Ба ин расми достон (таърих)-и навтарини кишвар нигаред, ки аз бойгонии Маркази матбуоти Президенти Россия пайдо кардам. Ёд дорам, ки панҷшанбеи рӯзи 27-уми июни соли 1997 буд. Дар ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ хабари дар Москва аз тарафи шахсони олимақом имзо шудани “Созишнома дар бораи пойдор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон”-ро кушоду равшан баррасӣ мекарданд. Аз он рӯз 28 сол сипарӣ шуд…
Матни асли Созишнома, ки ба забони русист:

Ташкили Давлати Тоҷикон аз дурбини хабарнигори СССР:
ё 9 давраи музокирот бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифини тоҷик дар бораи сулҳ ва ризоияти миллӣ
(1991-1997).
Соли 1991
- Рӯзи истиқлолияти давлати Тоҷикистон, 9 сентябри соли 1991.
Соли 1992
- 2 март – Дар иҷлосияи 46-уми СММ Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмон интихоб гардид.
- 26 март – оғози гирдиҳамоии зиддиҳукуматӣ дар майдони «Шаҳидон» – и шаҳри Душанбе бо иштироки ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин.
- 5 май – дар гардиши Олӣ Совет, роҳи Душанбе – Ёвон рӯй додани хунрезӣ байни ҷонибдорони ҳукумати расмӣ (Президент Раҳмон Набиев) ва мухолифин ва оғози Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон.
- 10 май – ташкили «Ҳукумати муросои миллӣ» бо намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин.
- 24 август – Суиқасд ва кушта шудани додситони генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев аз ҷониби мухолифин.
- 31 август – Қасри Президентро ишғол намудани мухолифин ва гаравгон гирифтани зиёда аз 30 нафар аъзои мақомоти идораи Президент ва Ҳукумати Раҳмон Набиев.
- 7 сентябр – Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби мухолифин гаравгон гирифтани Президенти ҶТ Раҳмон Набиев ва ба истеъфо баромадани ӯ. (Минбаъд, Акбаршоҳ Искандаров, ки раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Тоҷикистон (то 19 ноябри соли 1992) интихоб гардид).
- 9 сентябр – барпо шудани форуми аввалини тоҷикони ҷаҳон дар шаҳри Душанбе ба муносибати яксолагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 18 октябр – кушта шудани сарояндаи ҷавони тоҷик Кароматулло Қурбонов.
- 24 октябр – ҳуҷуми нерӯҳои силоҳбадасти Сафаралӣ Кенҷаев зидди мухолифин ба шаҳри Душанбе ва бебарор анҷомидани он.
- 4 ноябр – 13 декабр – муҳосираи иқтисодии шаҳри Душанбе (39 рӯз), аз ҷониби нерӯҳои Ҷабҳаи халқии Ҳисор.
- 16 ноябр – 2 декабр баргузории Иҷлосияи XVI (Хуҷандии) Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 19 ноябр – Дар Иҷлосияи XVI (Хуҷандии) Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон.
- 24 ноябр – дар Иҷлосияи XVI (Хуҷандии) Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Соли 1993
1.1 феврал – ифтитоҳи намояндагии СММ дар Тоҷикистон.
- 23 феврал – аз қисмҳои “Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон” Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
- 8 май – сели зиёд сарбанди 40 метраи НБО Роғунро аз байн бурд.
- 6 август – музокироти байни намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифи тоҷик мавқеи тарафҳоро дар музокироти минбаъдаи байни тоҷикон аниқ намуд.
- 28 декабр – дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Соли 1994
- 5 -19 апрел – баргузории даври якуми музокироти миёни тоҷикон дар ш. Москва бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифини тоҷик доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 18 июн – 28 июн – баргузории даври дуюми музокироти миёни тоҷикон дар ш. Теҳрон бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифини тоҷик доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 7 сентябр – дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Матни суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
- 20 октябр – 1 ноябр – баргузории даври сеюми музокироти миёни тоҷикон дар ш. Исломобод бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифини тоҷик доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 6 ноябр – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.
- 6 ноябр — Эмомалӣ Раҳмонов бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Соли 1995
- 17 – 19 май – баргузории мулоқоти Президенти Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) дар ш. Кобул доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 21 май -1 июн – баргузории даври чоруми музокироти миёни тоҷикон дар ш. Алма-Ато бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифини тоҷик доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 19 июн – баргузории мулоқоти Президенти Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) дар ш. Теҳрон доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 17 август – баргузории мулоқоти ғоибонаи Президенти Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) дар ш. Душанбе ва Кобул доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 9 октябр – фармони Президенти Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷудо кардани 50 ҳазор гектар замин барои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон» ба имзо расид.
- 30 ноябр -22 декабр – баргузории даври панҷуми музокироти миёни тоҷикон дар ш. Ишқобод бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифини тоҷик доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
Соли 1996
- 9-30 март – ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» – ро имзо намуданд.
- 10-11 декабр – баргузории мулоқоти Президенти Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) дар Хусдеҳ (Афғонистон) доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 23 декабр – баргузории мулоқоти Президенти Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) дар ш. Москва доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
Соли 1997
- 5 – 19 январ – баргузории даври шашуми музокироти миёни тоҷикон дар ш. Теҳрон бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифини тоҷик доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 21-22 феврал – баргузории мулоқоти Президенти Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) дар ш. Машҳад доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 26 феврал – 8 март – баргузории даври ҳафтуми музокироти миёни тоҷикон дар ш. Москва бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифини тоҷик доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 9-16 апрел – баргузории марҳилаи 1, даври ҳаштуми музокироти миёни тоҷикон дар ш. Москва бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифини тоҷик доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 16-18 май – баргузории мулоқоти Президенти Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) дар ш. Бишкек доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 22-28 май – баргузории марҳилаи 2, даври ҳаштуми музокироти миёни тоҷикон дар ш. Москва бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифини тоҷик доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 23-27 июн – баргузории мулоқоти хотимавии Президенти Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) дар ш. Москва доир ба сулҳ ва ризоияти миллӣ.
- 27 июн – баъди 8 даври гуфтушунид (солҳои 1994—1997) миёни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ), дар шаҳри Москва, «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.
- 7 июл – саршавии фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарчашма:1. Бойгонии Маркази матбуоти Президенти Россия,
- Бойгонии Департаменти сиёсати хориҷии Президенти Россия.
Шамсиддини Муқим,
СССР, Москва.
