“Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳама давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Таърих оинаест, ки дар он саргузашти халқ, дастовардҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ давоми ҳазорсолаҳо инъикос меёбад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо дуруст ва ибратомӯз фармудаанд: «Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва мероси буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабилаи хеш огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд».
Ин суханон моро ба сӯи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва бузургдошти мероси аҷдодӣ ҳидоят менамояд.
Ворух – яке аз қадимтарин деҳа ва дурдасттарин гӯшаҳои Тоҷикистони азиз маҳсуб ёфта, мардуми сарбаланду ватандӯсти ин минтақа то ин вақт расму оинҳои миллии худро дар марҳилаҳои дуру дарози таърихӣ ҳифз намудаанд. Ворух яке аз деҳоти калонтарин ва хушманзараест, дар шаҳри бостонии Исфара, дар ду тарафи дарёи кӯҳии Исфара, ки аз дарёҳои Каравшину Кишамбиш ибтидо мегирад, дар доманаи кӯҳҳои сар ба фалак кашида ҷойгир шудааст. Аз шаҳри Исфара дар масофаи 45 километр дур қарор дошта, зиёда аз 40 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.
Ворух бо мардуми соҳибмаърифату ҳунарманд ва меҳмондӯст, инчунин, табиати зебо, меваҳои шаҳдрез, меъмории ба худ хос ва ёдгориҳои бостониаш шӯҳрат дорад. Деҳа дар таърихи халқи мо мақому манзалат ва ҷойгоҳи баланд дорад.
Ёдгориҳои таърихӣ дар ҳудуди Ворух хеле зиёданд ва таҳқиқ металабанд. Аз ҷумла, ёдгориҳои таърихии мақбараи Хоҷаи калон, масҷидҳои Сурх, Домулло Азим, Мавлонои Саид, мазорҳои Хоҷаи Балогардон, Чимирғон Бобо ё Шибирғонӣ, Хоҷаи Ғор, Хоҷаи Чорсанг Бобо, Катибаи дараи Ворух ва ёдгории Гавҳораи заррин аз ҳамин қабиланд.
Маҳаллаи Сари Дашт бошад, яке аз мавзеъҳои зебову хушманзари деҳаи Ворух, охирин маҳали аҳолинишин дар ин самт мебошад. Мавзеъҳои сайёҳии Беди Каҷ, Тагоба, Зағирдон, Лор, Савунг, Зардолак, Деволак, Гузари хук ва ғайраҳо дорои табиати зебо ва рангин буда, дилро мафтун месозанд.
Дар мавзеи Тагоба, Беди Каҷ ва манзили мардуми маҳалла якчанд филмҳои бадеии «Тоҷикфилм» ва «Ӯзбекфилм» ба навор гирифта шудааст. Дар мавсими гули зардолу дар мавзеи Зағирдон филме, ки дар бораи Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов нақл мекунад, наворбардорӣ шуда буд. Ин ҳофизи мумтози миллат дар ин ҷо суруди «Гул бе рухи ёр хуш набошад» – ро сароида буданд, ки дар хазинаи фарҳанги тоҷик маҳфуз аст.
Ин маҳалла зодгоҳи шахсони барӯманд, ашхоси сарнавиштсоз ва чеҳраҳои намоёни илму адаб мебошад. Маҳалла дар домани кӯҳҳои сар ба фалак ҷой гирифта, бо боғҳои гулбасар ва меваҳои шаҳдбораш машҳур гардидааст. Мардуми Сари Дашт аз давраҳои қадим бо меҳнатдӯстиву фурӯтанӣ, кору пайкори нек, ободкорӣ ва созандагӣ ва шуҷоату диловарӣ шӯҳратёр шудаанд.
Қаҳрамонони арсаи ҷанг, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шодравонҳо Абдуҳалим Ҳакимов, Суннатбой Исматов, Бобозокир Шокиров, Давлатбой Додобоев, Тошибой Ҷӯраев, Аҳмадбой Қурбонов, Бобонизом Ӯлмасов, Абдухаллоқ Шарофов, Мавлонбой Ҳакимов, Бобоназар Раҷабов, Бобомуҳаммад Собитов ва Мамадрозиқ Мансуров парвардаи маҳаллаи Сари Дашт буда, дар майдони набард ва корзори меҳан қаҳрамониву диловарӣ, матонату устуворӣ ва комёбиҳои беназир нишон додаанд.
Имрӯзҳо дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалла корҳои ободонӣ вусъат мегирад. Роҳҳо мумфарш гардида, мавзеъҳои сайёҳӣ обод мешаванд. Дар ин корҳо ҳама пиру барнои маҳалла, соҳибкорон, ҷавонони меҳнатдӯст бо роҳбарии раиси ҷавонмарди он Ибоиддин Абдуллоев саҳми шоиста мегузоранд.
Дар бораи Сари Дашт адибону олимон ва шоирони зиёде, аз ҷумла зодагони ҳамин маҳалла Абдусамеъ Қуддусов ва Мухтори Абдулло шеърҳо эҷод намудаанд.
Алҳол барои намуна шеърҳои «Дилбанд» – и Абдусамеъ Қуддусов ва «Сари Дашт» – и Мухтори Абдуллоро пешкаши хонандагон мегардад:
Дилбанд
(Руҷӯе дар гиромидошти иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, устод Ҳоҷӣ Суннатбой Исматов)
Аз канори роҳ мебарад роҳе,
Сархаму хамӯш марди
пурбардор.
Мегузорад нарм по ба рӯи хок,
То набинад ҳеҷ ин замин озор.
Қадри хоки пок, ӯ накӯ донад,
Мегузорад пой нарму оҳиста.
Гарчӣ хомӯш аст, дар ниҳоди ӯ,
Мекунад фарёд сад дили хаста.
Дар ниҳодаш чанг мезанад бонге,
Дар димоғаш бӯй мекушояд хун.
Мефитад то ҳол дар нигоҳи ӯ,
Дар сари ҳар пой сад
даре вожгун.
Бо калону хурд мекунад таъзим,
Ҳар саломи ӯст ҷои сад панде.
Мебарад аз роҳ сӯи дилҳо роҳ,
Марди ботадбир, марди дилбанде.
Сари Дашт
Хонаҳоят поя бошад,
Бомҳоят зинаи кӯҳ.
Оламу одамшиносӣ,
Ки ба пояи синаи кӯҳ.
Эй Сари Дашт, эй дили кӯҳ,
Дастаи гулҳои зебо.
Меҳри ту дар дидаҳо пур,
Ишқи ту дар синаҳо ҷо!
Қиссаи Санги арӯсат,
Мебарад аз синаҳо ғам.
Хотирот аз Санги ҳоҷат,
Дидаҳоро мекунад нам.
Мардҳои босаховат,
Қадри хоки ту фузуда.
Дар дилу дар дидаи ман,
Чун ту дунёе набуда.
Хонаи бегонаат нест,
Бом аз боме баланд аст.
Одами бегонаат нест,
Ном аз номе писанд аст…
Мухтори Абдулло,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
