Аз таҳхонаи хотираҳо

Ба пешвози шастсолагии рӯзноманигор Сайёфи Мизроб

Бо вуҷуди он ки дар даҳсолаҳои аввали замони истиқлолият дар “Ҷавонони Тоҷикистон”  Сайёфи Мизроб ба ҳайси муовини сармуҳаррир фаъолият дошт, он замон ман бо вай боре сӯҳбати ҷиддие надоштам. Фақат гоҳ-гоҳе аз ҷаласаҳои назди сармуҳаррир Давлат Назриев хабар меомад, ки номбурда аз саҳифаҳои нави бозкардаи ману Раҷаби Мирзою Фахриддини Холбек, “ – журналистони ояндадор” дар ин нашрия ҳимоя кардаву чанд тавсияҳое ҳам додааст. Мо он тавсияҳоро мегирифтему зуд амалӣ мекардем. Насле набудем, ки бигӯем “вазифаи устодон гуфтан асту вазифаи мо ба майли хеш шунидану дарк кардан”. Балки дар пеши насли калонсолтар аз хеш, ба назар гирифтани тавсияҳои эшон, моро бештар аз онҳо хушҳол мекард.

Ё ин насл, ки аз мо чанд курта пештар дарронида буд, ба фазои журналистикаи миллӣ огоҳона қадам мезаду боре мо дар он тавсияҳо камбудиҳоро намедидем? Билло бахудо, то ҳол ин саволро пеши худу хотираи мағорбастаам нагузоштаам.

Бо аз сари вазифа рафтани Давлат Назриев, дар ҳайати эҷодии “Ҷавонони Тоҷикистон” дарҳам – барҳамие ба вуҷуд омад. Чандин нафар аз кор рафтанду чандин нафари дигар ба кор омаданд. Агар хато накунам, маҳз дар ин даврон буд, ки Сайёфи Мизроб бо ихтиёри худаш баъди ҳаждаҳ соли кор аз радиёи “Озодӣ”  аризаи рафтан навишт. Қиссаи аз кор рафтани чандин ситораҳои журналистикаи он айём мавзӯи дигар аст, аммо ҳамон рӯзгоре, ки Шариф Ҳамдампур, медиамагнати тоҷик ба ивази маоши баландтар маро ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба кор даъват кард ва ман бе дудилагӣ розӣ шудам, бо аз “Ҷавонони Тоҷикистон” рафтани Сайёфи Мизроб мувофиқ омад. Бори аввал буд, ки ман баъди расонаҳои давлатӣ – шуъбаи мусиқии Радиёи Тоҷикистон ва ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои кор дар расонаи мустақил розӣ шудам ва маҳз эҳтиёҷ ба маоши бештар маро водор кард то ба даъвати сардабири “Тоҷикистон” лаббайк” гӯям.

Дигар макони ман нашриёти “Шарқи озод” буд. Маҳз дар ин даргоҳ ман бо чашми худ дидам, ки мардуми рӯзномахон чӣ гуна ба ҳар навиштаи ҷолиб арҷ мегузоранд ва барояшон журналист мисли ягона додшунавашон аст. Дар ин даргоҳ замоне, ки ҳафтаномаи “Фараж” – ро таъсис дода будем, бо Сайёфи Мизроб рӯ ба рӯ задем. Баъди ҳолпурсӣ ман ба Эшон ( аз аввал то имрӯз ман Сайёфи Мизробро “Эшон” мегӯям, ки сабаби аввали он аслан аз авлодони Эшонҳо буданаш бошад, сабаби дигар пойбандии аз ҳад зиёди вай ба ашъори классикон буд, ки ҳар лаҳза зоҳир мешуд-Х.А). гуфтам, ки барояш беҳтарин кор таъсиси як нашрияи мустақил аст, ҷойи вай рӯзнома аст, на Радиё. Ин андешаро ман ба он хотир гуфтам, ки садҳо барномаҳои хуби ман дар Радиёи Тоҷикистон ба қавле “дар ҳаво рафтанд”, таърих онро зуд фаромӯш кард ва аслан Радиёи он солҳо барои як рӯз буд, на барои дар таърих сабт шудан. Чун Сайёф корманди радиёи “Озодӣ” буд, бовар надорам, ки барномаҳои зиёди ӯ ҳам дар ҷое маҳфуз монда бошад.

Эшон ҳарфи маро гӯш карду ғарқи андеша гуфт:

-Ҳоло мебинам, ки чӣ кор бояд кунам.

Аз ин рӯ, хабари пайдо шудани СССР барои ман ногаҳонӣ набуд. Рӯзҳои аввали кори ин нашрияро дар ошёнаи ҳаштум, дар ҳамсоягии мо ёд дорам. Як утоқи майдаҳаке доштанд ва мизу курсиро аз ҳар утоқи ҳамкорон гирифта буданд. Имрӯз аст, ки СССР сайт ҳам дораду ютубканал ҳам ва корманди бисёре. Аммо он замон фақат Сайёфи Мизробу Сафват Бурҳонов дошту бас! Чун Сафват муддате дар Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба ҳайси директори иҷроия фаъолият карда буду аслан идеяи таъсис додани ин Марказ ба вай тааллуқ дошт, мо дар оғози кор бо ҳам фаъолият доштем. Аз ин рӯ, барои хабар гирифтани вай қариб ҳар рӯз ба ин утоқ сар мехалонидам. Он замон “Фараж” аз нашрияҳои серхонанда буд ва аллакай “Нигоҳ” – у “Озодагон”  ҳам аз ворид шудани хеш бо навиштаҳои ҷолиб ва ҳадафу армонҳои ҷиддӣ хабар медоданд. Аз ин рӯ, ба пайдо шудани нашрияи наве бо номи СССР ҳар касе ба тахмину шубҳаи хеш ва саволҳои “классикӣ” миёни қаламкашон мисоли “ сарпарасташ кӣ бошад?”, “ҳадафаш чӣ бошад?” ҷавоб мекофт. Дар оғози фаъолияти СССР ҳам чанд мавод маҳз барои ин нашрияи навтаъсис навишта будам ба хотири он ки замоне Сайёф муовини сармуҳаррири нашрияе, ки кор мекардам,  буду дастгири мо ҷавонони як насл поёнтар, Сафват бошад ҳамкорам.

Баъди ин, ману Сайёфи Мизроб як сафари муштараке ба шаҳри Бишкек кардем, ки хотираҳои хубу хотирмоне доштем, ҳамдигарро бештар шинохтем, дар пиндору хулоса боз ҳам наздиктар шудем.

Вале ман фикр дорам, ки дар шинохти Сайёф ва дарки дунёи ботинии вай ҳамсабақи Донишгоҳияш дар шаҳри Санкт Петербург шодравон Акбари Саттор бештар аз дигарон ҳисса дорад. Вақте бо шодравон Акбари Саттор ҳамсоядача шудем, соатҳо аз замони тиллоии умраш, аз замони донишҷӯиаш қисса мекард, ки дар ин хотираҳои вай ҳамеша тимсоли Сайёфи Мизроб чун журналисти якраву мағруру донишманд зоҳир мешуд.

Баъди ин мо бо ҷамъи сардабирони нашрияҳои дигар сафаре ба Бадахшон доштем. Бадбахтона, на хотираҳои сафари Бишкек ва на Бадахшонро ҳоло ҳам наметавон ошкоро навишт, аммо ҳамин қадарро мегӯям, ки дар ин сафарҳо ман Сайёфи Мизробро бештар шинохтам ва ҳангоме имрӯз ҳам баҳсу баррасӣ сари шахсияташ меравад, ҳамеша мегӯям, ки вай шиори нашрияаш “Мо метавонем!” – ро ҳамеша кӯшиш мекунад амалӣ намояд.

Тобистони имсол бошад ба ман муяссар шуд, ки бо яке аз қаҳрамонони афсонавии ҳафтаномаи СССР Алии Беҳудуд дар шаҳри Кӯлоб ошно шавам. Беҳуда намегӯянд, ки “овозаи Рустам, беҳ аз худи Рустам”. Пеш аз ошноӣ ман фикр мекардам, ки Алӣ воқеан як марди авбош, сергап ва “ҳавои даҳон” аст, вале ӯро чун як марди хушсӯҳбат, воқеъбин, меҳмондӯст, доною зирак ёфтам.

Баъди даргузашти Акбари Саттор, ки воқеан барои ман як зарбаи ногаҳонӣ буд, гирифтори инсулт шудам. Чун ба беморхона рафтам, гуфтанд, ки ин сеюмин инсулти ман асту аз гузаронидани ду инсулти дигар бехабар мондаам. Муддати чиҳилу панҷ рӯзе, ки дар беморхона будам, садҳо ҳампешаю ҳамсабақонам дидорбинӣ омаданд, аммо фақат навиштаи беғаразонаи Сайёфи Мизроб “Хуршеди ГЖК” ба дилам сахт таъсир карду маро устувортар гардонид.

 Ёдам намеравад ва ба қавле “ҷои гап” омад ва лозим медонам бигӯям, ки баъди ин навишта, баъди аз беморхона баромадан, ки ҳанӯз ҳам ба маҳалли кор намерафтам, субҳе занги тилфон бедорам кард. Рақами ношинос. Бардоштам. Шахси ношинос худро муаррифӣ кард:

Ман Аваз Кабиров, директори бозори “Султони кабир”. Маводи Сайёфро дар бораи бемориат хондам. Воқеан аҳли қалам ҳамеша бояд азизи мардум бошанд, аммо ман хабари бемориатро аз нашрия фаҳмидам. Додари азиз, тавонӣ ягон нафарро ба назди ман фирист ва Аваз рақамашро дод.

Ростӣ, ман ин шахсро намешинохтам ва боре надида будам. Аммо чун хоҳишаш батакрор буд ба маҳалли кор таъин кардам, ки ягон нафар ба наздаш равад. Баъди чанд соат маблағи фиристодаи Аваз Кабиров дар назди ман меистод. Расо ҳамон қадаре, ки ман дар беморхона харҷ карда будам…                

Ёди он солҳо ба хайр бод ва ин гуна шахсони дилсӯз ҳамеша болонишин бошанд! Аммо, муҳим ин ки он замон аллакай ҳафтаномаи СССР-ро ҳама мехонданд чӣ тоҷиру чӣ раису чӣ аҳли бозор! Ин аз мавқеъ ёфтани нашрия дар миёни хонандагон гувоҳӣ медод. Нашрия бештар ба хонандаи одӣ арҷ мегузошт ва тӯли фаъолияташ бештар ба хонандаи одӣ такя мекард. Аз ин рӯ, худро “нашрияи мардумӣ” ном ниҳодани он ҷон дорад. Дар ҳоле ки нашрияҳои дигар яке зиндагиномаи чеҳраҳои маъруфи ҷанги шаҳрвандиро нашр мекарду дигаре ба масъалаҳои пуштипардагии иқтисодӣ рӯй оварда буд ва саввумӣ дар масъалаҳои сирф миллӣ пешгом.

Баъди даргузашти Акбари Саттор журналистикаи чопии Тоҷикистон мурд! Ҳа, мурд! Ин ки дигар чанд беҳунаре, бадзабоне, бадрӯзгоре дар фазои иҷтимоӣ журналистикаро ба тиҷорат бадал карданду худро журналист – блогер номиданд, дигар ҳама муқаддасоти журналистикаро бо худ бурд. Мунгаю навҳаҳои чанд журналисти замоне соҳибномро ба тобути журналистика мехонаму гиряам меояд. Ман бисёр мехостам то Сайёфи Мизроб рисолати ҳамнишинию ҳамандеширо бо Акбари Саттор ба ҷой ораду баъди вай раиси Иттифоқи журналистон бошад. Аммо Сайёф нахост. Номзадиашро бозхонд кард. Чанд бор дилашро ҷарроҳӣ намуд ва то андозае худро ба гӯшаи танҳоӣ кашид.

Имрӯз ҳам гоҳ – гоҳе Эшонро вомехӯрам. Аз мушкили расонаҳою журналистика мегӯем. Гузаштаҳои дурахшону ояндаи торикро мегӯем. Хулосаи сӯҳбатҳоямон ин байти Ҳофиз мешавад, ки бо ҳасрат ба забон меорем:

Мо озмудаем дар ин шаҳр бахти хеш,

Бояд кашид аз ин шаҳр рахти хеш!

Аммо ба куҷо? Баъди расидан ба синни шасту панҷоҳ? Ҳамоно мисраъҳои сурудаи Одина Ҳошими нотакрор ба ёдам мерасад:   

 Куҳандиёро! Диёри ёро!                                                                                                                               

Дил аз ту кандам, вале надонам,

Ки гар гурезам, куҷо гурезам

вагар бимонам, куҷо бимонам?

25 апрел бобои Эшон шастсола мешавад. Аз эътирофи ин хабар бахудо дили ман ҳам таҳ мекашад, чун думболаи вай ман ҳам ба сӯйи шаст меравам. Ба худ такрор ба такрор савол медиҳам, ки наход? О, ҳамин дирӯз буд, ки ман сари рубрикаи нав меандешидам ва сари нашрияи нав меандешидам…аммо.. умр гузарон асту “чун киштии дар об истода менамояду чун тир меравад”…

Вале Бобои Эшон, он умре хотирмон аст, ки ба набераҳоят чизе барои гуфтан дорӣ, аз хотираҳои ҷавонӣ, ки дар Питер сипарӣ шудаанд, аз лату кӯби ҷангсолорон қисса мекунӣ ва бо ғурур аз чандин ҷаррроҳии дил мегӯиву суханатро ҷамъбаст менамоӣ:

Аммо мо ба ин ҳама тоб овардему инак шастсола ҳам шудем!

Орзуи он дорам, ки мисли имрӯз дилсӯзу ҷасур, фаррухрӯзу комёр бошед!

Баҳори шаст муборак Эшон!    

Хуршеди Атовулло,

Журналист

 PS: Матлабро чанд моҳ пеш навиштам ва хостам дар Фараж нашр кунам. Саргузашти Фараж маълум аст дигар. Ҳамкорон хостанд дар газетаи навтаъсиси Олуча чоп кунем. Аммо, даст рӯи сина, дар “Олуча” нашри очерки портретӣ дар бораи Сайёфи Мизроб, малеҳ гӯям, тарошае аз бомро монад. Зимнан пофишорӣ кардам, то Эшон мақолаамро маҳз дар СССР чоп кунад. Мо (ҳам) Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube