(ба шоири ҷавонмарг Ҳабибулло Файзулло)
Чун баҳор аз домани куҳсор рафт,
Булбули шӯрида аз гулзор рафт.
Бо гулу гулхору ҳар барги дарахт,
Ӯ ғазал мегуфт нотакрор, рафт.
Шеъри ӯ то 9 фалак овоза дошт,
Ҳасрато, ки шеъри оташбор рафт.
Дар лабаш шеъру ғазал, ишқи диёр,
Бо ҳама номусу нангу ор рафт.
Во дареғи қисмати носозгор,
Дар ҷавонӣ ишқи беозор рафт.
Маргро дидам ба рӯзи марги ӯ,
Ашк дар чашму дили хунбор рафт.
08.06.1980,
РСС Тоҷикистон, ш. Кӯлоб
Тасодум ва тасодуф
Аз муаллиф: Ман ин шеърро, 45 сол пеш, дар рӯзи маргаш навишта будам. Ҳамин рӯз, бо амри тасодуф, ман дар мурдахона ё МОРГи Кӯлобшаҳр будам. Дар ин ҷо хоҳари 1 духтараки ҳамкорамон, бар асари 1 тасодум фавтида буду мо барои гирифтани ҷасади он гулдухтар ҷамъ омада будем. Ба нохост, мошини Ёрии таъҷилӣ омаду мурдаеро фароварданд. Дидам, ки ҷасади Ҳабибулло Файзуллост. Гуфтанд бар асари садама фавтидааст. Шоир дар тан майка-такпӯш дошту дастонаш бастагӣ…
Он даврон мурдаи тозаро даррав “запчаст” карда, барои илми тибб мегирифтанд. Гап задам, мурдаро диҳанд, ки аҳамиятам надоданд. Давида пеши Саидҷон Ҳакимзода-раиси ИНТ дар вилояти Кӯлоби РСС Тоҷикистон рафтам. Ҳакимзода одами пурборӯ ва қадрдону ҷавонмарде буд. Хабари фавти шоири шаҳирро шунида, оҷилан ба МОРГ омад. Ҷасади шоирро дар рӯи бетони сардхона дида, Ҳакимзода ҷаззаст гиря карду гуфт, мурдаро бояд гирифт…
Дар замони шуравӣ ҳама кор дар доираи қонун ҳаллу фасл мешуд. Зуд прокурори вилояти Кӯлобро ҷеғ зада оварду фаҳмонид, ки ҷасадро бояд оҷилан аз сардхона баровард, то организми шоирро қисмат карда нагиранд. Прокурор, шахсан фармон доду мурдаро бароварда, ба мо доданд. Мо ҷасади Ҳабибуллои нозанинро гирифта, ба Ховалинг равон кардем ва он ҷо ба дасти хок рафт.
Ҷош ҷаннат-ул-фирдавс.
Ҳабибулло Файзулло кӣ буд?
Яке аз тавонотарин шоирони солҳои гармии Хрушевӣ (хрущевская оттепель), Ҳабибулло Файзуллоев 15.03.1945 дар деҳаи Ховалинги н. Восеъи, вилояти Кӯлоби РСС Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таъриху филологияи Институти педагогии ш. Душанбе дохил шуда, онро дар соли 1966 хатм кард. Сипас Институти адабии ба номи М. Горкийи ш. Маскавро дар соли 1973 ба итмом расонида, дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” ва “Вечерний Душанбе” ба ҳайси журналист кор карда, сипас ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии Тоҷик гузашта, то масъули Шӯрои тарбияи ИНТ сабзид. Аз соли 1966, дар синни 21 солагӣ, узви Иттифоқи нависандагони СССР ва РСС Тоҷикистон.
Муаллифи чандин маҷмуаи шеърист:
Қатраи Борон (1966):
Дунёи ҷавонӣ (1971):
Афсонаи дарё (1974):
Дидори орзуҳо (1979):
Чилчанор (1980):
Зи нав зинда шавем… (1980):
Обшори офтоб (1981)…
2 китобаш “Яблонька” (1972) ва “Боль” (1990) бо забони русӣ, дар ш. Москва, пойтахти СССР нашр шудаанд.
08.06.1980 бар асари 1 садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб фавтид…
Чу муште аз хирвор 2 порашеърашро ин ҷо мекорем. Мо Метавонем!
Ватан
Ватан дар синаам бо ин бузургӣ,
Ба монанди диле маъво гирифтаст.
Ки гӯё чун раги хун аз дили ман,
Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтаст.
Сафи амвоҷ ҳамчун сатри шеърам,
Шавад иншо ба рӯи дафтари дил.
Ситода рост гӯё кӯҳсораш,
Ба мисли посбоне дар бари дил…
