Дуруд ба газетаи мардумии СССР! Ман бо қавле гуфтаи Бобои Ғулом аз тарзи номгузориҳои баъзе таърихшиносон ва баъзе кормандони Кумитаи истилоҳот ва забон, ки солҳои 2013-2015 реформаи номгузориро дар ноҳияи Фархор гузаронданд, розӣ нестам.
Номҳои қадимаи зебо бо мавқеи ҷуғрофиаш, монанди Ковусшаҳр, Барбар, Нушор, Ойхоним, Золи зарро дигар карданд. Ҳатто ба яке аз хоҷагиҳои калони овозадори Ҳисори бузург номи уйғурони хитоиро бо баҳонаи Туркистони шарқӣ аст, гуфта Хутанро гузоштанд.
Бояд гуфт, ки аз солҳои 1931 то 1952, яъне аз саршавии муҳоҷиршавӣ аз куҳистон муқимони таҳҷоии бо номи Қизил-Мазор аксарияташон аз миллатҳои ғайритоҷик буданд, ба монанди Ҷорубқул, Шубанай, Оздодхур, Оқ-Мазор ва ғайраҳо.
Бародарамон С. Ҳайдаров навиштааст, ки дар кадом асос шаҳраки Кангурти қадимаро ба ҷойи таъсис додани ноҳияи алоҳида, ҳатто на ба ҳамсояҳои дар ба девораш, яъне ноҳияи Данғараю Балҷувон нагузарониданд, балки барои баланси замин ва осонии кори худашон ба ноҳияи Темурмалики пайваст карданд.
Кангурт бо мавқеи ҷуғрофиаш дил ва ядрои минтақаи Кӯлобзамин бо ин бузургони гузаштааш ва имрӯзааш гӯем хато намешавад. Ман шахсан мехоҳам дар солҳои наздик орзуи ноҳияи мустақил шудани Кангуртро бубинам.
Зайнулло Раҷабалиев,
бастоншиноси мардумӣ,
аъзои ИТЖ,
н. Фархор,
тел: 100324532
