Ҷанги абарқудратон ва ҷанҷоли тоҷикон…

Рӯзи мастияш шунидӣ, рубаҳе,

Гуфт: ҳоло синаи шере дарам!!!

Вақте, ки миёни Укроинаву Россия даргирӣ сар зад, тоҷикони ФейсБукӣ (ФБ) дар 2 сангар хайма заданд:

-Тоҷикони аврупоӣ (продвинутие) куллан тарафдори Киев буданду ватаниҳо ҷонибдори Маскав…

Ҷанҷоли хонаводагии мо он қадар авҷ гирифт, ки ҳатто русу укроинӣ ҳамдигариро бо ин лаҳни бад, паст ва камарзиш дашном намекарданд…

Соли 2022, аввали моҷаро, 2 дӯст маро шомхӯрӣ даъват карданд. Ҳар 2 вораста, фарҳехта ва донишманд. Ва аммо баъдаҳу сари ҷанги Укроину Россия қариб ҳамдигариро мушту силлӣ мезаданд…

Ва чун баҳсашон ба нуқтаи кулминатсионӣ расид (ҳамакнун бо ҳам қаҳриянд ва шояд якумрӣ), мавқеъи маро пурсиданд. Гуфтам, сабр кунед, вақт нишон медиҳад, ки кӣ ҳақ асту ким ноҳақ ва зимнан 2 фарзия гузоштам, ки аввалу охири ҷанг чӣ мешавад. Вақт нишон дод, ки ман каме ҳақ будаам… Ҷанги укроинӣ  давом дораду абарқудратон манфоеи худро пиёда месозанд, вале 2 бародари ҳамфикру ҳамтабори ман душман шуданд. Яъне мо ҳатто баҳс карда наметавонем. Баҳс бояд созанда бошаду фикри ҷониби муқобил эҳтимолияти зинда буданро касб кунад. Андешаҷудоӣ ба маънии ҷудоиву нифоқи миллӣ нест.  Аммо на дар байни мо тоҷикон…

Ҳоло сари моҷарои Эрон ҷанҷоли лафзонӣ шуруъ шудааст. Ҳама сояи оппоненти худро, онеро, ки бо ӯ ҳамфикр нест, аз девор метарошад. Ҳақорат, сақат, дашном, таҳқири якдигарии тоҷикон дар авҷ. Моҷароро дида, ҳайрон мемонам, ки наход ҳаминҳо дӯстони ман буданд? Имрӯз, ки тоҷикакон барои баҳс сари буҳрони бегонае ҳамдигаркушии иттилоотӣ доранд, оё фардо сенарияи майдони Озодиву Шаҳидонро такрор намекунанд?

Нагӯед, ки “при чем тут соли 1991 ва митингҳояш”?. Ёд доред, ҷанги шаҳрвандии мо аз куҷо сар шуд? Аз “арман-гейт”. Арманиҳоро оварданд дар соли 1989 ва мағзҳои моро таҳрик доданд. Мо-ку намедонистем, ки 2 сол ба баъд абарқудрате бо исми гӯшнавози СССР барҳам мерезад. Вале онҳо, ки медонистанд!!! Ешё как медонистанд. Зимнан моҷарои арманиҳо соц-опроси мо тоҷикон будӣ. Миллате ваҳид ба 2 лагер ҷудо шуд: демократ/наҳзатӣ ва халқӣ/коммунистӣ. Имрӯз аксарияти кулл медонад, пушти лагери аввал кадом давлат меистоду паси лагери №2 кӣ буд. Натиҷа чӣ шуд? Ҷанги бародаркуш… Имрӯз сенарияи ҳамон моҷаро такрор мешавад.

Ҳамла ба Крокус Сити Ҳолли Россия мардуми моро ба 2 лагери мутақобила ҷудо кард: афроде дар “чашмони маъсумаку лоуболаки ин террористон гуноҳе намеёфтанд”-у зумрае “хашму ситези Рустами дастон нуҳуфта аст!” мегуфтанд. Натиҷаи ин баҳс ҳамин шуд, ки хадамоти таҷассусии аксар кишварҳо дар симои тоҷик террорист диданд! Ёд доред, мардуми фаромушӣ, ки чанд давлат оҷилан ба кишвари мо виза ҷорӣ кард? То-та! Мо худро компромат кардем!

Ҳар нафаре фикр дорад, ФБ ва дигар саҳифаҳои интернетӣ танҳо барои пул кор кардан сохта шудаанд, ғалат мекунад. Вақте, ки бо кӯмаки Пейҷери одӣ, хадамоти ҷосусии 1 кишвари маълум, тақрибан тамомии афсару аскари душманашро дар дигар кишвари маълумтар, ҳамагӣ дар чанд соат, таркондаву ликвид намуд, чаро мо фикр дорем, шабакаҳои саргармкунандаи иҷтимоӣ Маркази омузишии тафаккури ҷомеа нестанд? Ҳастанд! Ещё как ҳастанд!!!

Ёд доред, замоне дар ҳама самту сохторҳо пурсиши мардумӣ ё худ “соц-опрос” гузаронида мешуд? Ҳатто марказҳои пурсишгузароние таъсис ёфта буданд, ки бо гранти давлатҳои абарқудрат фаъолият доштанду супориш иҷро мекарданд. Имрӯз онҳо нестанд. Зеро ҷои ин Марказҳои пулхӯрро шабакаҳои иҷтимоии пуловар гирифтаанд, яъне мо худамон акнун пул медиҳем, то нуқтаҳои заъфи моро онҳо омӯзанд; Воқеан ҳам Озодиву Садои Амрико ва дигар расонаҳои расмии барангезандаро бастани давлати маълуми абарқудрат низ такя бар ҳамин шабакаҳост, ки бе ходимони муздгир ва харҷи миллионҳо дуллор низ метавон дилхоҳ ҷамъиятро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ такон дод.

Фарзи мисол, барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба кишваре дигар шарт нест, опрос гузарониву информатсия ҷамъ созӣ ва садҳо ходиме гузориш таҳия кунад. 1 моҷароро мепартоӣ, мардумро ба баҳс мекашӣ, натиҷаашро мебинӣ ва кори хирс тамом.

Фаромӯш карде(м)д, ФБ дар қораи араб чӣ кард? Ба ёдатон орам-мӣ? 18.12.2010, Муҳаммад Буазизӣ ном арабе дар Тунис худро ба нишони эътироз оташ заду Тунис, Миср, Лубнон, Яман, Баҳрайн, Алҷазоир, Урдун, Умон, Арабистони Саудӣ, Судон, Фаластин, Ироқ, Кувайт, Марокаш ва Мавританиё ба коми инқилоб рафтанд. “Баҳори Араб” хазони араб шуду миллионҳо нафар куштаву миллионҳо бе ватану миллионҳо пушаймонанд. А, ФБ моли тахаййули кист? То-та!!!

Зимнан, вақте сари масъалае баҳс мекунед, эй ҳамватанони гиром, пухта донед, ки ин назарсанҷист!!! Шуморо меомӯзанд. Ва бештар сатҳи андешаи ана ҳамон фанату мутаассибинро. Мутаассуф, имрӯз кор то ҷоест, ки шахсан ман фарқе миёни 1 мутаассиби китобнахондаи чалласавод ва донишманди китобхондаи тоҷик надида истодаам. Сенарияи соли 1991 такрор шуда истодааст, дар ФБ ва шабакаҳои иҷтимоӣ: ҳамон сол низ “касе бо мо набуд-душмани мо буд!”, ҳамфикру ҳамсинфу ҳаммилату ҳамдеҳа ба сангарҳои иттилоотӣ ҷудо шуда буданд. Имрӯз магар вазъ дигар шудааст? Навиштаҳои худатонро дар ФБ бинед ва холисона бигӯед, ки ман рост мегӯям ё дурӯғ? Яъне мо ба 1 чоҳ, ки ғалтида будем, боз афтоданием.

Ҳуй мардум! Аз ин роҳи ҳамдигарбадбинии кулл бадар оед. Дар симои ҳамдигарӣ душман наҷӯед. Моҷарои соли 1937 ва 1991 барои мо бас аст. Душман наҷӯед. Ҳамфикр низ накобед. Мавқеъи ман чист, дар ин моҷаро? Ҳамон мавқеъе, ки Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ва аз номи якояки мо пахш кард:

-Мо ҷангро маҳкум мекунем ва тарафдори гуфтушунуфти ҷонибҳоем…

Тамом вассалом! Бо душмании ману ту, ҳақорату таҳқири ҳамдигарӣ, эй шерони майдонғариб, коре ҳал намешаваду ракетае аз роҳаш баргашта, қафо намеравад…

Агар бо зӯри пилу табъи шерӣ,

Макун бо оташи сӯзон далерӣ!!!

Всё! Мо Метавонем!!!!!!!

27.06.1997-26.06.2025. Чун дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, мехоҳам роҷеъ ба ин Рӯз, ки шиносномаи миллати мо пеши оламиён аст, тамаркуз кунам:

– Ваҳдати миллӣ ва Сулҳи Тоҷикон воқеан ҳам дар олами муосир аналог надорад. Тавре дар боло ишора рафт, маҳз ҷанҷолу хархашаҳои лафзонии мо зиё(д)иёни миллат, халқро ба сангарҳо кашида, то ҷанг оварид, хуни садҳо ҳазор рехту миллионҳо гуреза шуданд. Ва нахустин шуда, кӣ фирор кард? Мо-зиёиёни хонашери майдонғариб, афроде, ки дар баҳс пирӯзӣ меҷустем, на ҳақиқат.

Кӣ ва дар куҷо чунин сулҳро баъди ҷанги хунини 5 сола дар хотир дорад? Дар инқилоби Ленинӣ Армияи Сурх битамом Сафедҳоро маҳв кард, то СССР ба сулҳу сафо бирасад. Дур намеравем, дар ҳамин Эрони ҳамзабон, қудрати имрӯза, тамомии эрониёни бо онҳо ҳамфикр набударо, куллан ё нест кард ва ё аз ватан ронд! Миллионҳо нафар, ҳудуди ним аср, азияти ғурбату муҳоҷират мекашанд. Воқеан ҳам агар қобилияти қабули факту далел доре(м)д, оё медонед аз Исроил тули 77 соли мавҷудияташ, чанд яҳудӣ фирор кардааст? Ҳамагӣ 1 нафар ва он ҳам барои ҷинояти фардӣ. 276000 яхудӣ ихтиёран ба дигар кишвар, усулан Аврупо ё Амрико зиндагонӣ рафт. Дар 20 соли ахир 1 млну 600 ҳазор яҳудӣ, танҳо аз СССР ба Исроил репорт шуд, кӯчид.  А, мо мусалмонон бошем, ҳамасола, садҳо, ҳазорон, миллион шаҳрвандони хешро депорт мекунему мекушему месӯзему меронем ва боз даъвои шариату ватану мазҳабу миллату дин дорем. Ин ҳамту инфо барои андеша буд. Натаркед ва маро ба яҳудипарастӣ гунаҳкор накунед…

Тоҷикистон ягона кишвари мусалмоннишеман аст, ки зери ҳидояти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳама гурезаҳоро баргардонд, силоҳбадастонро овард, қотилонро авфи кулл кард, хиёнаткоронро бахшид, ба саркардагони фитнаи ҷанги гражданӣ 30% ҳукуматро супурд!!! Дар кадом давлати мусалмониатон чунин моҷаро иттифоқ афтодааст? Дар ЯГОН давлат! Зеро барои Сарвари мо муҳимтар аз давлат Ваҳдат буд, ки давлатдорӣ ҳалолашон бод!

Мо Метавонем!!!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube