Пайравони Айнию Турсунзодаем

Андешаҳои академик Саймумин Ятимов «Садриддин Айнӣ ва инқилоби маданӣ» – ро дар саҳифаи худшиносии рӯзномаи «СССР» мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, ба хулосае омадам, ки ин матлаб саривақтӣ буда, на танҳо барои Иттифоқи нависандагон барномаи мукаммали эҷодӣ, балки барои кулли зиёиёни кишвар нақшаи комили фаъолияти илмию амалӣ ба шумор меравад. Зеро олими нуктасанҷ ҳар 1 фарди солимфикри кишварро ҳушдор менамояд, ки мо ҷойгоҳ, мавқеъ, хизмату заҳмат ва талошҳою муборизаи устод Садриддин Айниро ҳар лаҳзаю ҳар дақиқа, на танҳо қадр намоем, балки мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор диҳем.

Хулосаи муаллиф ин аст, ки маҳз бо шарофати муборизаи тавонои устод ва туфайли асарҳои эҷоднамудаашон халқи тоҷик пас аз ҳазор сол соҳиби давлат ва фарҳанги маданӣ гардид. Кашфиёти ин олими пурмаҳсул боз аз он иборат мебошад, ки халқи тоҷик тавассути чунин абармардон, фарзандони фарзона, ба монанди устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон таърихи тамаддуни миллатро меофаранд.

Вазифаи хонагӣ барои ИНТ

Муҳимияту зарурияти эҷоди асарҳои пурмазмун ва хонданбобро муаллифи матлаби мазкур қайд намуда, дар 1 вақт дар назди Иттифоқи нависандагон, адибон, олимон ва кулли зиёиёни кишвар вазифа мегузорад, ки ба монанди устод Садриддин Айнӣ асарҳои дархӯрди ҷомеа офаранд, то ки ба ин васила дар тарбияи худшиносии насли наврас саҳмгузор бошанд. Ин пешниҳоди С. Ятимов дар ҳақиқат боиси дастгирии мо адибон мебошад, ки вақтҳои охир теъдоди асарҳои камарзишро ба маротиб афзуда, саршумораи аъзои Иттифоқро ба 400 – 500 нафар расонидем.

Новобаста аз он ки масоили мазкур дар фаҳмиши ҷаҳонбинии ҷомеаи тоҷик 1 такони азиму барҷастаро ба миён оварда бошад ҳам баъзе андешаҳои худро ба масоили пешниҳодшуда иброз менамоям.

Олими донишманд дар ин навиштаҷоташ ба масъалаи замон ҳарфе назадааст. Чунки мо фарзанди замони худ мебошем. Замони устод Айнӣ замони муборизаи 2 сохти ҷамъиятӣ буда, бузургии устод дар он аст, ки вазифаю мушкилоти ба миён омадаро аз ҷиҳати илмӣ баҳо дода, асарҳои оламшумул офарида, бо ин васила халқи тоҷикро соҳиби давлат гардонд. Талаботи замон буд, ки Сотим Улуғзода романи «Восеъ» навишт ва Ҷумъа Одина асари «Гузашти айём» – ро офарид. Баъдан, ин адибонро аз ҷиҳати моддӣ давлат ҳавасманд мегардонд ва онҳо ба мушкилоти зиндагӣ эҳтиёҷманд набуданд. Ҳоло чӣ? Ҳеҷ адибе бо сари баланд ва дили осуда гуфта наметавонад, ки аз эҷоди фалон асараш талаботи иҷтимоиашро бо пуррагӣ паси сар намудааст.

Назм ва наср

Нуктаи дигареро, ки мутафаккир дар ин асари пурмуҳтавояш дарҷ накардааст он аст, ки чаро устод Айнӣ аз назм ба наср гузашта, пасон асарҳои дархӯрди ҷомеа офарид? Чунки ҳама медонад, ки аз замони Рӯдакӣ шоирон тамалуқкоранд ва онҳо ба хушомадгӯӣ, ки айни замон низ теъдодашон ба маротиб афзудааст, даст мезананд. Танҳо насрнависон таҳавулот ва эҳтиёҷоти ҷомеаро дарк намуда, дар тарозуи ақл баркашида, пасон асарҳои пурарзиш ба қалам медиҳанд.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагон мебошам. Дар ин муддат 3 Раиси Иттифоқро аз сар гузарондам. Вале онҳо чун Айнию Турсунзода шахсият нашуданд. Баръакс Иттифоқро бо таъназанию ихтилофу ғайбатхона табдил дода, бо роҳбарии ноуҳдабароёна ба ташкилоти бемавқеъ табдил доданд. Дар муддати 33 – соли Истиқлол 1 бор ҳам вохӯрии адибонро бо Пешвои миллат ташкил карда натавонистанд. Шодравон Акбари Саттор, собиқ Раиси Иттифоқи журналистон, ки дар ҳақиқат шахсият буд, тавонист 1 бор вохӯрии журналистонро бо Пешвои миллат баргузор намояд.

Раиси Иттифоқ бояд шахсеро пешбарӣ ва интихоб намоем, ки дорои масъулияти бузург буда, бо фазилатҳои некаш, бо хислатҳои ҳамидааш дар атрофаш тудаи адибон, пайравони Айнию Турсунзодаро барои кор, барои офаридани асарҳои пурмазмун гирд оварад.

Имрӯз Иттифоқи нависандагон ҳатто нашриёти худро надорад, нашриёти «Адиб» дар ихтиёри Вазорати фарҳанг аст. Адиб барои чопи асараш ба даҳҳо нашриёти хусусӣ сар мехалонад ва бо пули андак дастраскардааш ҳамагӣ бо теъдоди 100-200 нусха китоб аз чоп мебарорад, ки чунин тарзи кор посухгӯи замона нест!

Ба хулосаи олими тавоно, муҳтарам Саймумин Ятимов 100% розиям, ки шеъри шоирро барои мо адибон ҳамчун барнома пешниҳод намудааст;

Бо ҳама нуқсу мавонеъ кор мебоист кард,

Тӯдаи тоҷикро бедор мебоист кард.

Сустию навмедӣ андар роҳи заҳматкаш хатост,

То нафас боқист дар тан, кор мебоист кард. 

Зариф Ғулом,

адиб

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube