Паҳн шудани навори аз тарафи 1 омӯзгор дар шаҳри Левакант шатта хурдану пасон беҳуш шудани хонанда, ки 6- уми сентябр рух дод, моро ба таҳқиқи мавзӯъ водор кард. Супориши навбатӣ тибқи қарори редаксионӣ ба ин мавзӯъ бахшида шуд.
16.10.2025. Соат ба вақти Бохтар 9:35 дақиқа. Шаҳри Левакант, ҷамоати Гулистон, деҳаи Боҳтуробод, муассисаи таълимии №4. Ин ҷоест, ки баҳсу мунозираҳо атрофи номи баланди омӯзгор аз ин ҷо маншаъ гирифт. Бо гирифтани супориш атрофи мавзӯъ роҳ пеш гирифтем сӯйи деҳаи Боҳтуробод, ки ҳолати ҳодиса он ҷо сурат гирифтааст ва бо омӯзгору ҳамкасбонаш сӯҳбате анҷом додем.
Зимни суҳбат бо Фарҳод Назаров, ки омӯзгори “ҷабрдида” ном гирифтааст, маълум шуд, ки ӯ дар оила нафари 3- юм ки аст, ки ба омӯзгорӣ шуғл варзида, 8 сол аст, ки ба хонандагон аз фанни забони англисӣ таълим медиҳад. Хатмкардаи ДДБ ба номи Носири Хусрав буда, омӯзгори ҷавон аст. Нисбати ӯ ва фаъолияти омӯзгориаш то ҳол касе шикоят накарда будааст, минҷумла хонандаи синфи 11, ки Меҳмет Бозоров ном дорад. Ба гуфтаи модар, онҳо мехостанд, ки омӯзгор барои таҳлилу табобати писар кӯмак кунад, аммо далелҳои тиббӣ тасдиқ мекунанд, ки ҳодиса ба саломатии Меҳмет таъсири ҷиддӣ надоштааст.
Қадри устод аз падар беш аст
Зодмандонамон моро ҳамеша насиҳат мекунанд, ки дар ҳаёт баъди эҳтиром ба волидон ҳамеша қадри устодро боло нигоҳ дорем. Ин ҳам дар ҳолест, ки гоҳо хонандагоне ҳастанд, ки қадри омӯзгорро фаромӯш кардаву санги маломатро сӯяш мезананд. Ба ҳамин монанд дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки чунин ҳодисаҳо расонаӣ мешаванд. Баъди паҳн шудани навор нисбати омӯзгор ва хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии рақами 4 дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аудиторияи калонро соҳиб аст, ҷомеа натавонист бетараф бошад ва ҳар кадом зери навору суол андешаҳои гуногун баён мекунанд. Қисмати зиёди корбарони саҳифаҳои иҷтимоӣ аз мақоми омӯзгор ҳимоят мекунанд ва рафтори ноадолатонаи хонандаро нисбат ба як нафари ибратбахш маҳкум мекунанд.
Ғараз надорам!
Бинобар гуфти Фарҳод Назаров пеш аз ин Меҳмет Бозоровро мешинохт ва имсол синфи онҳоро аз забони англисӣ ба таълим додан оғоз кард.
” – Ман нисбати ягон шогирдам ғараз надорам ва ин бори аввал нест, ки нисбати худу касбам беэҳтиромӣ мекунад” – гуфт Фарҳод Назаров.
Дар муассисае, ки ин омӯзгори ҷавон таълим медиҳад бародар ва модараш ҳам ҳамкор буда, нисбати тарбия ва таълими хонандагони имрӯз ақидаҳои худро баён доштанд. Бародари Фарҳод, ки Назаров Ҳикмат ном дорад қазияи баамаломадаро чунин шарҳ дод: “Мехмет баъди шаппотие, ки гӯё аз ҷониби Фарҳод ба ӯ задааст, осеби ҷиддӣ расидааст, вале ним соат ҳолаташ хуб буд. Баъди ин бинобар гуфти ҳамсинфонаш амакашро, ки корманди тиб будааст ба имдод даъват карда, дар пеши ӯ “ҳунарнамоӣ” мекунанду аз ҳуш меравад. Баъди аз ҳуш рафтани Меҳмет, амакаш наворе сабт карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ қадру манзалати омӯзгор латма задан мехоҳад. Худи Фарҳод Назаров дар бораи ягон ғараз надоштанаш борҳо ёдовар гашта, аз беэҳтиромии борҳо дидааш аз ҷониби ҳамин хонанда ба хабарнигори СССР гуфт.
” – Пештар Меҳметро мешинохтам вале бовар надоштам, ки рӯзе аз чунин шогирдон таҳқир мешунавам.
Писарамро табобат кунед!
Баъди ҳодиса модари Меҳмет аз омӯзгор талаб мекунад, ки фарзандашро барои таҳлил ба беморхона баранд, то осеби расонидани омӯзгорро муайян созанд. Вале дар натиҷаи таҳлилҳо дар маркази ташхиси табобатии ” Акси шифо” маълум мешавад, ки Меҳмет пурра сиҳат буда, ягон зарару хатар ба саломатиаш таҳдид намекунад. Аммо модараш ба таҳлилҳо бовар накарда мехоҳад, ки писараш 6 рӯзи дигар табобатро идома диҳад то саломатиаш барқарор шавад. Ҳоло он ки тибқи ташхиси табибон сари Меҳмет дар ҳолати хуб қарор дорад.
Дарсдиҳӣ кори осон нест!
Ба ҳама маълум аст, ки раванди дарс кори содда нест. Ва масъалаи таълим агар як паллаи тарозу бошад, тарбия дар замони ҳоло паллаи дигари тарозу аст. Аксаран бар он андешаанд, ки барои як ё ду шаппотие, ки омӯзгор ба сари хонанда задааст набояд ба омӯзгор ҷазо пешниҳод шавад! Чунки масъалаи бархе аз бетарбияҳое, ки бо ин андешаҳои хом қадру манзалати омӯзгорро паст задан мехоҳанд, кори мақомотҳои дахлдор аст. Ба андешаи дигар таълим додану тарбия гирифтани шогирдон, ки бар дӯши омӯзгор аст, баъзан вақт ба асабонӣ ва ба ҳолатҳои дигар овардани омӯзгор сабаб мешавад.
Ба гуфти муовини директори муассиса Қурбоналӣ Мирзоев, Меҳмет дорои ахлоқи бад набуд ва ҳамаи ин ҳодиса дар раванди дарс рух додааст. Дар асл Меҳмет хонандаи наонқадар фаъол буда, бо баҳои 3 дар муассисаи мазкур мехонад. Баъди аз ҳуш рафтанаш омӯзгорон ба кумаки аввал шитофта, дар навори паҳн кардаи амаки хонанда расмҳояшон бараъло дида мешавад.
Меҳмет саломат аст!
Баъди сӯҳбат бо ҳамкорон ва бародари Фарҳод ба хонаи Меҳмет ба хабаргирӣ рафтем. Чуноне Меҳмет Бозоров гуфт, баъди шаппотӣ заданӣ омӯзгор, ки бо сабаби надоштаи худкор ба берун мерафтам, омӯзгор маро танбеҳ дода, ба сарам зад ва ман дар назди дари хонаи муаллимон аз ҳуш рафтам. Ҳамсинфонам бо ҳолати кор бештар ошноянд.
Падари М. Бозоров ба сӯҳбати СССР ҳамроҳ шуда, илова кард, ки баъди ба беморхона бурдани фарзандам нозирони минтақавӣ омада, аз ҳолати кор огаҳ шуданд. Мо дар ягон ҳолат аз даъво намегардем. Лекин бинобар гуфти падараш сараш кам – кам дард мекунад ва имкони ба мактаб рафтани ӯ ҷо надорад. Дар сурати пурра шифо ёфташан ӯ ба мактаб бармегардад. Барои хабаргирии Меҳмет ҳамарӯза аз мудири шӯъбаи маорифи шаҳр то омӯзгорон мераванд ва баргаштани ӯро ба муассиса интизоранд.
Камераҳои назоратиро бояд фаъол гардонед(м)!
Аскаралӣ Бозоров падари М. Бозоров дар сӯҳбат ба хабарнигори СССР чунин андеша пеш овард, ки дар муассисаҳо бояд камераҳои назоратиро дар ҳолати фаъол нигоҳ доранд. Зеро дар кадом ҳолате, ки набошад ин камераҳо бозгӯи ҳолати кор шуда метавонанд. Аммо тавре, ки аён гашт дар муассисаи таълимии рақами 4 деҳаи Боҳтуробод дар замони ҳодиса камераҳо фаъол набудаанд. Дар ҳар сурат ба гуфти муовини роҳбари муассисаи мазкур Фарҳод Назаров ба ҳолати равониаш ҳодиса бетаъсир намондааст.
Фишори берунаро роҳ надиҳем
Қонун “Дар бораи маориф” дар ин масъала аз як тараф ҳуқуқи омӯзгоронро ҳифз, аз тарафи дигар истифодаи зӯровариро ҳам манъ мекунад. Дар қисми 3-юми моддаи 25-и Қонуни мазкур омадааст, ки дар муассисаҳои таълимӣ раванди таълиму тарбия дар асоси эҳтироми тарафайн миёни таълимгирандагон, омӯзгорон ва дигар кормандон амалӣ карда мешавад.
“Дар муносибат бо таълимгирандагон истифодаи усулҳои зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсири равонӣ манъ аст”, – омадааст дар банди мазкури Қонун. Аммо ҳамин қонун шаъну шарафи омӯзгорро низ ҳифз мекунад. Қисми 1-уми моддаи 50 ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ҳуқуқ медиҳад, ки шаъну шарафи касбии худро ҳифз намоянд. Аммо вақте ки аз берун ба фаолияти омӯзгор дахолат карда шаъну шарафи Муаллимро паст заданӣ мешаванд, қонун нисбаташон чи ҷазо пешниҳод карданӣ мешавад? Бинобар маълумоти роҳбарияти муассиса аллакай нисбати омӯзгор делои ҷиноятӣ боз шудааст. Ин қазия, ки ба таври густурда паҳн шуд, на танҳо масъалаи як омӯзгор ва як хонандаро, балки масъалаи умумии муносибати ҷомеа ба омӯзгор, қадру манзалати устод, ва марзи ахлоқию ҳуқуқии тарбияро боз рӯи ҷомеа гузошт.
Нақши қонун ва зарурати назорат
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» равшан мегӯяд: «Дар муносибат бо таълимгирандагон истифодаи усулҳои зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсири равонӣ манъ аст». Аммо ҳамзамон ин қонун шаъну шарафи омӯзгорро низ ҳифз мекунад. Мувофиқи моддаи 50, омӯзгор ҳуқуқ дорад обрӯи касбии худро муҳофизат намояд ва аз паст задани он ҷилавгирӣ кунад. Ҳодисаи мазкур танҳо як “шаппот” нест — ин як нишонаи равшани бемории иҷтимоии норасоии тарбия ва эҳтиром дар мактабҳо мебошад. Дар ҷомеае, ки омӯзгор на танҳо дарс медиҳад, балки ахлоқ, сабр ва инсон буданро меомӯзонад, беэҳтиромӣ ба ӯ — беэҳтиромӣ ба худи маориф аст. Аммо бояд эътироф кард, ки омӯзгор низ ҳақ надорад аз ҳад гузарад. Ҳар як лаҳзаи асабонӣ метавонад ба фоҷиа табдил ёбад ва заҳмати солҳои зиёдро зери шубҳа барад.
Эҳтиром, на эҳсос!
Тарбия бе эҳтиром сурат намегирад, вале эҳтиром низ бо зӯроварӣ ба даст намеояд.
Қонун аз ҳар ду ҷониб ҳимоят мекунад, аммо роҳи асосӣ — фаҳм, муколама ва ҳушёрии касбӣ аст. Имрӯз, вақте ки Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул гардид, ҳар омӯзгор бояд эҳсос кунад, ки ҷомеа пушти ӯст — аммо ҳамзамон ӯ низ масъулияти касбии худро дарк намояд. Омӯзгорро бояд ҳимоят кард, вале ӯ низ бояд намуна бошад. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем ҳам таълимро наҷот диҳем ва ҳам тарбияро.
Нуриддин Қосимзода,
Левакант – Бохтар,
махсус барои СССР
