“Мересев”–и Тоҷик ё қиссаи марди ҳақиқӣ

Ҷанги Афғонистон аз 27 декабри соли 1979 то 15 феврали соли 1989 идома ёфт. Тайи ин солҳо неруи маҳдуди Артиши шуравӣ дар хоки ҳамсоякишвар ба ҳокимияти нав кӯмаки башардӯстона расонида, дар амалиётҳои хунин алайҳи душманон ва хоҷагону зархаридони хориҷӣ фаъолона иштирок намуда буд. Вале иқдоми неки мамлакати шуроҳо баъди мудохилаи давлатҳои ғарб ранги дигар гирифта, ба ҷанги ҳақиқии низомиёни шуравӣ бо душманони сохти нав мубаддал гашт.

Дар муҳорибаҳои шадид дар хоки ҳамсоякишвар 14 453 нафар ҳалок, ҳазорон нафар маҷрӯҳ ва садҳо нафар бе ному нишон гаштанд. Вале низомиёни шуравӣ дар ин ҳодисаҳо ба таври омавӣ шуҷоату қаҳрамонӣ  зоҳир намуданд. Барои далериву шуҷоат, қаҳрамонӣ ва хизмати шоён дар иҷрои қарзи башардӯстӣ ба 86 нафар низомиён унвони Қаҳрамони Иттиҳоди шуравӣ дода шуда, 200 ҳазор нафар бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар ҳодисаҳои Афғонистон аз Тоҷикистон низ шумораи зиёди ҷавонони низомӣ иштирок карда, 2710 нафарашон бо ордену медалҳо, 2 нафар фарзандони халқи тоҷик Александр Мироненко ва Набӣ Акрамов бошад бо унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди шуравӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Яке аз чунин қаҳрамонҳо Ибодулло Шарипов мебошад. Раиси Кумитаи кор бо собиқадорони башардӯсти ноҳияи Сино Шарипов Ибодулло соли 1960 дар ноҳияи Фархор дар оилаи иштирокчии ҶБВ таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллию Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро хатм кардааст. Ӯ дар ҳама ҷо бо таҳсили аъло худро ба хизмати Ватан омода кардааст. Номзади илми кимиё мебошад.                                                                              

Ӯ соли 1983 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, баъди омодагии ҳамаҷониба ҳамчун афсари эҳтиёт ва тарҷумони хуб ихтиёрӣ барои адои қарзи башардӯстӣ ба Афғонистон сафарбар шудааст. Дар ҳайати Артиши шуравӣ дар вазифаи сардори гурӯҳи воситаҳои мухобиротӣ ва тарҷумон адои хизмат кардааст. Хизмат дар кишвари ҷангзада душвору пурхатар бошад ҳам, ба Ибодулло аз сабаби донистани забони дарӣ хеле осон менамуд. Ӯ сарбози матинирода, далеру нотарс, ҳушёру зирак, чолоку моҳир буда, бо хизмати шоиста дар тамоми манотиқи ҷангзада аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳамагуна супоришҳо ба осонӣ мебаромад. Командирон, ҳамхизматону аскарони ҳамватан ӯро дастгириву эҳтиром менамуданд. Аксар вақт иҷрои бисёр вазифаҳои муҳим низ бо боварӣ ба зиммаи ӯ вогузошта мешуд.

Беҳуда нест, ки дар байни бисёр ҷанговарони башардӯст Шарипов Ибодулло барои шуҷоат, хизмати шоён ва софдилона иҷро намудани супоришҳои ҷангӣ ва қарзи башардӯстӣ бо чандин мукофотҳои Афғонистон, ордени «Ситораи сурх», медали «За отвагу», бо ифтихорномаю раҳматномаҳои фармондеҳии Неруи маҳдуди Артиши шӯравӣ сарфароз гардидааст.                                                 

Афсус, ки ҷангҳо бе хунрезию қурбонӣ намешаванд. Агарчанде Шарипов Ибодулло таҷрибаи кофӣ дошта бошад ҳам аз он истисно набуд. Ҳамин буд, ки 16 августи соли 1984 ҳангоми иштирок дар яке аз амалиётҳои низомӣ ӯ захми бениҳоят вазнин мебардорад. Баъди аз майдони ҷанг берун баровардан табибони беҳтарини низомӣ дар дармонгоҳҳои низомии шуравӣ баҳри саломатии Шарипов Ибодулло муддати тӯлонӣ мубориза мебаранд.

Баъди ин дар ҳаёти Ибодуллои ҷавон давраи вазнини мубориза ба бемориву барои ҳаёт оғоз мегардад. Гарчанде, табибони беҳтарини низомӣ дар дармонгоҳҳо баҳри саломатӣ ва рӯи по монданаш солҳои тӯлонӣ мубориза баранд ҳам, дар ин давра вазъият аз ӯ сабру тоқат ва аз ҳама муҳимаш – боварӣ барои ояндаи некро тақозо мекард.

Дар давраи ҷавонӣ ӯ китоби нависандаи рус Борис Полевой «Қиссаи марди ҳақиқӣ»-ро чандин борҳо хонда, қаҳрамони қиссаро барояш намунаи мубориза барои ҳаёт ва оини ҳақиқии ҷавонмардӣ меҳисобид. Аз ин рӯ, дар лаҳзаҳои бениҳоят вазнину тоқатфарсо «Ман аз Мересев чӣ ками дорам?» – гӯён худашро таскин медод ӯ. Магар ҳамин сабру тоқат ва мубориза барои зиндагӣ, ғуруру номуси миллию ҷавонмардӣ буд, ки ӯ тамоми душвориву маҳрумиятҳои ба сараш омадаро мардонавор паси сар намуда, билохир ба ҷароҳату вазъи ногувор ғолиб меояд. Ва шукр мегуяд, ки бо заҳмату табобати тӯлонии табибон дар давоми солҳои 1984-1987 ва сабру боварӣ ба зиндагӣ натиҷаҳои дилхоҳ дода, ҷавони ватандӯсти мо бо ду пои сунъӣ бошад ҳам ба Ватан бармегардад…                                                                                                                          

Шарипов Ибодулло ҳамчун маҷрӯҳи ҷанги Афғонистон ҳаёти минбаъдаи хешро ба пуррагӣ ба фаъолияти ҷамъиятии собиқадорони ҷангу меҳнат бахшидааст. Ишон аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Душанбе, муовини раиси кумитаи кор бо собиқадорони башардӯсти ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи кор бо собиқадорони башардӯст ва муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Сино, нафақагир барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз ба охир расидани ҳодисаҳо дар ҳамсоякишвар аз байн қариб чаҳор даҳсола мегузарад. Имрӯз Шарипов Ибодулло миёни собиқадорони ҷанг мисли Мересеви рус машҳур буда, ӯро ҳамчун собиқадори амалиётҳои ҷангии берун аз қаламрави кишвар ҳама вақт дар миёни ҳайати шахсии Артиши миллӣ, толибилмон, ҷавонони донишҷӯ, сарбозон ва собиқадорон дидан мумкин аст.

Ҳ. Худойқулов,

корманди Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ш. Душанбе, полковники мустаъфӣ

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube