Қабули раис: аз роҳ то даргоҳ

11.04.2026. Соат бо вақти Душанбе 04:05 дақиқа. Редаксия супориш дод: «Ба қабули раиси шаҳри Кӯлоб рав!». Супориш равшан иҷрояш масъулият. Субҳидам ҳанӯз пурра рӯшан нашуда буд, ки мо роҳи Кӯлобро пеш гирифтем. Мо Метавонем

Мушоҳидаҳо ва андешаҳо

 Масири Бохтар Кӯлоб, ки рафтуомадаш ҳудуди 320 километрро ташкил медиҳад, моро ба 1 саёҳати корӣ ва ҳамзамон андешабарангез бурд. Росташро гӯем, чанд вақт буд, ки чунин масофаи тӯлонӣ тай накарда будам. Роҳ озмоиш аст, ҳам барои сабру тоқат, ҳам барои устувории ирода. Дар ҳамин роҳ беихтиёр ба он ронандагоне, ки ҳар рӯз ин масофаро тай намуда, ризқу рӯзии худро меёбанд ва масъулияти ҷони мусофиронро бар дӯш доранд, аҳсану офарин хондам. Брависсимо, таксиҳои самти Бохтару Кӯлоб, боз дар ҳоле, ки шоҳроҳи Данғара-Восеъ харобу валангор гардидаву ҷояш роҳи нав месозанд. Аммо то он сол хеле азият бар души шумост. Шумо метавонед!

 Салом Кӯлоб

11.04.2026. Соат ба вақти Кӯлоб 07:02 дақиқа.  Мо ба назди бинои МИҲД шаҳри Кӯлоб расидем. Сардии саҳарӣ ҳанӯз эҳсос мешуд, аммо дар ҳаво 1 навъ фазои ором ва интизории рӯз эҳсос мегардид. Моро акои Сайидмурод ва Алии Беҳудуд, кормандони газетаи СССР пешвоз гирифтанд. Албатта бо чеҳраҳои кушода ва рафтори самимии кӯлобӣ.

 Рӯзи шанбе буд, маълум аст, қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр дар назар аст. Посбони назди дар бо лаҳни расмӣ хабар дод, ки қабули шаҳрвандон аз соати 08:00 оғоз мешавад.

 Мо тақрибан 1 соат вақт доштем. Фурсатро аз даст надода, ба тамошои шаҳри бостонии Кӯлоб баромадем, шаҳре, ки дар даврони Истиқлол шукуфта, симои нав гирифтааст. Кӯчаҳо, биноҳо, фазои шаҳр ҳама аз рушду пешрафт дарак медод.

Аммо дар баробари ин, аз суҳбатҳои роҳгузарон чунин садоҳо низ ба гӯш мерасид, ки раиси навтаъиншуда субҳгоҳон ба ҷамоатҳо меравад ва аз аҳволи мардум бохабар мешавад. Агар чунин бошад пас иқдоми шоиста аст.

Қабул сар шуд!!!

Интизории мо тақрибан 1 соат зиёдтар тӯл кашид. Соат 09:10-ро нишон медод, аммо аз раиси шаҳр ҳанӯз дараке набуд. Бо вуҷуди ин, мошини хизматии ӯ дар саҳни бино қарор дошт. Ба толори қабул ворид мешавему манзараеро мебинем, воқеан ҷолиб ва ҳамзамон андешабарангез. Толоре, ки барои гӯш кардани арзу дод ва пешниҳоду шикоятҳои мардум ҷудо гардидааст, 16 нафар шаҳрвандонро дар бар мегирифт. Ҳар яке бо дарди худ, бо умеди худ ин ҷо омада, то дод бар додгар кунанд!  Чеҳраҳои онҳо ҷиддият ва нигоҳҳояшон пур аз интизориро нишон медод. Аз суҳбатҳо маълум шуд, ки мушкилоти асосии мардум дар ин ҷо ҳам масъалаи замин аст.

Холиқова Моҳсафар, сокини ҷамоати деҳаи Чорбоғ, Шарипова Нодира ҷамоати Данаҳа, Давлатова Кенҷамо маҳаллаи Ш. Шоҳин, Назаров Ҳабибулло маҳаллаи Суғдиён ва чанд нафари дигар аз баҳсҳои замин ва ниёз ба кӯмакҳои аввалия сухан гуфтанд.

 Мо пештоз қайд мекунем, ки раиси нави шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода дар соҳаи замину заминдорӣ таҷрибаи бой дорад. Ин умед мебахшад, ки масъалаҳои марбут ба тақсими одилонаи замин ва ҳалли баҳсҳо дар доираи қонунгузорӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Низом ва навбат

1 вежагӣ таваҷҷуҳи моро ҷалб кард. Тартиби қабули шаҳрвандон!

Маълум гардид, шахсоне, ки мехоҳанд ба қабул дароянд, бояд як рӯз пеш омада, худро дар қайд гиранд ва танҳо рӯзи шанбе дар қабул иштирок кунанд. Ин низом, агар ба тартиб мусоидат кунад ҳам, ба гунае, ки дида мешавад, барои мардум каме душворӣ эҷод мекунад. Оё дуруст аст, ки шаҳрванд барои 1 масъалаи худ 2 рӯз вақт сарф кунад? Саволи дигар низ ба миён меояд.  Чаро намояндагони мақомоти маҳаллӣ пешакӣ бо муроҷиати шаҳрвандон шинос намешаванд? Чаро дар вақти қабул баъзе маълумотҳо норӯшан боқӣ мемонанд? Инҳо саволҳоеанд, ки ҷавоб мехоҳанд.

Қабули шаҳрвандон ин на танҳо шунидани арзу шикоят аст, балки оинаи муносибати ҳокимият бо мардум мебошад. Ҳар 1 муроҷиат 1 тақдир, 1  дард, 1 умед аст.

 Имрӯз, вақте ки ҷомеа ба адолат ва шаффофият бештар ниёз дорад, фаъолияти роҳбарон бояд боз ҳам наздиктар ба мардум бошад. Раиси шаҳр, ҳамчун намояндаи ҳокимияти иҷроия, масъулияти бузургеро бар дӯш дорад, масъулияти шунидан, фаҳмидан ва ҳал кардани мушкилот. Хушбахтона то ҷое дидем, раиси нав аз иҷрои ин масъулият баромад ва аксарияти кулли муроҷиаткунандагон дилпур аз толор бадар шуданд, ки раис ба додашон мерасад…

Умеди нав ва раиси нав

 Сафари мо ба Кӯлоб танҳо як гузориши оддӣ набуд. Ин як дидор бо воқеият буд, воқеияте, ки дар он умеду нигаронӣ, интизорӣ ва талабот ҳамзамон ҷой доранд. Агар ҳар роҳбар ҳар субҳро бо фикри мардум оғоз кунад ва ҳар қарорро бо адолат анҷом диҳад, ҷомеа ҳатман рӯ ба пеш меравад. Гумон мекунам, агар акаи Сайидмурод ва Алии Беҳудуд намешуданд, инҷо моро касе нигоҳ намекард, чунки бо талоши раиси қаблӣ рӯзноманигор дар ин шаҳр он қадре, ки мебояд, дигар эътибор ва эҳтиром надорад! Сипос барои ҳамроҳӣ карданашон, ки барои дидани баъзе мавзеъҳо ҳамроҳи мо буданд.

Зимнан аз раиси нав мардум умедҳои тоза ва қарорҳои муфиду дастрасро интизоранд. Журналистон низ бар умеданд, ки дар симои ишон, мисли раиси пешин, масъулин дигар  «душман намебинанд» ва ҳамкорӣ хоҳанд кард. Зеро бо таъин гардидани симои нав мардум бовари нав ба раиси нав доранд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 Қосимзода Нуриддин,

СССР

Бохтар- Кӯлоб – Бохтар

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube