандае ва ё савдогаре бидуни дудилагӣ чизи мехостаатро бо забони ширини модарӣ метавони бипурсӣ. Илова бар ин аз муоширати атрофиён ва суруду мусиқиҳои мавҷудбуда низ метавон эҳсос кард, ки ин ЗАБОН, ин ОБ, ин ХОК, ин РӮҲ, ва ин ХУН ҳамон асту ҳамон…

Тоҳири Назар,

махсус барои СССР

07.10.2025, ш.Бухоро

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube