Душанбе Сити – бонки бемасъулият?

2 ҳафта мешавад, ки мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сатҳи пасти хизматрасонии ҶСП “Душанбе Сити Бонк” изҳори норозигӣ мекунанд.

Як қисмати истифодабарандагони корти “Душанбе Сити” бар он назаранд, ки маблағ ба аҳли хонавода, дӯстону пайвандон муштариён, соҳибкорон дер интиқол меёбад. Ба маркази тамоси «Душанбе Сити» занг мезананд, то ки мушкилоташонро ҳал кунанд, вале бенатиҷа.

Мардум чӣ мегӯянд?

– Давоми 2 – рӯзи охир барнома (программа) – и ширкат ончунон бесифат кор мекунад, ки боиси дилсардӣ ва хирагии таъбъи мизоҷон мегардад. Маблағро аз ҳисоб мегиранд, вале пардохт соату рӯзҳо тӯл мекашад. Рақамҳои ширкат 44 630 9999 умуман кор намекунад. Аз ин рӯ, аз роҳбарияти “Душанбе Сити Бонк” тақозо доранд, ки фаъолияти худро вобаста ба талаботи замон ба роҳ монанд. Аз субҳ боз 800 сомонӣ маблағ интиқол додам, то ҳол нагузаштааст. Ба кию ба куҷо муроҷиат карданамонро намедонем?

Дар аксар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ банкоматҳои “Душанбе Сити” маблағ надоранд.   “ҶСП Душанбе Сити” дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ нуқтаҳои хизматрасонии худро доранд, вале нисбати мизоҷони худ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд

Давлат Хатибов, журналисти ТВ “Варзиш”

***

   – Аз саҳар боз 400 сомонӣ интиқол додаам, ҳеҷ не ки гузарад. Дар чунин давру замон, ба ин тариқ хизматрасонӣ шармандагист!

Яҳё Маҳмаднабиев, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”

***

   – Вақте бақияи муштариёнро тавассути корти “Душанбе Сити ” мегузаронам, маблағ бо хеле дермонӣ мегузарад.

Миробиддин Садриддинзода, фурӯшандаи доруворӣ

***

   –    Воқеан бемасъулият! Якчанд вақт пеш 10 дона 100 сомонӣ тариқи банкомат гузарондам, 2 дона 100 сомонии маро 20 сомонӣ ҳисоб кард. Хулласи калом, фиреби сахт хӯрдем ва пулҳо ҳам дигар барнагаштанд!

Гулрӯз Худоназаров, журналист 

***

   – Чанд рӯз пеш, аниқтараш 23 май, тахминан соати 7:00 тариқи барномаи онлайнии DC Next ба ҳисоби корти нақлиётиам, ки чанд рӯз пеш гирифта будам, 100 сомонӣ маблағ гузарондам. Вақте дохили автобус даромадам, дастгоҳ нокифоя будани маблағро ёдовар шуд. Чанд дақиқа пас ба маъмурони бонки мазкур занг задам. Танзимгар гуфт, ки маблағ дар навбат аст ва баъди 2 – 3 соат мегузарад, аммо то ҳол аз он дараке нест. Ҳамчунин, ҳоло ба барномаи DC Next даромада, дидам, расиди маблағи гузаронидаам ва дигар расидҳои то имрӯз пардохтшуда ягонтоаш нест. Бо ҳеҷ роҳе бо “ Душанбе сити” дар робита шуда наметавонам. Муҳтарам масъулини дахлдор, шояд 100 сомонӣ барои шумо маблағи ночиз бошад, аммо барои мо, маошгирон арзиш дорад. Лутфан, далелҳо ва сабаби нагузаштани онро пешниҳод кунед…

Ҷасур Қиёмиддинов, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Паёми Душанбе “

1200 банкомату 2325 терминал – мушкил аз куҷо?

Бояд гуфт, ки ҶСП «Душанбе Сити Бонк» кори худро аз соли 2007 пеш мебарад. Аз ТАҚХ оғоз намуда, якум системаи пардохтии худ — Express Pay-ро таҳия кардаанд. Соли 2022 Иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистонро гирифта, ҶСП «Душанбе Сити Бонк» шудаанд.

Бонки мазкур дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1200 банкомат, 2325 терминал, 3149 pos-терминал ва 15000 Qr-кодҳои худро фаъол кардааст. Ба ғайр аз ин, бонки мазкур 2 млн ҳамёни электронӣ насб намудааст.

Бо фаъол будани ин теъдод банкомату терминалҳо чаро мизоҷон бо мушкил рӯ ба рӯ мешаванд?

Бо мақсади фаҳмидани сабаби сар задани ин мушкилот, ба яке аз нуқтаҳои хизматрасонии “ҶСП Душанбе Сити Бонк”, ки дар кӯчаи Тилло Пулодӣ воқеъ аст, рафтем. Дар онҷо ҷамъи мардум проблемаҳои худро ба коргарони бонк мефаҳмонданд. Ман худамро ба яке аз кормандони бонки мазкур муаррифӣ намудам. Он кас маро ба назди котибаи муовини якуми раиси ҶСП “Душанбе Сити бонк ” Б. Ашуров бурд. Дар аввал котиба суолҳои маро бодиққат гӯш кард ва розӣ шуд, ки ман бо роҳбараш сӯҳбат кунам. Ӯ ба назди муовин даромада, дархости маро расонд. Пасон, омада, гуфт, ки муовин аз пайи коресту имрӯз намешудааст. Посухро баъд аз ид медиҳанд!

Хулоса, вазъияте ки имрӯз дар” Душанбе Сити Бонк” ҳукмфармост, хеле ташвишовар аст. Ба муроҷиатҳои муштариён беэътиноӣ зоҳир мегардад.

Дар ҳама сурат, агар аз уҳдаи кор, хизматрасонӣ набароянд, беҳтараш мардумро саргардон накунанд. Бе ин ҳам муштариён ноумеду дилсард шуда, аз хизмати бонк даст мекашанд.

Маҳина Орзуева,

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube