Ҳафтаи навбатӣ бинобар сабаби гарм омадани ҳарорати ҳаво ва ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, супориш дода шуд, ки … ғарқ шавем!
Барои мо ки дар ин давр вақти ба кӯлу дарё рафтан камтар муяссар мешавад, ин супориш мисли тарошаи аз бом афтодагӣ ногаҳонӣ шуд. Пешопеш ошкор месозам, ки ман шиновар нестам! Лек дар ҳавзҳои шиноварӣ бо даст додани имкон бо рафиқон оббозӣ мерафтам. Акнун бояд ғарқ мешудем. Мо метавонем!
Гар шиновар нестӣ, по бар лаби дарё манеҳ
21.06.2025. Соат ба вақти Бохтар 13:17 дақиқа. Аслан аз хурдӣ оббозӣ дар наҳрҳои хурдро писанд надоштам. Чун медонистам, ки обҳои аз боло меомада чи қадар тозагӣ доштанд. Аммо чун бузург шудам, ҳоло ҳам оббозиро хуш надорам. Оббозӣ барои шиновар осон аст, аммо ба одамоне, ки бо ин ҳунар балад нестанд, хеле хатарбор аст.
Чанде пеш Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо нашри 1 огоҳинома аз шаҳрвандон хоҳиш намуд, ки дар ҷойҳое, ки мамнуъ аст, оббозӣ накунанд. Аммо баъзе бехабарон дидаю дониста ҳаёташонро зери хатар мегузоранд, ки ин амали онҳо ҷомеаи шаҳрвандиро нигарон мекунад. Ҳамасола бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарё ва обанборҳо, одамон ғарқ мешаванд, ки қисмати зиёдашонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Бинобар ин Кумита махсусан ба падару модарон муроҷиат мекунад, ки барои оббозии фарзандони худ назорат баранд ва эҳтиёт кунанд.
Мо бошем дар дарёву обанбор не, балки дар Аквапарки н. Кушониён аз пайи иҷрои супориш гаштем.
Қоидаҳои тиллоӣ ҳангоми оббозӣ
Аксари одамон на аз он сабаб ғарқ мешаванд, ки шиновариро намедонанд, балки ноогоҳона ба масофаи дуртар шино мекунанд ё тарсида, ба воҳима дода мешаванд ва боварии худро аз даст медиҳанд, даступохӯрда мешаванд, ки ин боиси ғарқшавӣ мегардад.
Бо шиками сер не, танҳо баъд аз 1 ё 2 соати хӯрокхӯрӣ метавонед, ки ба шиноварӣ машғул шавед. Шиноварӣ дар ҳавзҳои рӯйкушодае, ки ҳарорати обаш аз 15 дараҷа паст аст, иҷозат дода намешавад, зеро ҳолатҳои аз ҳуш рафтан, рагкашӣ ва сармозадагӣ имконпазиранд. Дар ҳавзҳо ва мавзеъҳои ношинос набояд оббозӣ кард. Дар зери ин гуна обҳо мумкин аст, ки сангу кундаҳо, оҳанҳо ва арматураҳо ниҳон бошанд.
Дар мавзеъҳои ботлоқзор ва ё лойқадор оббозӣ кардан мумкин нест. Агар мабодо дар вақти шиноварӣ ба растаниҳои обӣ дармондед, ба воҳима дода нашавед. Аз чанги ҳар гуна растаниҳои обӣ ба осонӣ халос шудан мумкин аст. Дар мавзеи растаниҳои зиёд зуд-зуд таваққуф намуда, шино намоед.
Набояд дар ҳолати мастӣ ба об дароед ва оббозӣ кунед, чун ин амал қатъиян манъ аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ шӯхиомез ва ногаҳонӣ ягон нафарро ба об тела надиҳед, зеро ин шӯхӣ метавонад ба марги одамоне, ки ҳассосияташон ба оби хунук баланд аст ва ё шино карда наметавонанд, оварда расонад.
Дар мавзеъе, ки мо барои иҷрои супориш омадем, албатта аксарият ҳамин қоидаҳое, ки боло овардем, навишта шуда буданд. Сараввал барои ворид шудан ба порк дастбанд мегирем. Агар бо худ кӯдаки то 6 сола дошта бошем, он метавонад ройгон оббозӣ намояд. Ин 1 намуд имтиёз аст. Вобаста ба синну соли одамон нархнома гузошта шудааст.
Ана оббозӣ сар шудееее
Ҳарорат 42 дараҷаро нишон медиҳад. Одам дар чунин ҳарорат танҳо об мехоҳаду бас. Агар мо ҷойи муносиб ва оби кабуди осмонирангро бинем, яқин аст, ки аз оббозӣ худдорӣ карда наметавонем. Мо ҳам бо дидани мавзеи муносиб худро сараввал ба лаби парк афкандем. Сипас, бо андак салқин шудани бадан, аз об берун шуда, ба худам гуфтам, ки ин супориш баъди қассоб шуданамон хело бамаврид буд. Махсусан дар ҳамин ҳарорати тоқатфарсо.
49 ғарқшуда ва амалиёти Наҷот
Тибқи маълумоти оморӣ шаҳрвандоне, ки дар кӯлу дарёҳои вилояти Хатлон дар соли 2025 аллакай ғарқ шудаанд, 49 нафарро ташкил медиҳад, ки боиси нигаронии сокинон гаштааст. Бинобар ин бо мақсади пешгирӣ аз талаботи ҷонӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти рамзии «Наҷот» ташкил карда шудааст.
Дар доираи амалиёти мазкур кормандони милитсия, аз ҷумла масъулини хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони мақомоти милитсияи вилояти Хатлон, ба соҳили каналу дарёҳо ва минтақаҳои барои оббозӣ мамнӯъ ва хатарнок сафарбар карда шуда, маҷмӯи чорабиниҳои мақсадноки профилактикӣ доир менамоянд.
Сабаби аз соли гузашта дар ҳудуди вилоят афзудани шумораи ғарқшавандагонро Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, капитан Раҳмонзода Б. бо баланд шудани ҳарорати ҳаво тавъам кард. Аксаран мо дар лаби дарёҳову обанборҳо шоҳиди ғарқшавии одамон мегардем, ки ҳамаи ин аз надонистани одитарин қоидаҳои шиноварӣ рух медиҳад. Мо албатта дар чунин ҷойҳо набудем. Минтақае, ки мо барои пажӯҳиш ихтиёр кардем, «Аквапарк»- и ки дар н. Кушониён буд. Дар дохили ин Аквапарк шароитҳои лозима барои истироҳаткунандагону шиноварон муҳайё буда, одамон метавонанд дар соатҳои муайяншуда фароғат намоянд. Аслан баъди вуруди одам ба ин ҷо ҳамагуна сабт, навор манъ аст. Лек мо бо истифода аз дигар роҳҳо тавонистем барои хонандагони сершумори рӯзнома чанд акс гирем. Мо метавонем!
Ҳавзи шиноварӣ мерасад?
Дар суҳбат бо мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон Саидзода Ҳусейн, огаҳ шудем, ки дар 24 шаҳру навоҳии вилоят дар маҷмӯъ 40 адад иншооти варзишӣ – шиноварӣ арзи ҳастӣ доранд, ки 33 тои он дар ҳолати хуб қарор дошта, 7 – тои он ба таъмир ниёз доранд. Агар ба таҳлили синну соли ғарқшавандагон назар андозем, мебинем, ки шумораи бештари онҳоро наврасони аз 10 то 18 сола дар бар мегирад. Ҳамаи ин далоил бозгӯи онанд, ки аз бемасъулиятӣ ва беназоратии баъзе волидон онҳо ба чунин ҳолат афтодаанд. Ҳол он ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар кишвар солҳост амал дорад.
Ғарқ шудем ё не?
Агар мо аз саночҳое, ки ҳангоми оббозӣ истифода кардем, намедоштам ҳатман ғарқ мешудам. Лекин тавре дар боло ишора кардем, ман оббозу шиновар нестам ва аз қоидаҳои шиноварӣ, ки огаҳ будам, дар миёни об худро ӯҳда карда тавонистам. Агар саночҳо намебуданд, ҳатман ғарқ мешудам. Лекин аз «канор андеша карда», қоидаҳоро дуруст ва саривақтӣ истифода бурдам. Агар ғарқ ҳам мешудам, дастаи наҷотбахшон зуд ба кӯмакам меомаданд. Чунки дар ин ҷо нафарони масъуле ҳастанд, ки ғарқшудаеро бинанд, ба кӯмакаш мешитобанд ва намегузоранд, ки ягон нафар ғарқ шавад. Воқеан ҳам 49 тани фавтида дар дарёҳое ғарқ шудаанд, ки оббозӣ манъ аст!
Баъди иҷрои супориш хеле гурусна шуда, сӯйи хона шитофтем, то шикамро сер кунем. Ногуфта намонад, ки шиноварӣ, ки хеле роҳат буд, одамро гурусна мекардааст. Ҳам баданро обутоб додем ва ҳам аз супориши навбатӣ ба хонанда рапорт медиҳем. Салом тобистооооон! Мо метавонем!
Нуриддин Қосимзода,
СССР
