Редаксия супориш дод: Қассоб шав!

Аз супориши навбатӣ фаҳмидам, ки на ҳар кас қассоб шуда метавонистааст. Ва он одаме, ки мегӯяд, метавонад, мисли мо корди қассобиро, ки ба даст гирифт, ҳатман аз дигаре кӯмак мехоҳад. Мо метавонем!

Ҷайҳунбозор

15.06. 2025. Соат ба вақти Душанбе 9:15 дақиқа. Рӯзи якшанберо интихоб кардему ба чорвобозори Ҷайҳун равон шудем. Дар чунин бозор бо кадом маблағе, ки хоҳӣ мол мехарӣ. Қассобон бошанд, дар ҳама гӯшаи бозор моли фарбеҳи мувофиқро мекобанд, то аз он фоидае ба даст оранд. Фурӯшандаҳо нархҳоро дар 1 низом нигаҳ медоранд. Мо ҳатто шоҳид шудем, ки қассоб дар бозор бо фурӯшандаи мол барои нархи мувофиқ ҷанҷол мекард. Дар хурдӣ гумон доштам, ки дар хонаи қассоб ҳамавақт гуштбирён аст, чунки бо гӯшту пӯст сару кор дорад. Аммо вақте бо нафаре, ки чандин сол ба ин касб машғул аст, ҳамсӯҳбат шудам, фаҳмидам, ки қассобон ҳам зиндагии миёнаҳол доранд.

Гӯшт кай арзон мешавад?

Айни ҳол дар бозорҳои марказии вилояти Хатлон нархи гӯшти гов 90 ва гӯшти бузу гӯсфанд 100 сомонӣ буда, вобаста ба имконот аҳолӣ ба он дастрасӣ доранд. Равғани гов 30 сомонӣ ва думбаи гӯсфанд 90 сомон аст.

Қассобӣ пешаи авлодист!

Аксаран ҷавононе, ки имрӯз дар бари падарони худ истода ин шуғлро меомӯзанд, авлоди қассобон ҳастанд. Дар бозоре, ки мо қарор доштем, моли килобаркаш барои 1 кг 51 сомонӣ савдо шуд. Ин гови харидаи савдогарони Қубодиён аз ноҳияи Ҷайҳун буд, ки 720 кг вазн дошт. Дарвоқеъ молҳоеро дилам, ки 1 -1,5 тонна вазн доштанд!!!

Ин ҳам дар ҳолест, ки 1 кг кунҷора 6,80 дирам, прес 25-30 ва қанори гандумкоҳ 120 сомонӣ арзиш доранд. Аслан молҳоро вобаста ба намудашон хӯрок медиҳанд. Масалан буққаеро, ки барои парвариш омода мекунанд, набояд алафи тар дод, чунки ин гуна хӯрок ба партофтани вазни он сабаб мешудааст – мегӯяд ҳамсӯҳбати дигари мо аз н. Ҷайҳун Акрам Саидов ва меафзояд «Мо барои ба даст овардани гӯшти тоза ва нарху наво кардан бо қассобон чорвои калони шохдорро то 3 сол нигоҳ карда, пасон ба бозор меорем. Дар мо 3 намуд фурӯши мол ҳаст. Якум, мо говро зинда мефурӯшем, дуввум баъди забҳ кардан қассобонро даъват намуда, мефрӯшем ва сеюм, килобаркаш»

Манфиати қассоб дар чист?

Ҳоло, ки фасли гармо ҳукмрон аст, кормандони назорат дар савдо иҷозат намедиҳанд, ки гушт 2- рӯза шавад. Натанҳо дар ноҳияи Ҷайҳун, балки дар тамоми бозорҳои вилоят чунин назорат пурзӯр шудааст. Алишер ном қассоб мегӯяд, «манфиати қассобон ҳамин каллаю почак ва дилу ҷигари мол аст, ки баъди забҳ бутун ба дасти мо мерасад!».

Дар дӯкони гӯштфурӯшии Алишер-ако ман аз нозукиҳои қассобӣ ва аз фоидаву зарари ин пеша огаҳ шудам. Ногуфта намонад, ки қассобӣ заҳмати калон доштааст. Меҳнати ҳам ҷисмонӣ ҳам ақлониро ба кор мебарӣ. Гӯштро майда карда, ҳамчун профессионал ба мардум пешкаш мекунӣ, вагарна касе намехараду рӯзи дигар фурӯши гӯшти дирӯза манъ аст ва даромад капут мешаваду ту бонкрот!

Бо мо бош, хонанда, то аз супоришҳои навбатӣ ва аз паҳлуҳои ҳунари рӯзноманигорони минтақа воқиф гардӣ . Мо метавонем!

 Нуриддин Қосимзода,

қассоби контролӣ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube