Душанбе: Гузаргоҳҳои зеризаминӣ бояд таҷдид шаванд!

Ҳанӯз соли 1975 котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунистии шаҳри Душанбе Гулҷаҳон Бобосодиқова дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни коммунист бо ифтихор изҳор карда буд, ки «ана, дар шаҳрамон, дар муқобили Бинои маркази савдо (ЦУМ) гузаргоҳи зеризаминӣ сохта шуд» ва ин амалро яке аз музаффариятҳои сиёсати ҳизби коммунистӣ эълон намуд.

Вале ҳама ба хубӣ медонистанд, ки пойтахти тоҷикон дар сохтмони шаҳрсозӣ хеле қафо монда буд ва баъдан бо часпу талошҳои шодравон Раҳмон Набиев Раёсати ҳизби коммунистии Умумииттифоқ нақшаи куллан азнавсозии сохтмони шаҳрро қабул кард. Воқеан, гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар шаҳри Душанбе ангуштшуморанд ва ба ғайр аз як – ду ададаш дигаронаш ба талабот ҷавобгӯ нестанд ва ба бозсозӣ ниёз доранд.

Масалан, гузаргоҳи зеризаминии назди меҳмонхонаи «Душанбе» нимсохт буда, аз ҷониби меҳмонхона ба сӯйи бинои «Садбарг» ва аз тарафи собиқ бинои Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ ба ҷониби бинои «Олами китоб» аз кӯчаи Лоҳутӣ гузаргоҳ сохта нашуда, ҳамарӯза чӣ аз ҷониби пиёдагарадон ва чӣ аз тарафи ронандагон хатарҳои садамавӣ ба миён меоранд. Баъдан, чунин ҳолатро мо дар кӯчаи Саъдии Шерозӣ аз ҷониби бинои «Саноатсодиротбанк» ба сӯи бинои собиқ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида менамоем.

Ҳолати аз ҳама азиятоварро зимни аз ҷониби кӯчаи Қаротегинӣ гузаштан мебинем. Бо набудани гузаргоҳи зеризаминӣ дар ин ҷойю дар назди Комбинати чӯбу тахта ҳам ронандагону ҳам пиёдагардҳо дар ҳолати асабоният қарор доранд. Ҳамин гуна вазъият дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи устод Садриддин Айнӣ низ ба чашм мерасад.

Хуб мешуд, ки Ҳукумати пойтахт бо сарварии ҷавонмарди ташаббускор муҳтарам Рустами Эмомалӣ барномаи махсуси сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминиро мавриди баҳрабардорӣ қабул мекард, ки он туҳфаи арзандае ба аҳолии пойтахту меҳмонони олиқадр дар арафаи таҷлили 35 – солагии ҷашни фархундаи Истиқлол мегардид.

Ғ. Зариф,

ш. Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube