Рамзи шуҷоату мардонагӣ ва пирӯзӣ

Дар сурат: Солҳои ҶБВ занони тоҷик ҳамчун кӯҳкан дар шахтаҳои ангишт кор мекарданд. Шаҳрчаи Шӯроб, соли 1942

Салом СССР ва хонандагони азизи он! Матлаби Умар Умарзода «Рамзи пирӯзӣ ва ё рамзи истеъмор»-ро хонда, ба вусъату паҳнои донишу хирад ва ҷаҳонбинии муаллиф ошно гардидам, ки «ҳарчи дар кӯза ҳаст», ҳамон таровад. Ғалабаи халқҳои шуравӣ бар фашизми истилогари Германияи гитлерӣ ғалабаи адолат бар разолат, хайр бар шар, рушонӣ бар торикӣ, ҳастӣ бар нестӣ, ҳаёт бар мамот ба шумор рафта, барои аҳли башар, хусусан халқҳои шуравӣ фаромушнопазир боқӣ мондааст ва хоҳад монд.

Мақсади ҷанг – тақсимоти нави ҷаҳон

Муаллиф У. Умарзода дар матлабаш нигоштааст; «Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ин муборизаи идеологияи фашизм ва коммунизм буд, ки дар саргаҳи он Олмон ва Иттиҳоди Шуравӣ меистоданд», ки воқеъати ҳол ин тавр нест.

Империализми Германия, ки дар ҷанги якуми ҷаҳонии солҳои 1914-1918 шикаст хӯрда, аз натиҷаҳои сулҳи Версал норозӣ буд ва бар болои ин ҳамчун гунаҳкорон ва саркардаҳои ин ҷанги ҷаҳонӣ барои кирдорҳои ҷинояткорона ва ҷангҷуёнаашон бе ҷазо монда буданд, ҳисси ниқорталабию қасосгириашон, баъди чанде боло гирифта, барои амалӣ гардонидани ин мақсадҳояшон омодагии ҳаматарафа ва ҷиддӣ медиданд. Баъди сари қудрат омадани фашизм дар Германия таҳти роҳбарии Адолф Гитлер ин ҳиссиёт боз ҳам авҷ гирифта, Германия ба манбаъи ҷанги нави ҷаҳонӣ табдил ёфт. Мақсади асосии ин ҷанг аз ҷониби фашизми Германия қасосгирӣ, тақсимоти нави ҷаҳон ва зери таъсири худ даровадани халқу миллат ва давлатҳои ҷаҳон буд ва баъдан нест кардани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани ҳудудҳо ва захираҳои табии он буд.

Фаромӯшӣ бевиҷдонист!

Ҷанги 2-юми ҷаҳон бо мусоидати давлатҳои империалистии Англия, ИМА, Франсия, Япония 1 сентябри соли 1939 оғоз гардида буд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки қисми таркибии ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мебошад, баъди ду сол – 22 июни соли 1941 бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ ба Иттиҳоди Шуравӣ оғоз гардида, то ин вақт анқариб тамоми давлатҳои Аврупо бар шумули Франсия зери тассаруфи немисҳо монда буданд. Оташи Ҷанги дуюми ҷаҳон зиёда аз 72 давлати ҷаҳонро фаро гирифта, амалиётҳои ҷангӣ бошад дар ҳудуди зиёда аз 40 давлати олам ҷараён гирифт. Ба ин ҷанг 110 млн нафар одамон аз давлатҳои ҷаҳон сафарбар гардида, давлатҳои зиёд ба харобазор табдил ёфта, зиёда аз 50 млн нафар одамон қурбони ҷанг ва миллионҳо нафари дигар захмӣ гардида буданд.

Давоми ин ҷанг 34 млну 476 ҳазор нафар халқу миллатҳои гуногуни шуравӣ баҳри озодӣ ба муҳорибаҳои ҷанг сафарбар гардиданд, ки миёни онҳо на 200 ҳазор нафар тавре У. Умаров дар матлабаш зикр кардааст, балки зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони шуҷоъу далери тоҷик баҳри дифоъи Ватан ва нест кардани фашизму аз асорати онҳо озод кардани халқу давлатҳои ҷаҳон бо амри дилу виҷдон сафарбар гардиданд, ки зиёда 100 ҳазор нафари онҳо аз ин ҷанг барнагаштаанд. Фаромуш кардани хотира ва корнамоиҳои онҳо ҷашн нагирифтани иди ғалаба бар фашизм оё бевиҷдонию беэҳтиромӣ нисбати руҳи онҳо нест?

Саҳми тоҷикистониён

Солҳои ҷанг дар ақибгоҳ ҳам халқи тоҷик садоқатмандона шабу рӯз меҳнати тоқатфарсо намуда, ним серу нимгурусна, бе сару либос ва пойафзоли дуруст фронтро ба маводҳои озуқаворӣ, сару либос, пойафзол ва маблағҳо барои сохтани яроқу аслиҳа ва дигар муҳимоти ҷангӣ таъмин мекарданд.

Садҳо ҳазор нафар занону кудакон ва пирони барҷомонда аз майдонҳои ҷанг, аз қисми аврупоии СССР ба Тоҷикистон кучондашударо бо сарпаноҳ, озуқаворӣ ва сару либосу пойафзол таъмин кардаву, маҷрӯҳони ҷанги барои табобат ба Тоҷикистон овардаро халқи тоҷик табобат кардаву аз нав баҳри дифои Ватан сафарбар кардаанд, ки худ ин корнамоӣ ва шуҷоат буд.

Набояд  курнамак шуду фаромуш созем, ки Тоҷикистони Шуравӣ дар қатори  ҳамон 15  ҷумҳурии шуравӣ ва 151 халқу миллатҳои СССР зода ва парвардаи  Ҳукумати Шуравӣ буд, бо ёрии бародаронаи  халқҳои шуравӣ ба хусус  намояндагони ҳамон Россияи болшевикӣ ҷумҳурӣ таъсису бунёду шукуфон  гардида, мардумамон баъди 1000 сол, соҳиби озодӣ, давлат обу нон ва гарчанде  ба таври мутлақ ҳам набошад соҳибватан гардидаанд ва ҳар гушаи СССР барои  тоҷикистониён Ватан ва диёр буду ҳифзи он вазифаи муқаддас ба шумор  мерафт.

С. Ҳайдаров,

н. Темурмалик

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube