Акси №1, ки мебинед, акси набераи ман, Шоҳбол аст! 25.06.2025 ба синни мубораки 1 солагӣ расид. Зодрӯзаш шоҳрӯзамон боду ҳумоюнаш…
Ӯро мехостанд арабӣ исмгузорӣ кунанд, яъне Илёс. Гуфтам на! Набераи ман бояд ҳамноми Шоҳаншоҳи Ҳулбук бошад, ки дар соли 725 лашкари ҷаррору ғаддору маккору ҷаббори арабро шикаст дода буд ва самарқандиҳои нозанин бар мазаммати Асади араб мегуфтанд:
Аз Хуталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия.
Овор боз омадия,
Ҳушан низор омадия…
Акси 2, ки мебинед, сурати Шоҳи Хуталон, мавсум бар Шери Хатлон, Шоҳбол аст. Номашро дар кӯчае мешнавед? На, албатта. Ва дар замоне, ки давлати мо сирфан миллист, номи набераро Шоҳбол мондем, то исми қаҳрамони халқи Тоҷикро зинда кунем. Ва аммо дар ниҳоди сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, САҲШ мавсум бар ЗАГС-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки зертобеи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, рӯзи 23.06.2025 ба волидайнаш гуфтанд, бо чунин ном ба шумо шаҳодатнома намедиҳем. Зеро номи Шоҳбол дар Феҳристи тавсиявии номҳои тоҷикӣ нест. Аммо Шаҳбол ҳаст! Зимнан Шоҳболи маро кадом китобнахондаву дур аз фарҳанги ниё, Шаҳбол кард. Ин ҳам гӯрба, ба падари Шоҳбол ҳатто тавсия додаанд, дар ин ниҳод, ки хубтар аст номашро Абубакр монад, зеро “мо мусалмонем-ку?!”…
Ҷои ханда аст, агар ҷои гиря намебуд. Кай, кадом солу кадом аср дар ЗАГСҳо мардуми масъулиятшиносеро бо ҳувияти тоҷикӣ ба кор мегиред, эй масъулин? Шумо дар соате, ки ҳатто Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳову борҳо, сареҳатан аз минбарҳо мегӯянд, ки бар асолати номгузории Тоҷикӣ баргардед, Феҳристи тавсиявиро баҳона овардаву миллатро араб кардан доред! Кай дарк мекунед, ки Феҳристи тавсиявӣ барои садгирӣ аз асмоъи арабист, на номҳои гӯшнавози сирфан тоҷикиву ориёӣ?
С. Мизроб
бобои Шоҳбол, ки дар ҳуҷҷатҳо барои 1 умр Шаҳбол шуд…
