“Гули Данғара”

Гӯянд маро чу зод модар,

Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт…

Ин ҳафта Очаи ман зодрӯз дорад. Ба синни 95 солагӣ расид. Оре, то ман зиндаам, Очаам низ зинда аст, зеро дар ман аст ва ман аз Ӯям…

Шабҳо бари гоҳвораи ман,

Бедор нишасту хуфтан омӯхт…

 Бибӣ Ҷавҳарбӣ Раҷабова 14.06.1930 дар куҳманзари Виёни Балҷувони Тоҷикон, дар хонадони Раҷаби шикорчии писари Паҳлавон Вайси виёнӣ ба дунё омада, сипас дар солҳои муҳоҷирати иҷборӣ ба даштҳои бекарони Данғара мефароянд. Дар мактаб онгуна завқу шавқу истеъдод дошт, ки дар 1 сол аз синфи 1 ба 4 гузашта, мактаби ибтидоиро дар 1 сол хатм мекунад! Оре, солҳои сахти маданияти коллективонии колхозу совхозкунӣ то ҶБВ хондан ҳамин буд дигар. Очам мегуфт, мактаб ҳамагӣ 1 гилхонае буд, ки 4 қатор курсӣ дошт. Синфи 1, 2, 3 ва 4… ҳама дар ҳамин оғил, вале дар қатори хеш. Модарамро аз 1 қатор ба дигарӣ гузаронида, охири соли таҳсил ба рафи 4 мебаранду бо ҳамин мактабро тамом кардаву ба меҳнат мепардозад.

Лабханд ниҳод бар лаби ман,

Бар ғунчаи гул шукуфтан омӯхт.

Бисёр хушзеҳн ва сахт пурдониш буд, Очаи ман. Ҳар чизе, ки ман дорам, усулан ҳамон саводу хатту дониши математикии модарам аст… Баъдан, вақте ман дар мактаб мехондам, ин аввали солҳои 70 – асри пор, раванди мубориза бо бесаводӣ, бо номи “курсҳои маҳви бесаводӣ” матраҳ шуд. Тамомии занону мардони калонсолро ба мактаб мебурданд, имтиҳон мекарданд ва агар бесавод будандӣ, шабона ба дарс ҳозир мешуданд. Ҳукумати шуравии ба истилоҳ “золим ва ғуломсоз” мардуми 15 республикаро маҷбур мекард, то соҳиби хатту савод шаванд!

Дастам бигирифту по ба по бурд,

То шеваи роҳрафтан омӯхт…

Ана дар ҳамун шабу рӯзҳо Очаи ман ба имтиҳон ҳозир шуда, ҳарфҳоро шикаста-шикаста, қасдан бесаводона мехонад. Вақте раиси комиссия амр мекунад, “ба курси маҳви бесаводӣ!”, китобро бурро- бурро мехонад. Комиссия ҳайрон. Тӯтиннисо Бойматоваи конибодомӣ-муаллимаи аввалини ман, бо лабханд мегӯяд, “ин буваи оилаи Достиевҳо, ҳама босаводанд, зеро модарашон программаи 10-солаи таҳсилро пурра аз бар кардаву ба инҳо худаш дарс медиҳад”. Чунин ҳам буд. Оилаи моро чун оилаи намунавӣ мешнохтанд ва ҳамааш аз лутф то химчаки адаби Очаам бастагӣ дошт!

1 ҳарф, 2 ҳарф бар забонам,

Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт…

Соли 1983, ки мактаби миёнаи №6 ба номи А. Рӯдакии Кӯлобшаҳрро хатм мекардам, аз Маскав, аз Донишгоҳи Падару Модарон (Университет родителей) ба номи Достиев Мизроб-падарам, Дипломи вежа бо имзои Вазири маорифи СССР омад. Барои тарбияти дурусти фарзандаш дар роҳи илм. Падарам, ҷояшон ҷаннат, то соати марг ин Дипломро ба мӯсафедакон нишон додаву шӯхӣ мекарданд:

-Ман университети Маскавро хатм кардаам!!!

Модарам аз маорифи СССР дилаш монд ҳамон рӯзҳо. Мегуфт, “падаратон 1 умр дар командировка буду ман заҳмат кашидаму Дипломро ба ӯ доданд!”. Намедонист, ки сиёсат чунин буд. Агар фарзи мисол, Очаам хонашини “домохозяйка” намебуд, ҳатман ба ӯ диплом медоданд…

Пас ҳастии ман зи ҳастии ӯст,

То ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст!!!

 «Гули Данғара» ин тахаллуси модари ман барои зебоӣ, барноӣ, меҳнату ватандӯстӣ ва пурғурурӣ буд. Падарам, Эшони Мизробиддини писари Эшон Балаи номӣ (с.т.1928) қисса мекард, ки «ба Очат нисфи Данғара ошиқ буду маро раиси ноҳияи ҳамон вақта, куштанӣ шуд, зеро мехост Ҷавҳарбиро ба писараш келин гирад»…

 Вале ҳамон шаби таҳдиди раис, падарам, ки дастпарвари ятимхонаи Сталинобод буд (ҳамсинфи Сангак Сафарови номӣ), омада, Очаамро бо Очааш медуздад… Қисса дароз аст…

…Он замон ҳама дар «землянка» хонаи зерзаминӣ мезистаанд. Заминро мекандем, мегуфт Очам, 4 шпали роҳи оҳанро мегузоштем, ки сарамон чаппа нашавад, хокро берун мекашидем ва муваққат мезистем. 20-30 кимлометр роҳи оҳани узкоколейкаро, ки пеш мебурдем, «землянка»-ро низ канда, пештар мерафтем.

Падарам ҳамон шаби тирамоҳии соли 1950, пеш аз омадани Очаам аз кор, омада, модаркалонамро, ки мо ӯро Очаи Калонӣ мегуфтем, мегӯяд, «Ҷавҳарбӣ туро дар землянкаи нав интизор аст». Кампир ба мошини Ивани ҷӯраи падарам, ки дар ин «ҷинояти арӯсдуздӣ» қӯш будӣ, гузашта мешинад. Очам, ки меояд, падарам мегӯяд, «Ҷавҳарбӣ, очаат туро дар мошини Иван мунтазир аст». Модарам омада, ба мошин мешинад, ки падарам рӯи мошин парида, амр мекунад:

-Иван! Трогай!!!

Сипас падарам сарашро аз кабина бароварда, сӯи ҷавонмардони деҳаи Сеншайхи Данғара дод мезанад:

-Бигир бача, ки гурги Мунискӯл оҳуро бурд!!!

Ҷавонмардон корду камон кашида, савори асп аз паси мошин метозанд, ки магар аспу мошин яканд? Падарам Очаамро рост ба деҳаи Мунискӯл, имрӯза кӯчаи Шарқи Данғара, оварда, мегӯяд:

-Ҷавҳарбӣ, ё никоҳ мекунем, ё дигар ту роҳи ба деҳа рафтан надорӣ!!!

Очаам то охири умр падарамро барои ин кораш «бачай босмачӣ» гуфта сарзаниш мекард, вале дар дил дӯст медошт, зеро риску ғайюриро кадом зан бад дидааст?

 Хулласи калом, Очаи ман аз Данғара то Кӯлоб паҳлуи Падарам роҳи камбари оҳани Саргазон-Кӯлобро месозанд ва ахиран дар ин шаҳри бостонӣ маскун мемонанд. Бародаронам Файзиддин дар Сеншайх, Қиёмиддин дар Оби Шӯри Сангтӯда, апаам Зулайхо дар «Гулной ариқ (Глинянный арык)»-и Данғара таваллуд шудаанд. Қад-қади роҳи оҳани Кӯлоб-Данғара. Соли 1958 акои Аслиддин дар маркази ш. Кӯлоб таваллуд мешавад ва боқимондаҳо, Нуриддину Моҳлиқову ману Камолиддин низ дар ҳамин шаҳр дида ба олам мекушоем…

 Очаам соҳиби 7 фарзанд буд: Қиёмиддин, Зулайхо, Аслиддин, Нуриддин, Моҳлиқо, Сайфиддин ва Камолиддин. Акои Файзиддин, писари апаашро, ки дар 6-моҳагӣ ятим монда буд, низ гирифта, ба Кӯлоб овардаву худаш тарбият кард, то ситами моиндарро набинад.

 Имрӯз Қиёмиддину Аслиддину Моҳлиқо ва падарам бо Очаам, ки 14.10.2004 ҷон ба Ҳақ таслим кард, пайвастанд. Зиндагонӣ давом дорад. Ҳар боре мазори Хоҷаи Ғойиб равам, сари гӯри Очаҷонам, ки дар баландии Тамошо-теппа ҷой дорад, нишаста, даме шаҳрро тамошо кардаву рӯзгори ширинтарини худро, ки бо Очаам, лутфу меҳрубонӣ ва химчакӯбиву сахтгирии Ӯ бастагӣ дорад, ёд меораму дилам кушода мешавад. Эҳ, Оча, Оча! Ман химчакҳоятро низ пазмон шудаам…

– Модаратро эҳтиром гузор, хонанда, агар ин давлатро дорӣ! Агар надорӣ, баъди хондани ин матлаб дуое дар ҳаққаш кун…

 Ёдат гиром Модар, хотират ҷамъ, гӯрат пурнур ва маъвоят Биҳишт бод. То ману мо ҳастем, Очаҷон, Ту низ ҳастӣ. Зодрӯзат шоҳрӯз аст, Оча…

Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube