Таҳлилу таққос

Дар ҳошияи мақолаи «Муҳоҷир, қонун ва ҷавобгарӣ» (СССР №21 аз 22.05.2025, муаллиф Ҷ. Ҳусейнова) аз нигоҳи 1 математики дилетант 1 ҷадвали таҳлилӣ – таққосӣ таҳия намудам. Аз муқоисаи рақамҳои омори расмӣ бисёр чиз аёну рӯшод мегардад. Масалан, сатҳу сифати касбомӯзӣ, малакаву дараҷаи тахассуси коргарону муҳоҷирони 2 халқи бародару баробари тоҷику ӯзбек.

Хонандагони азизи СССР, лутфан ба ҷадвал нигареду худатон ба арифметикаи омор баҳои советӣ диҳед.

Устод Боқӣ Раҳимзода дар шеъри дилпазиру ҷовидонаи худ ба ҳам монандии 2 дӯстро чунин қиёс кардааст:

…………………………….., наздик,

Эй ҷӯра, бигӯ, ӯзбекӣ ту ё ки тоҷик.

Шоир, қаҳрамон ва муаллифи гимни Ӯзбекистон Абдулло Орипов бародариамонро чунин ташбеҳ додааст:

Шайдои ин рафоқатам, ҷӯям  ба он қиёс,

Ширинтар аст аз асал – ӯзбеку тоҷик.

Обрӯю нуфузи давлат шаъну ифтихори миллат аст. Дар Ӯзбекистон барои дар хориҷа паст кардани имиҷ ва обрӯрезии миллату давлат 2 сол шиносномаи хориҷӣ намедиҳанд. Дар Туркманистон кулли масҷидҳо рӯихати дақиқи намозхонҳоро доранд. Инҳо чораҳои маҷбурист, дар ин замони бошиддат тағирёбандаю пуртазодду хатарноки имрӯза.

Таърихи теракти моҳи марти соли 2024- ро русҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд! 4 тоҷики асолатбохтаи мо 10 млн аҳолиро нороҳат карду ҳазорон муҳоҷирони кориро хиҷолатзада… Ин 4 нафарро бо фоиз ҳисоб намоем: 0,0000 4%-и аҳолиро ташкил дода, аз адади муқаррарии 1 (як) миқдоран 250000 маротиба  камтару хурдтар аст. Лекин зарари маънавӣ, молиявӣ, идеологӣ ва сиёсии 0,0000 4 %-и  чор нафар эҳсос шуд-мӣ?

Аз ин лиҳоз, бо мақсади ҳифзи обрӯи ҷаҳонии ҶТ ва манфиатҳои миллӣ қонунан ин тартиб бояд ҷорӣ карда шавад:

Анализи рақамҳои расмӣ

Номи кишвар Аҳолӣ, млн нафар ММД, млрд доллар Муҳоҷир дар ФР Соли 2024 ҳисоби миёна 1 муҳоҷир чанд доллар фиристод
млн нафар интиқоли пул, млрд доллар
1 Тоҷикистон 10 14 1,2 5,8 4833
2 Ӯзбекистон 37 115 1,7 15 8824
  ФАРҚИЯТ: 27 101 0,5 9,2 3991

 

Тавзеҳ: Соли 2024 расман 1,7 млн муҳоҷири ӯзбек ба оилаҳои худ ба миқдори 15 млрд доллар маблағҳои пулӣ  интиқол додаанд,ки ин баробари  ММД (ВВП)-и кишвари мост.  Аз буҷетамон бошад, 4 маротиба мӯл  аст.  Ба ҳисоби миёна 1 тоҷик ба Ватан 4833 доллар фиристодаасту1 ӯзбек 8824 доллар, ки 3991 доллар ё 83 % зиёд аст. Маблағи фиристодаи тоҷикон баробари 42 %-и ММД, пулҳои фиристодаи ӯзбекон бошад, ки ба 13%-и ММД-и  кишварашон мусовист.

Шаҳрвадони 16 ва 18 солаи Тоҷик, ки бори аввал соҳиби шиносномаи ҶТ мешаванд, бояд аҳднома ё савганди садоқат ба халқу Ватанро қабул намоянд.  Беҳтару хубтар аст, агар ин маросим дар муассисаои таълимӣ, дар ҳузури устодон ва падару модарони онҳо гузаронида,  нусхаи аҳднома дар дасти волидайн нигоҳ дошта шавад.

Маннон Махсумов

ш. Истаравшан

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube