Шоҳрух Ҳалимов, ки омӯзгори МТМУ № 28-и ноҳияи Восеъ мебошад, яке аз муаллифон ва мухлисони фаъоли газетаи мардумист. Бори аввал нест, ки Шоҳрух аз мухбирони газетаи мардумӣ даъват ба амал меорад, ки меҳмони ноҳияи Восеъ гашта, аз навгониҳо, корҳои созандагиву ободонӣ ва рушду пешрафти тамомии соҳаҳои ноҳия аз наздик ошно гардем. Барои даъват, ин хонандаи гиромии мо, ҳатто ба редаксия омад ва чун амри хонанда барои мо воҷиб аст, ҳафтаи пор роҳ пеш гирифтем сӯи ноҳияи овозадори Восеъ. Хеле аҷиб он буд, ки Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъро мо субҳи содиқ дар даромадгоҳи ноҳия, ки мавзеи хеле хушбоду ҳаво ва ороста аст, дар байни мардуми меҳнаткаш дарёфтем.
408 иншооти ҷашнӣ
Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни 35-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Восеъ бунёду азнавсозӣ ва таъмири 408 иншооти ҳаётан муҳимро ба нақша гирифтааст.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори мо Ҷамшед Шарифзода таъкид дошт, то ба имрӯз 292 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки 72% нақшаро дар бар мегирад.
– Бубинед, танҳо дар 4 моҳи аввали соли 2025 мо 11 адад иншоот сохта, мавриди истифодаи сокинон қарор додем. Аз 301 иншооти ба истифода додашуда, 253 адади он аз тарафи соҳибкорон бо маблағи 68 миллиону 387 ҳазор сомонӣ, 7 адади он аз тарафи МИҲД ноҳия бо маблағи 4 миллиону 339 ҳазор сомонӣ, 41 адад бошад аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва грантҳо ба маблағи 90 миллиону 880 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, – гуфт Ҷамшед Шарифзода.
Тавре огоҳӣ ёфтем раиси ноҳияи Восеъ 1 ташаббуси хеле хубро пеша кардааст – мехоҳад дар мавзеи даромадгоҳи ноҳия, ки муаррифгари Восеъ аст, 1 чойхонаи мардумӣ ва дар маркази ноҳия – шаҳраки Ҳулбук бошад, мағозаи муосири фурӯши китобу матбуоти давриро бунёд созад. Ният албатта нек аст ва умедворем, ҷавонмардони саховатпешаи Восеъ аз ин иқдоми раис дастгирӣ хоҳанд кард.
Биноҳои баланд гарданд обод
Дар ин ҷо бояд ҳатман аз 1 лоиҳаи хеле калон, ки дар 3 марҳила дар ноҳия иҷро мешавад, ёдоварӣ кард. Айни замон дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук сохтмони роҳҳои оби партов – канализатсия рафта истодааст, ки барои вусъат бахшидани сохтмони биноҳои баландошёна, ки аллакай шуруъ шудааст, мусоидат мекунад. Яке аз чунин биноҳои баландошёнаи 10 табақаро ҶДММ «Комил – 2010», сохтмони 1 адад бинои 8 ошёна ва 2 адад бинои 9 ошёнаро ҶДММ «Баракат» оғоз намудаанд. То ин дам дар ҳудуди ноҳия танҳо 2 бинои чортабақа ва беш аз 50 адад биноҳои дуошёна арзи вуҷуд дошта, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна дар Восеъ дар таърих бори нахуст сурат мегирад.
74 км роҳ тайёр!!!
Дар шумораи гузашта дӯст, мухлис ва муаллифи доими газетаи СССР аз н. Восеъ шоири ширинкалом Даврони Айниддин дар бораи таъмиру азнавсозии 12 км роҳи Ҷамоати деҳоти Х.Раҷабов, алалхусус деҳаи Кафтархона паёми нек дода буд. Ин гуфтаҳоро Шоҳрух Ҳалимов низ тасдиқ намуда, таъкид дошт, ки айни замон корҳои ободонӣ, хосса роҳсозӣ идома дошта, дар он саҳми сокинон низ назаррас аст. Аз ҷумла, пас аз раиси маҳалла интихоб шудани Дӯстмурод Ёрматов, ки бо тахаллуси Араби Дӯстмурод машҳур асту нигоштаҳояш дар газетаи СССР низ нашр мешаванд, кор дар деҳаву ҷамоат ранги дигар гирифтааст.
Бино ба иттилои Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ, давоми солҳои 2022-2025 аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар ҳудуди ноҳия 39,6 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта, бо маблағи 40 миллиону 415 ҳазор сомонӣ мумфарш ва 34,7 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта, бо маблағи 1 миллиону 326 ҳазор сомонӣ сангфарш карда шуданд.
– Бояд гуфт, ки аз ин 800 м мумфарш ва 2750 м сангфарш дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, 5 км мумфарш ва 7 км сангфарш дар Ҷамоати деҳоти ба номи А.Авазов, 9,3 км мумфарш ва 8 км сангфарш дар Ҷамоати деҳоти Бобошоҳиён, 9 км мумфарш ва 3,4 км сангфарш дар Ҷамоати деҳоти Тугарак, 3,4 км мумфарш дар Ҷамоати деҳоти Гулистон ва 12 км мумфарш дар Ҷамоати деҳоти шаҳраки Заҳматобод анҷом дода шудаанд – афзуд раиси ноҳияи Восеъ.
Боз 1 амали хубе, ки мо дидем, ин бунёди дарвозаҳо дар даромадгоҳи ҳар ҷамоату деҳа буд, ки ноҳиядорон онро барои ҳарчи тезтар ёфтани роҳ сохтаанд. Ва қарор аст дар даромадгоҳи ноҳия харитаи калони ноҳияи Восеъро гузоранд, то ин ки сайёҳону меҳмонон роҳгум назананд. Беҳтарин кор!
Саноат – маҳаки рушд
Дар давоми 3 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 30 миллиону 156,2 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 167,2 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 120,7% – ро ташкил медиҳад. Дар ин давра сафи корхонаҳои саноатии ноҳияро боз 4 адад корхонаи нав афзоиш доданд, ки инҳо ҶДММ «Дарёи Сурхоб», ҶДММ «Имрон Экспресс», ҶДММ «Лутфулло Нурулло» ва ЧДММ «Абубакри Рустам» мебошанд.
Гардиши мол дар семоҳаи аввали соли 2025 бошад дар ноҳияи мазкур дар ҳамаи соҳаҳо ба 223,4 миллион сомонӣ расонда шуд.
Ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР зимни ин сафар бо фаъолияти ҶДММ «Миросор», ки соли 2023 ифтитоҳ ёфта, аз 3 коргоҳ иборат аст, аз он ҷумла сардхона, коргоҳи қаннодӣ ва хушк кардани мева дидан намуд. Ин корхона воқеан ҳам бо назардошти тамоми талаботҳои муосири истеҳсолӣ ва нигоҳдошту бандубасти хушкмева бунёд ёфта, маҳсулоти қаннодиаш дар тамомии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба фурӯш гузошта мешавад.
90 рӯзи зарбдор
Тавре аз суҳбат бо раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода маълум шуд, соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия низ рӯ ба пешрафт дошта, кишоварзони восеъгӣ натиҷаҳои хубу қонеъкунанда ба даст овардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар семоҳаи якуми соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 84 миллиону 588,3 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 5 миллиону 606,8 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, 107% – ро ташкил намуд.
Соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2478 га замин, аз ин 1178 га ғалладонагӣ, 557 га зироатҳои техникӣ – 306 га пахта, 156 га сабзавот, 85 га полезӣ, 385 га картошка ва 94 га зироати хӯроки чорво кишт карда шудааст.
Мушкилоти норасоии оби полезӣ низ бо тадриҷ ҳаллу фасл гашта, то ба имрӯз 82%-и заминҳо тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд.
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар ин самт боз 1 ташаббуси ниҳоят хубро пеша кардаанд – дар ноҳия аз 1 май то 1 август 90 рӯзи зарбдор эълон шудааст ва ҳар шом дар яке аз ҷамоат ва ё хоҷагиҳои деҳқонӣ бо иштироки раиси ноҳия Ситоди кишварзӣ гузаронида мешавад.
Финансист, технократ ва ободкор
Лозим ба таъкид аст, ки дар ин репортаж мо наметавонем аз Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамзамон роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии меҳан дар ноҳияи Восеъ аст, ёд накунем.
Ба касе пӯшида нест, ки даромадгоҳи сабзу хуррами ноҳия низ бо ташаббус ва дастгири бевоситаи Файзиддин Қаҳҳорзода бунёд ёфта, то ба имрӯз оростаю пероста ва гулҳои садбаргаш ҳамеша сероб аст. Инчунин бояд гуфт, ки хоҷагии деҳқонии «Миросор» ва корхонаҳои ҳамноми он низ маҳз бо ташаббуси вазири молия бунёд ёфта, фаъолияти хуб доранд. Саҳми Файзиддин Қаҳҳорзода дар таъмири роҳҳои маҳаллӣ, амалиёбии лоиҳаи кашидани хати обу корез, рушди деҳот низ назаррас аст, ки офаринаш бод!
Ҷамила Ҳусейнова,
журналист,
А. Собир,
оператор – суратгир,
Душанбе – Восеъ – Душанбе
