Филми “Шикасти фитна”-ро бояд ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ тамошо кунад

Дар замони ҳозир, ки ҷаҳонишавӣ бо як суръати баланд пеш рафта истодааст миллате фарҳанг, таърихи ва ҳудуди худро ҳифз карда метавонад, ки сокинонаш дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ бошанд.

Мутаассифона имрӯзҳо дар баъзе мавридҳо аз сокинони ноогоҳ баъзе палидҳо истифода карда онҳоро бар зиди давлату миллат таёр намуда мехоҳанд ниятҳои нопокашонро пиёда намоянд. Чунин ниятҳои фитнаангезро тариқи филми ҳуҷҷатии «Шикасти фитна» аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионҳои давлатӣ тамошо кардам ва ба худ гуфтам, ки Улфатхоним Мамадшоева мебоист, ки ба тарбияи наберагон даст мезад ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ҳидоят мекард ҳамчун як модари тоҷик аммо мутаасифона маблағҳои бедарди миёни хоҷагони хориҷӣ пеши чашми ин занро гирифтанд ва ҳатто таёр шудааст, ки миллату давлати худро ба як тини пучак бифурушад ё дар мисоли Холбашу Боқир, ки ҳисси маҳалгароиашон чунон боло рафтааст, ки аз худ як миллати дигар сохтаву ҷавононро ба ҷангу ҷидол ва ҳатто ба марг кашиданд. Дигар аз ун беодобоне ба мисли Али Шерзамонову Кабириву ду се тирмизаки дигарашон ки дар хориҷ қарор доранд чи бинолем, ки дар остин мор парвардабудаем. Яъне мегӯянд ку «Коре ки худи мекунад бегона намекунад».

Хушбахтона имрӯзҳо шохаҳо давлтдории мо бисёр рушд намудаанд хизматчиёни мақомотҳои қудратии мо ҳар лаҳзаву ҳар соат барои оромиву осоиштагии мардум саф ба саф истода Ватанамонро ҳимоя намудаистодаанд, ки шоёни таҳсину офаринанд МО ХИЗМАТҲОИ ҲАР ЯКИ ШУМОРО ҚАДР НАМУДА БА ШУМО РОДМАРДОНИ ДИЁР БОВАРИИ КОМИЛ ДОРЕМ.

Ва дар охир гуфтаниям, ки ин сухани Пешвои муаззами миллат «ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД» бояд дар гуши ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садо диҳад ва дар забон такрор шавад чунки дар ин сухан як олам маъниву миллионҳо калом аст.

Бахтовари Диловар,

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Магистранти «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube