Мутаассуф, дар сайтҳои иҷтимоӣ ва Фейсбук, мо одоби баҳс надорем. Ҳар касе ҳамфикри мо нест, душмани мост. Ин аст формати баъзеи мо. Ва натанҳо дар масъалаҳои Укроину Россия ё Эрону Исроил чунин баҳсҳоро мебинӣ. Балки дар баъзе масъалаҳои фарҳангӣ ҳам мутаассифона нафароне, ки худро шоиру журналисту намедонам коршиноси ин ё он масоил метарошанд, одитарин одоби баҳсро надоранд. Ба ҷои он ки бо далел фикри худро пешниҳод кунанд, ба таҳқири ҳамдигар мегузаранд.
Ёд оред баҳси Суруди миллӣ, ки дар расонаҳо нашр шуда буд. 1 бор ба комментҳои он назар кунед, хулосаатонро мебароред. Ҳамон баҳс исботи ин навишта аст, ки мо беодоб шудаем. Дуруст аст, ки вақте гӯш кардани фикри ҳамдигарро надорем, оқибаташ ба хайр нест. Агар донишмандону интелегентамон тоқати баҳсро надоранд, пас аз 1 ҷавони нохондаву нодида чӣ ҷои гила аст?
Сайраҳмон Назриев,
Журналист
