Нигоҳе ба филми “Моҳӣ дар шаст”

ва чанд андеша дар бораи вазъи кино ва телевизионҳои тоҷик

“Моҳӣ дар шаст” ба Ёвон омад. Бо камоли хушнудӣ тамошо кардем. Чун мо дур аз пойтахт зиндагӣ мекунем, имконияти дидани филмҳои тоза ба тозаро надорем. Агар ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “YouTube” рӯ биорем филмҳоеро дучор меоем, ки ҳунармандони касбӣ не, балки ҳаваскорону ҳунармандони ғайрикасбӣ гирифтаанд.

Одитарин чиз риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ ва расму оинҳои миллиамон дида намешавад. Замони шуравӣ ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ буд, он ҳам 24 соат не, балки аз соати 18:00 то 23:00 фаъолият мекард. Бо вуҷуди ин ҳама мардум он замон тамоми шоиру нависандагон ва актёрону ҳофизонро ба воситаи телевизион дида ба хубӣ мешинохтанд. Намоишҳои телевизионии “Беғараз панд”, “Театри телевизионии миниатюра”, намоишномаҳои телевизионӣ ва монанди инҳоро мардум ба хубӣ мепазируфтанд.

Маҳз телевизион метавонад боиси ба тамошои филмҳои тоҷикӣ рӯй овардани мардум гардад. Чунки аксарияти филмҳои туркӣ нӯшеанд, ки дар таркибашон неше доранд. Мағзи насли наврас, бахусус ҷавондухтараконро дидани филмҳои туркӣ олуда месозад. Ба тарбияи ахлоқиашон таъсири манфӣ мерасонад. Бархе аз занон низ аз дидани ин филмҳо тоҷику тоҷикистонӣ будани худро фаромӯш месозанд. Махсусан ба бар намудани сатру ҳиҷобҳои сиёҳу дарози доманбазамин тасдиқи гуфтаҳои болост. Ранги сиёҳ рамзи аҳриманӣ буда, ба фарҳанги мо тамоман бегона аст. Дар ягон давру замон бонувони тоҷик либосҳои ранги тира доштаро ба бар намекарданд ва боварӣ доштанд, ки ин рангҳо ба инсон хушбахтӣ намеорад, баръакс ҳамеша либосҳои рангорангро ба бар мекарданд. Ба ин мисол шуда метавонад пероҳанҳои атласу адрасу чакан…  

Ду сол қабл дар Кохи фарҳанги ноҳияамон, ки ба номи Тағоймурод Хушвахтов мебошад, филми “Дов”-и коргардони шинохта Муҳиддини Музаффарро тамошо карда будем. Таассуротамон аз дидани ин филм бою ғанӣ аст. Тамошои филми “Дов” бори дигар маро ба овони наврасиву ҷавониам, замоне, ки меҳр буду муҳаббат, одамгариву инсондӯстӣ ва виҷдону имон асоси зиндагии инсонҳо буд, бурд.

Филми навбатии Муҳиддини Музаффар “Моҳӣ дар шаст” хеле писандам омад. Масъалаҳои доғи рӯз дар он хеле хуб таҷассум ёфтааст. Бахусус меҳри омӯзгор ба шогирд, дар ҳолате, ки имрӯз аксари волидон дар симои муаллим на тарбиятгар, балки душманро мебинанд. Дигар ин ки ҷозибаи меҳри модар, ташнаи дидори модар будани кӯдаки хурдсол – Далерҷон. Пазмони модар гаштани пири 92-сола. Сангдилию бемеҳрии Хуршеда ва билохира тағйир ёфтани афкори Самади ҷавону гумроҳ, ки бо модар қаҳриву ногап аст ба бинанда ҳушдор медиҳад, ки модардорӣ давр аст.

Ман модаронеро, ки зиндагӣ ва тақдир маҷбур кардааст, ки аз ҷигарбандони худ дур мондаанд, маломат карданӣ нестам. Аммо ҳамин қадар мегӯям, ки кӯдакони аз канори пурмеҳри модар дурмонда, дилшикаставу ранҷуранд ва инро мо омӯзгорон пайваста дар симои шогирдони чунин тақдирдошта мебинему чорае надорем.

Бояд қайд намуд, ки оҳангбандии филм ҳам мавзуест, ки бояд мутахассисон ба он рӯ оранд, зеро оҳангҳои филм бисёр ҳам дилчаспу дилнишин аст. Ва аллае, ки Сайёра Сафарӣ иҷро кардааст қобили таҳсину офаринҳост.

Коргардон дар интихоби ҳунармандон бисёр ҳам дурбинона амал намудааст. Ҳар як ҳунарманд нақши худро ба таври ҳирфавӣ бозидааст, аммо дар ин миён ҳунарнамоии Абдуллои наврас, ки озодона ва табииву дур аз қолабҳои сохтакорона нақшофарӣ кардааст, падидаи хушояндест дар синамои миллӣ.

Ҷонгудозтарин лаҳзаи филм ин ноумед шудани Далерҷон ҳангоми дидани бепарвоиву беаҳамиятии Хуршеда, ки аз фарзанди нахустинаш кайҳо дасту дил шустааст, мебошад. Ва дар ҳамин ҷо Далерҷон эҳсос кард, ки ягона такягоҳаш ҳамон Нигора Ашӯровна аст, ки ӯро кайҳо ба ҷои тифли ба дунё наомадаву аздастдодаш фарзанд хонда буд.

Дидани манзараи ҳузнангези водии хомӯшон, ки пири 92-солаи дардманду ранҷурро хумори модар ба он ҷо бурдааст, басо рамзист. Зеро фосилаи маргу зиндагӣ мисли ҳамин як девори сангини ноустувори қабристон аст, ки Самади буҷулро ҳушдор медиҳад, ки пулу молу сарват ба касе вафо накардааст, аммо доштани модар давлатест басо қиммат.

Бемуҳобот филми “Моҳӣ дар шаст” беҳтарин филмест, ки дар рӯзгори имрӯзаи мо офарида шудааст ва мо миннатдорӣ баён менамоем ба коргардони он Муҳиддин Музаффар барои офаридани чунин филм ва ба ноҳияи мо овардани он. Ва умед мебандем, ки синамои миллии мо ба дастовардҳои нав ба навро соли мегардад.

Садбарг САЛИМОВА

узви ИЖТ, омӯзгори МТМУ №2-и ноҳияи Ёвон

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube