Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Спитамен сохтмони бинои мактаби санъати ноҳия идома дорад. Бинои мазкур дар доираи омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Тавре ба мухбири мо дар Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Спитамен иттилоъ доданд, иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат сурат гирифта, он дар кӯчаи ба номи Фирдавсии Ҷамоати шаҳраки Навкат ҷойгир ва барои 300 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Дар асоси лоиҳа бинои мазкур аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, дорои 20 синфхонаи таълимии замонавӣ, толори намоиш бо 150 ҷойи нишаст мебошад.
Лозим ба таъкид аст, ки 5 феврали соли 2025 бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен ба бунёди бинои мактаби санъати ба номи Мирзо Пардаев санги асос гузошта шуда буд. Бинои мазкур бо маблағгузории МИҲД ноҳия ва бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд хоҳад шуд.
Ҷ. Мақсуд,
СССР
