60-солагии БАХТИЁР ХУДОЙНАЗАРОВ

Дар ин рӯзҳо, дар кинотеатри ш.Берлин «БАБИЛОН» (он ҷое, ки аввалин муаррифӣ ва роҳкушоии ӯ ба Олмон буда) филмҳои ин коргардони боистеъдод, ки дар синамои тоҷик, Россия ва байналмилалӣ кор кардааст, пешниҳод мегарданд.

Бахтиёр Худойназаров яке аз барҷастатарин коргардонҳои пасошуравие мебошад, ки тавонист дар экранҳои визуалии ҷаҳонӣ филмҳои беҳамто эҷод кунад. Филмҳои нозук, пур аз шеър, романтик ва анъанавии шарқӣ, ки бинандаро бетаъсир намегузорад…

Ин шакли кориро Бахтиёр дар авалҳои соли 1990-ум дар экрани калони кинотеатри анъанавии БАБИЛОН пешниҳод карда буд…

Бахтиёр дар Душанбе ба дунё омада, дар ВГИК-и ш. Москва таҳсил карда дар Тоҷикистону Россия 6-филм ва дар ин миён 3 филмашро дар кишвараш ба навор гирифт:

«БАРОДАРОН» (БРАТАН)

«ҚОШ БА ҚОШ»

«ПАДАРИ МОҲТОБӢ» (ЛУННЫЙ ПАПА)

Нахустнамои дебютии бадеии ӯ «БРАТАН» (1991) дар Форуми Берлин баргузор шуд ва барои ӯ роҳкушоӣ ҳам кард. Баъди ин соли 1994 Худойназаров ба Берлин кӯчид (гоҳ дар Берлин ва гоҳо дар Москва), вале банаворгирии филмҳояшро дар Осиёи Марказӣ идома дод.

Филми дуюмаш «Қош ба қош» буд, ки соли 1993 дар Венетсия ҷоизаи «Шери нуқрагин»-ро гирифт. Филми сеюмаш «Падари моҳтобӣ» – соли 1999 буда, ки дар байни тамошобинон ва саросари ҷаҳон муваффақ шуд. Бахтиёр Худойназаров дар охирин филми худ «Дар интизори баҳр»- соли 2012, масъали зебоӣ байни орзу ва воқеияти кунунии фалокати экологии баҳри Аралро матраҳ кард… Ва соли 2015 дар ш.Берлин вафот кард.

Дар Ҷамъ Бахтиёр Худойназаров филмҳои:

«БРАТАН»

«ҚОШ БА ҚОШ»

«ПАДАРИ МОҲТОБӢ»

«ШИК»

«ТАНКЕР ТАНГО»

«ГЕТЕРИ МАЙОР СОКОЛОВА»

«ДАР ИНТИЗОРИ БАҲР» – ро банавор гирифта, ҳамчун коргардони тоҷик дар байни филмбардорони Осиёи Миёна ва миқёси ҷаҳонӣ мақому манзалати хешро пайдо кард. Дар дилхоҳ ҷашнвора синамогарони тоҷикро бо номи Ӯ мешиносанд ва эътироф мекунанд…

БАРОИ ҲАМЕШАГӢ ЁДАШ ГИРОМӢ БОД! 

Тоҳир Назар,

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube