Мусалмонӣ ба гуфтор аст???

Дуруд, СССР! Дар пойтахти Япония марде ба таксӣ нишастанӣ шуд. Бинобар забони ҷопониро балад набудан, ғайр аз номи донишгоҳро гирифтан, дигар сухане гуфта наметавонист. Ронандаи таксӣ ҳам бо ишораи “Фаҳмо!” дари мошинро ба рӯи мизоҷ кушод, ки ин 1 рукни фарҳангии япониҳо ба ҳисоб меравад. Баробари ба роҳ баромадан, ҳисобкунанки таксиро ба кор даровард. Баъди чанде роҳ паймудан кори ҳисобкунакро қатъ кард ва боз баъди муддате роҳ паймдуан, онро боз аз нав ба кор даровард. Амалҳои булаҷаби ронанда мусофирро ба ҳайрат овард, аммо бинобар надонистани забон маҷбур буд, ки хомӯш истад. Бо расидан ба назди донишкада аз одамони он ҷо истода, хоҳиш намуд, ки сабаби қатъ ва ба кор даровардани ҳисобкунаки мошинро аз сӯи ронанда ба ӯ шарҳ диҳанд.

Ронанда бо тарҷумон дар ҷавоб гуфт, ки “Ман ҳангоми ҳаракат худ нафаҳмида, ба иштибоҳ роҳ додам ва масофаи роҳро чанд километр дарозтар намудам. Ба ҷои дар баргашти аввал тоб хӯрдан, дар баргашти минбаъда ин корро кардам. Барои аз хатои роҳдодаи ман ба мизоҷам ҷабру беинсофӣ нашавад, ҳисобкунакро хомӯш кардам, ки онро ҷуброн кунам. Ман наметавонам, бинобар хатои худ аз мизоҷ маблағеро гирам, ки ӯ барои пардохт вазифадор нест!».

 Ин қисса барои ронандаҳои таксии Ширкати «Ҷӯра»- и пойтахт, ки мизоҷон аз хизматрасонии ғайриқаноатбахш ва муомилаи бади онҳо ҳамарӯза дар шикоятанд, шояд андаке ҳам бошад, таъсир бахшад ва дар хориҷ аз кишвар ҳам нисбати таксиронҳои тоҷик суханҳои неки миннатдорона шунида, ифтихор намоем? Албатта, мо ҳам аз япониҳо, ки дар муқоиса бо мо, мусалмонон аз имону инсфодорӣ сухан намекунанд, вале амал доранд, дар фарҳанг кам нестем ва “Мо метавонем!”

 Ромизи Фаришедӣ,

н. Варзоб

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube