Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ аз ҷараёни сохтмон ва ободонии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, яке аз чунин иншооти муҳим бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар деҳаи Чорсӯ мебошад, ки барои 480 ҷойи нишаст дар 2 баст пешбинӣ шудааст. Бино аз 1 ошёна иборат буда, айни ҳол корҳои ороишиву рангубори он идома доранд. Ин таълимгоҳ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳми аҳолӣ бо маблағи 1,4 миллион сомонӣ бунёд гардида истодааст.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони бинои нави мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон, воқеъ дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ, дидан намуд. Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, бо маблағи 5,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бунёд мегардад. Тибқи нақша, сохтмони иншоот дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлол ба анҷом расонида мешавад.
Н. Қосим, СССР,
вилояти Хатлон
