Салом СССР! Бо муроҷиат ба газетаи мардумӣ ба онҳое, ки дар мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистони азиз рафта, истироҳат мекунанду баъди рафтан ҳама ҷоро бо пасмондаҳои хӯроки худ ифлос мегардонанд, расонданиам, ки ин кор ба ҳеҷ аз фаросату табиати одами солим рост намеояд. Тоҷикистон Хонаи умумии ҳамаи мост. Чӣ тавре ки хона, ҳавлию дари худро тозаю озода нигоҳ медорем, бояд дигар ҷойҳои ҷамъиятиро низ ҳамон гуна нигоҳдорӣ намоем. Касе ғуломи мою шумо нест, ки ба ҷои мо партовҳои афгандаи моро тоза кунаду аз байн бардорад.
Шаҳрвандони бисёре аз давлатҳои пешрафта, барои дар мавзеъҳои табиаташон зинда дам гирифтан, маблағҳои ҳангуфтеро пардохт менамоянд. Мо бошем ба табиати биҳиштосои Тоҷикистон беэҳтиромӣ зоҳир менамоем.
Табиат ҳам ба мисли Ватан дар ҳисоби Модар мебошад. Ҳар беэҳтиромие, ки нисбати табиати атроф намудем, ин дар нисбати модаронам мебошад. Баъди фароғат бурда, ба ҷои даркорӣ афгандани партовҳои маишӣ пеш аз ҳама ин эҳтиром ба худ аст ва ҳеҷ ҷои мушкилӣ надорад. Ин фақат ба тарбия ва фаросати ҳар шахс вобастагӣ дорад.
Бинобар ин, аз ҳамватанон хоҳиш карда мешавад, ки дар нисбати муҳити атроф, табиати нотакрори кишвари азиз носипосӣ, беэҳтиромӣ зоҳир накунанд!
Сайёд Файзов
