Мирзо Турсунзода: Гум макун!
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун.
Дӯстро аз дӯст, ҷонам фарқ кун,
Дӯсти пайванди ҷонро гум макун.
Чашмаи илҳоми мо халқ асту бас,
Халқи машҳури ҷаҳонро гум макун.
Зиннати боғ аз гули хандон бувад,
Мисли гул хандонлабонро гум макун,
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
***
Ашӯр Сафар: Омадаӣ
Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳон қанди сухан омадаӣ.
Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?
Сар сари дидаи ман омадаӣ.
Ин қадар ҷома туро зеб диҳад,
Ба рухат акси рухи себ диҳад.
Ба нигоҳам қадамат гулбез аст,
Дар бағал боғу чаман омадаӣ.
Ҷомаи тоза муборак бошад,
Ҳусни шероза муборак бошад.
Рахи пурнур дар он метобад,
Зи раҳи нурфикан омадаӣ.
Ба ҳамин ҷома дигар банд миён,
Ҷомаро дор нигоҳу мадарон,
Сари ҳар риштаву кӯкаш бахт аст,
Бахт дар бар ба ватан омадаӣ.
***
Гулрухсор: САНОИ МЕҲР
Зи савти рӯд мерасад садои ишқ,
Зи чангу уд мерасад навои ишқ.
Зи панҷ номаи паёми дӯст,
Зи Панҷрӯд мерасад санои ишқ.
Санои ишқи ҷовидонаӣ, Ватан,
Ягонаӣ, ягонаӣ, ягонаӣ, Ватан!
Камоли меҳр партави ҷамоли туст,
Ҷамоли нур ҷилваи ҷалоли туст.
Фурӯғи офтоби безаволи ишқ
Фурӯғи офтоби безаволи туст.
Санои ишқи ҷовидонаӣ, Ватан,
Ягонаӣ, ягонаӣ, ягонаӣ, Ватан!
Диёри зиндадори шаъну шони мо,
Нишони олишони ориёни мо.
Замину осмони орифони ишқ,
Баҳори чор фасли бехазони мо.
Санои ишқи ҷовидонаӣ, Ватан,
Ягонаӣ, ягонаӣ, ягонаӣ, Ватан!
***
Алимуҳаммад Муродӣ: МУШТ БОЯД БУД
То ба кай паҳлуи ҳам,
Аз ҳам ҷудо
Нотавон монандаи ангушт бояд буд,
Дар ҷаҳони муштзӯрон мушт бояд буд,
Мушт бояд буд.
Сахт номард аст хасму ҳиллапарвар,
Мезанад аз пушт ханҷар,
Ҳамдигарро пушт бояд буд,
Пушт бояд буд.
Не ба ҳар зарбе бибояд мисли даф нолид,
Не ба ҳар оҳанг ҳамчун пӯпаки танбӯр рақсид,
Не ба ҳар як нағма дар арғушт бояд буд,
Муштхур не,
Муштзӯру мушт бояд буд,
Мушт бояд буд.
***
Камол НАСРУЛЛО: САРЗАМИНИ ВАҲДАТ
Тоҷикистон сарзамини
дилрабои ваҳдат аст,
Осмонаш файзафшон аз сафои ваҳдат аст.
Ҳар гулу ҳар сабзаву ҳар ҷӯяки оби равон
Раҳкушову раҳсипору раҳнамои ваҳдат аст.
Оби софи чашмаҳои шаҳдрезаш ҷӯ ба ҷӯ
Ҳамсуруду ҳамдуруду ҳамсадои ваҳдат аст.
Ин куҳанмарзи азизон зодгоҳи бахти мост,
Бахти нурафшони мо андар ҷилои ваҳдат аст.
Сулҳ чун пероҳани зебост бар андоми халқ,
Шаъни мо, пирӯзии мо дар намои ваҳдат аст.
Савти ишқ ояд ба гӯш аз тор – тори шаршара,
Обшори Меҳани мо – обшори ваҳдат аст.
Чун кабӯтар сулҳи тоҷикон парафшон дар самост,
Бар ҳама дунё паёми мо салои ваҳдат аст.
Он чи фардо парчами моро ба кайҳон мебарад,
Дасти азми халқи мо – дасти расои ваҳдат аст.
Бегазанду ҷовидонӣ бод он халқе, ки ӯ
Сӯи фардояш равона по ба пои ваҳдат аст.
Тоҷикистон маркази сулҳу амонии ҷаҳон,
Пешвои миллати мо – Пешвои ваҳдат аст!
Рустами Ваҳҳоб: Ваҳдати миллӣ
Чист миллат? – Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.
Аз саводаш дидаи мо равшан аст,
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.
Решаи ҷонҳост дар ҳам бофта,
Риштаи ҷонҳост дар ҳам тофта.
Аз пари Симурғи тавҳидаш қалам,
Мераҳонад ҳасти моро аз адам.
Ваҳдати миллат бақои миллат аст,
Устувор аз муддаои миллат аст.
***
Муҳаммад Ғоиб: ДАЪВАТ
Гӯш ҳарфи роҳбар бояд кунем,
Дуртар роҳи назар бояд кунем.
Дасти нанги худ сипар бояд кунем,
Қатраҳоро ҳам гуҳар бояд кунем.
Дар ҳама майдон зафар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!
Бонги заҳмат гар расад ҳар дам ба гӯш,
Мешавад неши раҳи тақдир нӯш.
Дар диёри рӯдҳои пурхурӯш
Ҳар қадам бояд, ки бошад сабзпӯш.
Хоки мулки хеш зар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!
Бояд аз ҳар қуллаву кӯҳи баланд
Ибрат омӯзем, андӯзем панд.
Хоксоронанд гарчӣ дилписанд,
Сарбаландонанд ҳар ҷо арҷманд.
Боз тоҷи худ ба сар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!
Дигар аст имрӯз авзои ҷаҳон,
Мешавад пайдо балояш ногаҳон,
Дидаааш дом аст бар дилогаҳон,
Алҳазар аз ин раҳу аз ҳамраҳон.
Мо фақат бояд ба худ бовар кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!
Низом Қосим: ВАҲДАТ
Ваҳдат ду ҳиҷо нест,
Ваҳдат ду дили соф аст –
Сӯи ҳам боз.
Ваҳдат як калима нест,
Ваҳдат ду дасти меҳр аст –
Сӯи ҳам дароз.
Ваҳдат шиор нест,
Ваҳдат садоқат аст –
Садоқати даст ба даст,
Садоқати дил ба дил,
Садоқати ёр ба ёр –
Саодати диёр!
***
Ато Мирхоҷа: ЧАШМИ ВАҲДАТ
Дӯстон, бо парчами Ваҳдат
задан ҷавлон кам аст,
Дӯстонро дӯсттар кардан
сари як хон кам аст,
Дар ҳақи ҳар дӯст бинвиштан дусад
девон кам аст.
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар хиттаи
Суғдон кам аст.
Қуллаҳоро фатҳ кардан метавон бо мушкилӣ,
Лек бо сад мушкилӣ натвон ба даст орӣ диле,
Донад инро, ҳар кӣ дорад зери кӯҳе манзиле.
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар ҳавзаи
Хатлон кам аст.
Одамонро дӯст кардан расми Турсунзода аст,
Мазҳаби Айниву дини мардуми озода аст,
З-ин сабаб дар хонаи мо чангу ною бода аст,
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар Фалғару
Раштон кам аст.
Пешвои мо Бадахшон меравад бо чангу руд,
Аз дару боми Ҳисору Исфара борад суруд,
Дар дилу дар ҷони мо ӯ чашми Ваҳдатро кушуд.
Як бародар доштан дар хонадон кам нест, лек
Сад бародар доштан дар Ванҷу
дар Шуғнон кам аст.
***
Шаҳрия: ОШИҚОНАИ ВАҲДАТ

Зиндагӣ гулистон шуд
дар каронаи ваҳдат,
Боғу бӯстон рақсад
аз таронаи ваҳдат.
Як навола нонамро чун хурам ба танҳоӣ?
Лаззате аҷаб дорад обу донаи ваҳдат.
Лолаи дилам пажмурд он замони бедодӣ,
Лола-лола механдам дар замонаи ваҳдат.
Дар табассуми мардум завқи зистан дидам,
Сад дуо равон кардам бар нишонаи ваҳдат.
Дар муҳити бедодӣ ҷӯши ошноӣ нест,
Гарм мешавад дунё аз забонаи ваҳдат.
***
Ворис: ВАҲДАТ
Тоҷикистон хонаи хуршеди Ваҳдат шуд,
Хонаи уммеди мо кохи муҳаббат шуд.
Дастҳо гарми салому дидаҳо пурнур,
Зиндагӣ саршор аз файзи саломат шуд.
Пар кашад Симурғ болои сари тоҷик,
Сарнавишти чун биҳишти мо китобат шуд.
Ишқ омад, оламе хушбӯву рангин гашт,
Ояти сабзи шукуфтанҳо тиловат шуд.
Осмони обии хушранги Истиқлол
Рӯ ба истиқболи дилҳо масти тоат шуд.
Чун санавбар Тоҷикистон қомат афрозад,
Сабзу хуррам кишвари меҳру садоқат шуд.
