Агар ноҳияи Ёвон қаблан яке аз ноҳияҳои калонтарини аграрӣ ба шумор мерафт, даҳсолаи охир он ба яке аз ноҳияҳои бузурги саноатӣ табдил ёфтааст. Бунёд ва фаъолияти корхонаҳои калони саноативу истеҳсолӣ, ки маҳсулоташон аллакай ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтаанд, далели ин гуфтаҳост.
Ҳафтаи гузашта бо даъвати бархе аз хонандагони газетаи мардумӣ мухбирони СССР меҳмони ин ноҳия шуда,бо рушду нумуъ ва дастовардҳои ноҳияи Ёвон дар 1 соли охир аз наздик ошно шуданд.
Мо, ки охирин маротиба ба ин ноҳия 3 сол пеш сафари корӣ доштем, ин маротиб шаҳраки Ёвонро нашинохтем – теъдоди биноҳои баландошёнаи маъмуриву маишӣ ба маротиб афзуда, маркази ноҳия ба 1 шаҳри калон шабоҳат дорад, ки субҳу шомаш зебову равшан аст.
Ёвон №1 дар кишвар
Сафари мо ба ноҳияи Ёвон вақте сурат гирифт, ки меҳнаткашони он бо ифтихор аз иҷрои нақшаи дурнамои истеҳсоли пахта – “Ҳосил – 2025” мужда доданд. Пахтакорони ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот имсол бо риояи қоидаҳои хуби агротехникӣ, ҷалби олимону мутахассисон ва техникаҳои соҳавӣ дар майдони 10485 гектар замин кишти пунбадонаи аълосифат гузаронида, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии кишвар бо ҳисси баланди ватандорӣ, меҳнати шабонарӯзӣ ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замини ҳосилхез тавонистанд, ки пеш аз муҳлат дурнамои истеҳсолро 100,76 % таъмин намуда, зиёда аз 22 ҳазору 268,4 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кунанд.
Ин рақам дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз лиҳози иҷрои дурнамо ҷойи 4-умро нишон диҳад ҳам, вале аз ҷиҳати ҳаҷми супориш дар сатҳи вилояти Хатлон ва дар байни шаҳру ноҳияҳои кишвар, ноҳияи Ёвон бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ва дар муҳлати кутоҳтарин таъмин намудан, мавқеи 1-умро сазовор шуд. Бояд гуфт, ки чунин дастовард дар даврони соҳибистқлолӣ бори аввал ба кишоварзону пахтакорони ноҳия муяссар гардид, барои тамоми мардуми заҳматкаши ноҳия рӯйдоди басо таърихист.
Ҷои зикр аст, ки дар тули 34 соли истиқлолият ба деҳқонони ёвонӣ бори нахуст муяссар шуд, то нақшаи ҷамъоварии “тиллои сафед”-ро барзиёд ва пеш аз муҳлат иҷро намоянд, ки муборакашон бод! Дар робита ба ин Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии мамлакат низ ба унвони раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода барқияи табрикӣ ирсол намуда, кишоварзони ноҳияро бо ин зафар табрик намуданд.
СССР пахта мечинад!
Бояд гуфт, ки имсол пахта дар ноҳия ҳосили бисёр хуб додаву заминҳои кишт ҳоло ҳам пур аз пахтаанд. Дар бархе аз ҷамоатҳо чиниши дуюм бо маром идома ёфта, чинакчиён рӯзе то 100-120 кило пахта мечинанд. Зимни боздид аз заминҳои пахтаи ҷамоати Чоргул мухбирони мо низ ба чинакчиён кумак намуданд. Дар баробари чиниши дастӣ дар ин майдон мошинҳои муосири пахтачин низ фаъоланд, ки ба таври автоматӣ пахтаи чидаи худро бандубаст мекунанд.
Ин комбайнҳои замонавӣ ба таври автоматӣ кор карда, ронандаи худро аз рӯи изи ангушт мешиносанд ва агар нафари дигар сари чамбараки он бишинад, мошин кор намекунад. Ин аст, ки ба мо имкон нашуд, то шахсан мошини пахтачинро биронему каме ҳам бошад пахта чинем. Аммо паҳлуи ронанда нишаста, аз сари замин то охираш рафта омадему 2100 кг пахтаро бандубаст кардем.
561 иншооти ҷашнӣ
Тавре ба мухбири мо дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иттилоъ доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 561 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин ҷониб аз иншооти банақшагирифташуда 498 адад мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки 88,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Баистифодадиҳии иншоот вобаста ба солҳо чунин арзёбӣ мегардад:
-соли 2022 – 48 иншоот, ё ин ки 50 %,
-соли 2023 – 83 иншоот, ё ин ки 48,5%,
-соли 2024 – 88 иншоот, ё ин ки 64,2% ва;
– дар нуҳ моҳи соли 2025 279 иншоот, ё худ 180 %.
Лозим ба таъкид аст, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия дар масоҳати 27955 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд (1893,9 %), ки ин нисбатан 26479 метри мураббаъ зиёд мебошад. Иҷрои корҳои пудратӣ ба 105 млн. 718,2 ҳазор сомонӣ баробар гардид (150,8 %), ки ин нисбатан 35 млн. 620,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад
Воқеан ҳам корҳои ободкориву созандагӣ дар ноҳияи мазкур бо суръат идома дошта, дар баробари бунёди биноҳои баландошёнаи муосир, марказҳои нави хизматрасонӣ ва савдо дар маркази ноҳия, таъмиру таҷдиди роҳҳо, дар дурдасттарин деҳаҳо низ сохтмони иношооти ҳаётан муҳим – мактабу бунгоҳҳои тиббӣ бо маром идома доранд, ки поёнтар муфассал хоҳем гуфт.
Беш аз 60 км роҳ – тайёр!
Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ноҳия 453,6 км-ро ташкил дода, аз он 79,5 киллометр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мебошанд. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо дар давоми 9 моҳи соли 2025 аз буҷаи маҳал ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ба маблағи 496,3 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар 800 метр корҳои шағалпӯшкунӣ, 75.9 км таъмири ҷорӣ гузаронида, 4 адад пул ва 4 қубури зери роҳ таъмир шудааст. Ин ҷо мо дар бораи роҳи мошингарди байни ноҳияҳои Рӯдакӣ – Ёвон ва Ёвон – А.Ҷомӣ чизе намегӯем, зеро онҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, таъмиру азнавсозиашон бар дӯши Вазорати нақлиёти ҶТ аст.
Тавре дар суҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Ёвон таъкид дошт, танҳо дар муддати 9 моҳи соли равон дар ноҳия беш аз 60 км роҳ таъмиру таҷдид ва асфалпуш гардидааст, ки ин натиҷаи хеле хуб буда, асосан роҳҳои байнидеҳавӣ ва ҷамоатҳо, ки шояд солҳои тулонӣ таъмирро надида буданд, дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳал ва мардум азнавсозӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки бо саҳми соҳибкорон 39,6 км роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ ва байниҷамоавӣ ба маблағи 22,6 млн. сомонӣ мумфарш, 69 км. роҳ ба маблағи 2,1 млн. сомонӣ сангфарш ва дар 5,3 км ҳудуди шаҳраки Ёвон корҳои таъмирӣ ҷорӣ гузаронида шуд.
Бренди Ёвон – сементи ёвонӣ
Дар давоми 9 моҳи соли 2025 корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳия ба маблағи 1 млрд. 416 млн. 592 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 168 млн. 460 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш дар ин давра 113,5 фоизро ташкил дод.
Аз корхонаҳои сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 66 ҳазору 130 тонна ва аз корхонаи ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент» ба миқдори 126 ҳазору 250 тонна семент, дар маҷмуъ 192 ҳазору 380 тонна семент, ки маблағи 102 млн. 385,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба хориҷи мамлакат содирот гардид.
Ин ҷо бояд гуфт, ки бо шарофати кору фаъолияти ин 2 корхонаи азими кишвар маҳсулоти истеҳсолмекардаашон – семент, хосса сементи ёвонӣ ҳоло ба маҳсулоти брендӣ мубаддал гашта, на танҳо дар миқёси Осиёи Марказӣ, балки дар Покистону Афғонистону Эрону Россия низ харидор дорад.
Ҳамчунин, дар ин муддат, 6 адад корхонаҳо, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли маҳсулот аз пластикаи ҶДММ «Файзалӣ пластик» бо 2 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли хишти сементии ҶДММ «Девори Ёвон» бо 5 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли мебели ҶДММ «Диловар мебел» бо 2 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли газоблоки ҶДММ «Фаррух ва компания» бо 5 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмонии ҶДММ «Дастгирии Ёвон» бо 6 ҷойи корӣ ва коргоҳи истеҳсоли газоблоки ҶДММ «Пойдор саноат» бо 5 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Сармоягузорӣ
Айни замон дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 1,9 млн долларо дар бар мегирад.
Тавре аз МИҲД ноҳияи Ёвон хабар доданд, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025-ум 228 лоиҳаро ба маблағи 741 млн сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1-уми октябри соли 2025-ум 123 лоиҳа ба маблағи 269,6 млн сомонӣ ба иҷро расидааст.
Кишоварзӣ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1 млрд 851,9 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 131,9 млн сомонӣ зиёд иҷро гардидааст ва афзоиш 107,7 фоизро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 32 ҳазору 663 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 470 гектар зиёд мебошад.
Аз кишти анҷомдодашуда 11464 гектар ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо, 10 ҳазору 922 гектар зироатҳои техникӣ, аз он 10325 гектар пахта, 543 гектар картошка, 2052 гектар сабзавот, 1610 гектар полезӣ ва 6072 гектар зироатҳои хӯроки чорворо дар бар мегирад.
Аз маҳсулоти кишоварзӣ 55228 тонна ғалла, 20974 тонна пахта, 8902 тонна картошка, 77128 тонна сабзавот, 67392 тонна полезӣ, 15828 тонна мева, 7393 тонна гӯшт, 26735 тонна шир, 11 млн. 742,4 дона тухм, 286 тонна пашм, 21,4 тонна пилла ва 72 тонна асал истеҳсол гардидааст, ки нисбатан 16266 тонна пахта, 10762 тонна полезӣ, 3289 тонна мева, 962 тонна ангур, 305 тонна шир, 75,1 ҳазор дона тухм, 12 тонна пашм ва 1 тонна асал зиёд гардид.
Ҳашарҳо барои бунёди мактабҳо
1 чизи дигаре, ки ба мо дар ноҳияи Ёвон писанд омад ин бунёди мактабҳои миёна тариқи ҳашарҳои мардумӣ буд. Мардум, шахсони саховатпеша, соҳибкорони дастбахайр ва муҳоҷирони корӣ тариқи ҳашар ва ҷамъоварии маблағ ба ҷойи мактабҳои куҳнаву садамавӣ дар маҳали зистихуд мактабҳои наву муосир бунёд карда истодаанд.
Зимни сафар мо аз сохтмони 3 мактаби миёна дидан кардем, ки яке аз онҳо мактаби №3 дар деҳаи Қайнамаи ноҳия мебошад. Мактаби куҳна ҳанӯз солҳои 1960-уми асри гузашта бунёд ёфта, ҳоло дар ҳолати бади садамавӣ қарор дорад. Соли гузашта бо азму талоши мардум дар шафати ин мактаби куҳна санги асос барои мактаби нав, ки аз 2 ошёна иборат аст, гузошта шуд. Шодравон Саъдулло Бекназарзода, собиқ раиси ноҳияҳои А.Ҷомӣ ва Қубодиён, собиқ сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон, ки зодаи ин деҳа аст, яке аз аввалинҳо шуда, барои бунёди ин мактаб саҳми худро гузошт. Масъулияти сохтмони мактаби мардумӣ ҳоло бар дӯши писари марҳум – раиси маҳалла қарор дошта, қарор аст он то соли нави 2026 дари худро ба мактаббачагон боз кунад.
Мактабҳои дигаре, ки дар ҳоли бунёданд, ин мактаби №23-и деҳаи Оли Сомон ва сеюмӣ мактаби №69-и деҳаи Тағойобод мебошанд, ки бо дастгирии МИҲД ноҳия ва шахсони саховатпешаву сокинон сохта шуда истодаанд. Ин 3 мактаб пайваста таҳти назорати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода қарор дошта, масъулин ният доранд ифтитоҳи ин 3 мактабро дар сатҳи болотарин баргузор намоянд. Чанде пеш зимни сафари худ ба ноҳияи Ёвон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти сохтмони ин мактабҳо дидан карда буд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар ноҳия 86 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсейи давлатӣ, 1 гимназия ва 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 73625 нафар (36000 духтар ва 37625 писар) муҳассилин ҷалб гардида, ба онҳо 3029 нафар омӯзгорон (1817 зан ва 1212 мард) дарс мегӯянд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва муосир сохтани инфрасохтори соҳа дар давраи сипаригаштаи соли ҷорӣ дар назди 4 муассисаи таълимӣ 23 синфхонаи нави иловагӣ барои 1320 нафар хонанда, аз ҷумла 1 муассисаи нави таълимии № 84 сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Илов бар ин, алҳол бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва саҳми шахсони саховатпешаю эҳсонкор дар назди 8 муассисаи таълимӣ сохтмони биноҳои иловагӣ иборат аз 112 синфхона барои 5600 нафар хонанда дар 2 баст ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистону Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 22 ва № 27 сохтмони биноҳои иловагӣ иборат аз 20 синфхона барои 500 нафар хонанда дар 2 баст бомаром идома дорад.
Ҷамила Ҳусейнова, СССР,
А.Собир,
суратгир – оператор,
Душанбе – Ёвон – Душанбе
