Риштаи дӯстии ману Сайфиддин Достиев аз санаи 31.08.1983 оғоз ёфт. Ёдам ҳаст, ки дар ин санаи таърихӣ соати 8:00 ба факултаи навбунёди филологияи тоҷики УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДМТ), ки онро донишҷӯён “Ҷазира” мегуфтанд, ҳозир шудам. Донишҷӯён саф ороста буданд. Ба ҳар ду тарафи сафоростаҳоро назар кардам, ки донишҷӯёни тарафи чап нисбати рост ҷавонтаранду бо як эҳсосоту ҳаяҷон дар саф истодаанд. Ман ба ҳамон тӯда наздик шудам, ки дар сафи охир як ҷавони ситорагармӣ кушодачеҳра истодааст. Ба китфаш даст гузошта пурсидам:
– Мебахшед, ин сафи курси якуми филологияи тоҷик ҳаст???
– Бале, ман донишҷӯи курси 1-Сайфиддин Достиев, – гӯён даст дароз карда вохӯрӣ кард.
– Хеле мамнунам, ман – Мақсадулло Ҷамолов, – гуфтам
Садои дуи моро шунида, дигар ҳамсабақонамон омада худро муаррифӣ карда, даст дароз карданд. Ин аввалин дидорбинии банда бо ҳамсабақонам буд, ки 43 сол инҷониб риштаи дӯстӣ баставу ифтихороти рафоқат дорем.
Ману Сайфиддин Достиев, Раҳими Ашроф, Абдулҳамид Самадов ва Абдуҷаббор Раҳмоновро санаи 1.12.1984 аз дохили дарс ба сафи Армияи Шуравӣ даъват карданд. Мо панҷ нафар ҳамсабақон дар қисмҳои ҳарбии гуногуни космодроми Байконури Ҷумҳурии Қазоқистон 2 сол адои хизмати Ватан кардем.
Гумон мекунам, ки дирӯз буд, ки бо дӯстам Сайёф донишҷӯ ва ҳамяроқ будем. Аҷаб умри одам тезгузар аст. Дӯстам санаи 25.04.2026 шаст баҳори умрро паси сар мекунанд. Ин ба гуфтан осон аст. Дар ин солҳои тӯлони инсон чи қадар ҳодисаю воқеаҳоро аз сар мегузаронад. Бо чи қадар пастию баландиҳои зиндагӣ ҳамтақдир мешавад.
Рӯзномаи мардумии СССР пас аз 35 сол ману дӯстамро ба ҳам наздиктар кард. Бо воситаи ин рӯзномаи дӯстдоштаам ба мушкилоти як чанд саргумҳо мушкилкушо бо дастгирии аҳли байти рӯзнома гардидам. Дӯстам Сайёфи Мизробро на танҳо Тоҷикистон ва берун аз марзу буми он мешиносанду ҳурмату эҳтиромаш мекунанд.
ШАСТИ камолот муборак дӯстам, ҳамсабақам ва ҳамяроқам. 120 сола шаведу ҳамеша табассум аз лабонатон канда нашавад!
Мақсадулло Ҷамолов,
н. Деваштич
