Туҳфаи “Тоҷик эйр” ба мардуми Ванҷ

23.06.2025. Нахустин парвози ҳавопаймои АН – 28-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе бо муваффақият анҷом ёфт. Ин парвоз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз 11 сол дубора ба роҳ монда шуд. Хабарнигори СССР низ дар ин парвози нахустин ба ҳайси мусофир сафар намуд.

Ин иқдом бо мақсади беҳтар гардонидани иртибототи дохили кишвар, сабуксозии рафтуомади шаҳрвандон ва рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои дурдаст, бахусус Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳандозӣ шудааст.

Тавре Наҷмиддин Давлатзода, раиси ноҳияи Ванҷ афзуд, ифтитоҳи дубораи ин хатсайри муҳими ҳавоӣ барои сокинони ноҳияи Ванҷ ва вилоят аҳамияти бузург дорад:

– Бозсозии хатсайри мазкур барои мардуми Ванҷ аҳамияти ниҳоят калон дорад. Он на танҳо рафтуомади сокинонро осон менамояд, балки барои рушди соҳаҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, савдо, таҳсил ва тандурустӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Дар баробари ин, дубора роҳандозӣ шудани парвозҳо ба Ванҷ боз 1 қадами муҳими дигар дар амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии миллӣ — рушди ҳамҷонибаи минтақаҳо ба ҳисоб меравад!

 Лозим ба таъкид аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» ин парвозро дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 25.06.2025 нахуст аз ноҳияи Ванҷ шуруъ мегардад, эҳдо намуд.

Парвозҳо дар хатсайри Душанбе – Ванҷ – Душанбе ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа сурат гирифта, вақти парвоз аз Душанбе, соати 08:00 ва вақти парвоз аз Ванҷ соати 09:30 муқаррар карда шуд. Вақти парвоз 50 дақиқа ва нархи чипта 750 сомони (1 тараф)-ро ташкил медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» айни замон парвозҳоро аз пойтахти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Панҷакент, Кӯлоб, Рашт ва Ховалинг амалӣ менамояд.

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР,

Душанбе – Ванҷ – Душанбе

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube