Армия ва мо

(Ё чаро кӯлобӣ дар Помиру помирӣ дар Суғд ва ғ. ва ҳ. хизмат накунад?)

Ба таваҷҷуҳи Вазири мудофиаи ҶТ

Ремарк: Ин матлаб кайҳо дар мағзам мепухт, вале 1 воқеа онро тарконид, ки имрӯз нависам. Таври маълум вилояти Хатлон якум шуда, дар рӯзи аввали даъват нақшаро иҷро намуд. Дар кишвар дар рӯзи нахустин 54,3% нақшаи даъват иҷро шуд. Ба назар мерасад, артишгурезии ҷавонон коҳиш ёфтааст. Аммо мушкиле, ки менависам, шояд сабаби ваҳдати миллӣ дар Армияи Тоҷикистон гардад, агар ба он таваҷҷуҳи хос кунанд. Мо Метавонем!

 Намедонам, шояд 7-8 сол пеш буд, ки писарбузурги журналисти шинохташуда Суҳробшои Фаррухшо ихтиёрӣ ба хизмат рафт. Ӯро барои довталабона омаданаш, дар ш. Душанбе, чанд километр дуртар аз хонаи падарӣ «ба кор» гирифтанд. Дуруст навиштаам хонанда, ба хизмат на, ки маҳз ба кор. Зеро Суҳробшо, ки хеле лутфи латиф дорад, пайваста мегуфт:

-Ин чӣ хел хизмат аст, ки ҳар шаб солдат ба хона меояду субҳ бо ман аз хона баромада, ӯ сӯи част ба кор мераваду ман тарафи корхона…

Имтиёзи дигари сарбози мо ин буд, ки ӯ «зан дошт». Воқеан ҳам имтиёзи нонавишта дар Артиши Тоҷикистон ин «зан доштан ё надоштан» аст. Зеро ҷавононе, ки издивоҷ кардаанд, дар шаҳру навоҳии хеш хизмат мекунанд. Ва зуд-зуд ба хона мераванд. Пеши кӣ? Албатта, пеши волидайн… Ин кашфи Амрико нест, ки далел талабед. Инро ҳама медонад!

Рӯзе устои хонаам гуфт, аз сарбозии додараш ба дод омадааст. Зеро ҳар шаб солдат дар хона аст. Ҳаким (номи усто) ахиран «через» кардаву браво-сарбозро ба вилояти Суғд равон намудааст ва мегӯяд:

-Хайрият, ки бо ҳамин ҷонам аз сарбозкашӣ ба қисмати ҳарбиву бозпас бегоҳ ба хона оварданаш озод шуд…

Чанде бо худам воқеае рух дод, ки тавре дар боло ишорат кардам, сабаби навиштани ин матлаб гардид:

-Ҷиянам ба хизмат довталабона рафт ва ӯро дар маркази ш. Кӯлоб ба хизмат гирифтанд. Ҳафтаи пор, ки аз хизматаш 4 моҳ беш намондааст, аскарбаччаро ба Бохтар бурданду ман дар бало мондам. Тамомии аҳли хешу ақрабо сарам чормағз мешикаст, ки солдат Шумо гуфта ба хизмат рафта буд. Ӯро ба Кӯлобшаҳр баргардон. Бечора дар ғарибӣ ва дур аз Ватан азият мекашад…

Аҷобати кор дар ин аст, падари сарбозро, ки худаш 2 соли расо дар хориҷаи дури дур- Муғулистон сарбаландона хизмат кардааст, хешу табор маҷбур кардаанд, ки ба ман занг занад. Ман дар Байконур, 4 бародарам дар Шарқи Дур (Далний Восток) ва яке дар Уланбатор шарафмандона хизмат кардаем. Аз 1 хонадон 6 солдат! Ва мисли дилхоҳ Тоҷики дигар ягон кас даъвое надошт, ки сарбозро ба хонааш наздиктар кунанд. Дар тасаввури мо намегунҷид, ки Ватанамон СССР ба шаҳру навоҳӣ ва республикаву вилоят қисмат мешавад. Ё меғунҷид-мӣ? Ин савол ба хонанда аст. Оре, маҳз ба хонандае, ки фикр дорад «маро дар назар дорад СМ?».

Муҳтарам Вазири мудофиа!

Ман, Сайёфи Мизроб, 1 пешниҳоди вежа ба Шумо дорам. Оре, маҳз ба Шумо, зеро аз омаданатон тартибу низом дар маъракаҳои даъват ҷорӣ гашта, Облава қариб аз байн рафтааст. Бар боварам, ин раванди нанговар куллан гум мешавад. Аммо то он дам, дастур ва ё амри вежа диҳед, ки:

– Кӯлобӣ дар Суғд:

-Суғдӣ дар Бадахшон:

-Бадахшӣ дар Кӯлоб;

-Ғармӣ дар Бохтар:

-Бохтарӣ дар Ғарм…

… ва ғайра ва ҳоказо хизмат кунанд!!!

Яъне имтиёзи нонавиштаи «ҳар нафар дар паҳлуи хонаи очааш» ва «имтиёзи зандору безанҳо» барҳам дода шавад. Зеро агар ҷавон дар 2 соли Армия гӯшаю канори бе ин ҳам кӯчаки Ватани хешро дида набитвонад, кай онро мебинаду кай ба қадри ватану меҳандорӣ мерасад?

Таҷрубаи табодули намояндагони маҳаллаҳо, ки ба ваҳдати миллӣ меоварад, дар кишвар кам нестанд. Фарзи мисол, бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ, бадахшиҳо дар Хатлону хатлониҳо дар Суғд ва суғдиҳо дар Душанбеву Данғара дар донишгоҳи тиббӣ мехонанд.

Маркази миллии тестӣ бошад, аслан ба он афроде, ки аз дигар маҳалланду ба дигар вилоят ҳуҷҷат месупоранд, имтиёзи вежа қойил аст. Ин кори хеле оқилона мебошад. Зеро ассимилятсияи миллат, омезиши тафаккур ва хуни миллат, хеле зарур аст. Мо шаттаи маҳалпарастии шӯравиро дар соли 1991 хурдем. Бас будагист?

Мутаассуф, дар шӯравӣ, ки воқеан ҳам дониши хубу мукаммал медод, пас аз хатми донишгоҳу донишкадаҳо аксарияти кулл ба «мини-ватани бобоӣ» бармегаштанд. Яъне миллат дар деги маҳалл меҷӯшид. Ин дег ахиран сар омаду давлатро хароб кард:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд!!!

Воқеан ҳам дар шӯравӣ ягона мактабе, ки тамомии маҳаллаҳои кишварро ба ҳам мепайваст, хизмат дар Армияи Советӣ (АС) будӣ. Тоҷик бренди АС буд.  Мо, собиқ размкорони АС аз тамомии гӯшаву канори РСС Тоҷикистон то ҳануз бо ҳам сари дӯстӣ дорем. Ва на танҳо бо тоҷикон. Шахсан ман то кунун бо ҳамхизматони арманиву озарӣ, русу чечену доғистониву қирғизу қазоқу узбек ва ҳатто латишу корес мукотиба дорам ва аз рӯи дастрас онҳо ба аёдати ману ман ба зиёрати ишон меравем.

Воқеан ҳам, 1 вежагии АС ин ҳам будӣ, ки сарбозони интернатсионалист ё худ иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, бо ваҳдате, ки миёни ҳам доштанд, аз оппозитсияи исломӣ тарафгирӣ накарда, куллан бар дифоъи Ҳукумати Конститутсионӣ хестанд. Тасаввур мекунед, агар ин ҷангдидаҳо ун тараф мегузаштанд, ҳоли мо чӣ мешуд? Яъне ана ҳамон ваҳдати сарбозӣ «солдатский котёл» сарбозони шӯравиро дар иттифоқу иттиҳод нигаҳ дошт. Пас чаро мо дар Армия, ягона маконе, ки ҳама баробаранд, ин иттиҳодро ҷорӣ накунем?

Сарбозе, ки дар пеши хонаи худ хизмат мекунад, маъзарат, аммо солдати ҳақиқии ватан намешавад. Шахсан ман ба ин шубҳа дорам…

Зимнан дар маъракаи даъват тағйироти кулл карда, намояндагони ину он маҳалларо ҳатман ба ину ун вилоятҳо ба хизмат бояд сафарбар намуд ва баръакс.

Мо Метавонем!

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube