Аз Cалафия то Зардуштия аз Ғарб пул мегиранд!

Имрӯз мебинам, ки ба ҷои мулло 1 файласуф, собиқ атеист «фатво» медиҳад,  дилам ба ҳоли ватан месӯзад. Дар замони Горбачев бисёре собиқ раисони ҷамоат, директорони мактаб салла баста, «мулло» шуданду муллоҳои калонсоли ортодокс паси дар. Атеистони дирӯзае, ки таҳти роҳбарии ман «кор» мекарданд, акнун маро «мусулмон» карданӣ мешуданд. Медонистанд, ки ман сайидзодаам, дар оилаи руҳониён бузург шудаам, маро ба мактаби « муллобачаҳо»-и навбаромад ташвиқ мекарданд.

Бетараф будан хуб нест, аз ҳама пеш барои мани мӯйсафед. Ҳамаи шохаву равияҳои дини ислом: ваҳҳобия, салафия, ихвоналмуслимин, озоду пинҳон дар Лондон дафтар доранд. Ҳатто Баҳоия ва Зардуштиён низ. Ҳамаашон ба Ғарб хидмат мекунанд, барои ҷудоиандозӣ миёни мусулмонон. Ҳамаашон барои пул фаъолият мекунанд.

Аврупоиён танҳо пайравони Исмоилияро ба худ тобеъ карда натавонистанд. Медонед барои чӣ? Зеро дафтари Имоми ҳозир ба пул ниёз надорад. Яке аз бойтарин ниҳодҳост. То пошхӯрии Советӣ дороиашон аз 5 млрд доллар боло буд.

Саидҷалол Саидов,

Адиб

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube