Карда раҳро ширабандӣ,
Меваҳои ҳамчу қанде…
Бо афсӯс, ба туту зардолуҳои чун қанд ширину беҳтарин дорую дармони кӯчаҳои пойтахт, ки касе начашида, таги пойҳо нобуд шуда мераванд, менигарам. Дар биёбонҳои хушку сӯхтаи сип – сиёҳи Муғулистону Арабистони Саудӣ будам ва шукронаю ифтихор мекардам, ки Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст!
Росташро гӯям, мо ба қадри неъматҳоямон намерасем! Ба гуфти устод Лоиқ “Ношукрии мо бар намаки умр зиёд аст.” Дар хориҷа ғулинги моро ҳамчун дору, донакӣ мехаранд! Соли 2003 вақти дар Россия буданам, занҳои шиноси рус хоҳиши барояшон зира фиристодан мекарданд. Охири солҳои 80 асри гузашта мураббие бо номи Спитса Василий Игнатевич ба дастаи футболи “Ҳосилот” Фархор омад. Баъди ба Москва рафтан, чанд бозингари дастаро бо ҷои кор он ҷо кӯмак намуд ва ҳар шанбе, якшанбе дар хонааш ҷамъ шуда, оши палов мепухт. Ҷумъахон Давлатов, собиқ бозингари даста нақл кард, ки ҳини ба Тоҷикистон омадан, ба янга мегуфтам, ки аз он ҷо чӣ тӯҳфаатон биорам, мегуфт, ки “қаламфури тез ва пудинаи хушки боғӣ. Мо русҳо гаштем, аптека ба аптека. Дар Фархор аз занҳои тоҷик ёд гирифта будам. Ҳамин ки шамол хӯрдам, зуком шудам, 1 тезакова ё биринҷова карда мехӯрам, дуппа – дуруст мешавам.”
Камбағал не, тамбағалем!
Аз “Алиф бонк” баргашта, қисмати рости назди чорроҳаи самти мкр №82, 104, 103, Автовокзал коргоҳеро дидам, ки дар саҳни ҳавлиаш зардолуҳои заб – зарди пухта ғавдалабод таги чархи мошинҳои дакаданг мехобиданд. Имкон надоштам, вагарна ҳамаашро ҷамъ карда мегирифтам. Ҳол он ки ҳама меваҷот, аз ҷумла, зардолуро аз бозор мехарем. Дорандаҳо ку майлӣ, лекин дар ҳар корхона фаррошон ҳастанд, ки маоши ночиз мегиранд. Оё намешавад, ки маҳсулоти тайёрро чида, бурда, барои фарзандон мураббои ширин тайёр намояд? Боз менолем, ки камбағалем!
Замоне зор будем, зор бар 1 қоқи зардолу,
Дилам бар меваҳои қанди зери пой месӯзад.
Фаромӯшхотир шудаем
Оре! Вазниниҳо, маҳрумиятҳо ва азобҳои даврони ҷанги дохилиро хеле зуд фаромӯш кардем, ки оқибати нек надорад. Имрӯзҳо, нонҳои бутуни дохили халтаи селофанӣ сиёҳшуда ва мағорбаста, нонҳои сафеди бе ҳеҷ камбудиро дар канорҳои роҳ, партовгоҳҳо дидан касеро ба ташвиш намеорад. Ҳол он ки худро муъмину мусалмон меҳисобему касеро гап заданӣ намемонем. То ин дам агар ягона миллате, ки ба нону об аз ҳама бештар эҳтиром мегузошт, муқаддас медонист ва нонпораҳоро аз замин бардошта, ба чашм мемолиду бӯса мекард, тоҷик буд. Пас, чӣ шуда ба мо, ки оҳиста – оҳиста аз аслият, арзишҳои беҳтарини миллӣ дур шудан дорем? Хислати фарзонае, ки устод Мирзо Турсунзода, хеле зебо ба риштаи назм кашидааст:
Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.
Замин моро мебахшад?
Шояд барои одами мефаҳмидагӣ ҳамин кифоя бошад, то бифаҳмем, ки Худо ба тоҷик чӣ сарзамину иқлиме додааст, ҳарчанд аз қадрношиносиамон қисмати зиёди сарзамини гуламонро, дар аввали асри ХХ ба дигарон додем! Яъне Худо аз мо ранҷида, бозпас гирифт. Садқаи чунин сарзамин шавед, гуфт. Худо кунад, ки боқимондааш ҳам аз даст наравад. Дар ҳаёт ҳам ҳамин тавр аст. Замин, коргоҳеро аз одами танбалу ноӯҳдабаро гирифта, ба шахси кордону меҳнатдӯст медиҳад.
Мирзо Рустамзода,
СССР
