Мизробхон- шоҳи Хатлон

Баъди чоп шудани хабар дар бораи бунёди мақбараи Хотири Хатлонӣ дар зодгоҳаш чанд нафар аз мухлисони ашъори шоир ва дӯстон хоҳиши доштани маълумоти бештаре гаштанд. Мо қарор додем, ки дар мисоли 2 қасидаи шоир зуҳури яке аз воқеаҳои муҳими нимаи аввали асри нуздаҳи Миригарии Хатлонро биомӯзем.

Қасидаи аввалӣ мадҳия буда, дар васфи Мизробхон-мири ҳамдаври шоир дар Хатлон суруда шудааст. Агар хонанда дақиқ фикр кунад, аз ин шеър дармеёбад, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мулки Хатлон дар анҷоми нимаи якуми асри нуздаҳ чи гуна аст. Ва баъзе таърихнигороне, ки воқеъияти таърихиро намедонанд, ё инъикос кардан намехоҳанд, ҷавоби пурдалеле меёбанд:

Мамлуки Султон

Хиргаҳе дидам, ки сақфаш суда бар сақфи само,

Арзи ӯ 1 мил тахмин мешавад андар ниго(ҳ).

Пуртавон он хони хатлонӣ, сипаҳдори замон,

Номи ӯ Мизробхону дар дил аз дониш зиё.

Аз хирад ӯ парниён афканд андар баҳру бар,

Пӯшиши ӯ буд гулгунатласи қимматбаҳо.

Гуфтамаш: эй сарфароз ин сурхпӯшии ту чист?

Ӯ ба хомӯшӣ ҷавобам дод бо рамзу имо.

Гуфт: ман суфам, сафедӣ ҳаст ранги асли ман,

Ҳодисоти даҳр аммо гашт ин сон раҳнамо

Будаам Мамлуки султоне, ки молу ҷои ӯ,

Он қадар бошад, ки Қорун аст дар наздаш гадо.

Дасти эҳсонаш агар гавҳарфишон гардад гаҳе.

Абри найсонро зи ҷуди хеш орад дар ҳаё.

Гарчӣ гулгунатласи қиматбаҳо дорам ба тан,

Ҷомаиспедам вале дар ботини худ доимо

Гуфтаам: ёде зи Хотир гар кунам, таърих чист?

Бетаваққуф гуфт: “ҳангоми назар”-таърихи мо.

(Девони Хотир, саҳ.20).

Биёед ба мундариҷаи шеър таваҷҷӯҳ кунем. Шоир суханро аз тавсифи хиргоҳи Ҳоким оғоз мекунад. Мизроб тахаллус кардани ӯро шоир фоли нек ҳисоб карда, ишора ба аҳли маърифат буданашро таъкид мекунад. Либоспӯшии ӯро на мисоли худнамоии ҳоким, балки нишонаи зиёӣ будани ӯ таъкид мекунад. Поинтар ин масъаларо аз забони Мизробхон шарҳ медиҳад. «Ман суфам, сафедӣ ҳаст ранги асли ман»,- мегӯяд муаллиф дар такя бар ҷавоби Мизробхон ба саволи шоир. Ин ишора ба насаби ӯст, ин таъкидест, ки аз турку араб дур будани зоти худро шарҳ медиҳад, зеро ориёиҳо худро аз насаби сафед медонистанд. Ибораи «ҷомаиспедам» низ ба аслияти вай – озодагон, яъне ориёӣ будани Мизробхон шаҳодат медиҳад. Дар ҳамин қасида барои онҳои камбине, ки Мизробшоҳро турк мехонанд, ҷавоб ёфт мешавад.

Дар ибораи «ҳангоми назар» соли нишастани Шоҳ ба тахт дар ҳисоби Абҷад инъикос ёфтааст. Агар ин ибораро бо ҳисоби абҷад ба ҳиҷрии қамарӣ баргардонем, дар ҳисби милодӣ баробар ба соли 1849 рост меояд, яъне ба қавли имрӯзагиҳо иногуратсияи Мизробхон дар тахти Кӯлоб соли мазкур сурат гирифтааст.

Чун шоир аз забони худи хон вазъияти оламро ноором баён мекунад, ки ишора ба нотинҷӣ дар Хилофати Усмонӣ аст. Ҳамон замон ҷангҳо шадид миёни Хилофат ва Россияи таззорӣ мерафт. Боз аниқтар ба ёд биорем, баъди ду сол Императории Усмонӣ аз Россия шикаст хӯрд ва хеле аз сарзаминаш дар ҷазираи Балкан, Кавказ, аз ҷумла Қрим аз даст рафт. Ин ғалабаро эҳсос карда, Россия аллакай ба Осиёи Миёна чашм ало карда буд. Ба фикрам, агар якчанд ҷумла дар бораи қасидаи дигари шоир- «Дар вафоти Мизробхон» гуфтаи ӯро ҳам ба риштаи таҳлил бикашем, бисёр чизҳо равшантар мешаванд.

САФАРИ БОМДОДӢ

Қиссаи талъати субҳу сафари шом омад,

Шеваи арзи баён аз мани гумном омад.

Гулшани даҳр бувад холӣ зи ташрифи вуҷуд,

Талху ширин ҳамагӣ шеваи авҳом омад.

Шаҳ шабе дар Рамазон чокари худро фармуд,

Рав, бубин соати шабро, ки ба каф ҷом омад.

Рафту донист, ки шаб рахти сафар дарбаста,

Гашта бар хизмати он шоҳи накӯном омад.

Гуфт: арзи ману он пири куҳанро дарёб,

Ман ғуломи дари ӯ, субҳ пайи шом омад.

Шоҳ гуфто, ки туаш субҳ ғалат фаҳмидӣ,

Он фурӯғи рухи соқист, ки дар ҷом омад.

Шуда машҳур дар офоқи ҷаҳондори замон,

Хони Хатлонӣ, ки Мизроби замон ном омад.

Шоҳбози аҷалаш сина ба нохун бидарид,

Мурғи рӯҳ аз қафаси тан ба лаби бом омад.

Он қадар бода зи ҷоми амалаш дар накашид,

Меваи нахли умедаш ҳамагӣ хом омад.

Соли таърих ба фавташ зи хирад хоста шуд,

Гуфт: се ҳарф муҳим аст, ки дар ном омад.

Гуфт: Хотир, ки ҳамон ҳарф исм бинмой,

Гуфт: “як Зеву як СИНу чиҳил Лом омад.

(Саҳ 157).

Чун зе, син ва чиҳил ломро дар ҳисоби абҷад биҷӯем ва ба ҳисоби милодӣ баргардонем, соли вафоти Шоҳи Хатлон Мизробхон, ба соли 1857 рост меояд.

Ҳамин тариқ дар ин 2 қасида 1 пораи таърихи Хатлон, ҳудуди давлати имрӯзаи Тоҷикистон, рӯшан мешавад. Махсусан дар марсия сифатҳои Сарвари ин кишвар сутуда шудаанд, ки аз давраи оромиву осудагии кишвар дарак медиҳанд.

Саидҷалол Саидов,

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube