04.04.2026. Соат бо вақти Душанбе 07:45 дақиқа. Бо супориши редаксия мо роҳ сӯи ноҳияи Шаҳритус пеш гирифтем. Сафар аз шаҳри Бохтар оғоз ёфт, масофае, ки расман 105 километрро ташкил медиҳад, аммо ин роҳ на танҳо масофаи ҷуғрофӣ, балки 1 озмоиши тоқат, асаб ва адолати иҷтимоӣ низ буд. Ҳанӯз аз оғоз равшан гардид, ки роҳ осон нест. 3 пости калон дар масир истодаанд, ки ҳаракатро суст мекунанд. Аммо мушкили аслӣ баъдтар дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён оғоз меёбад.
Роҳи валангор ва ваъдаҳои бепоя
Ноҳияи Қубодиён дар даврони соҳибистиқлолӣ воқеан рушд кардааст, биноҳои нав, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар нишонаҳои пешрафт дида мешаванд. Вале бо вуҷуди ин ҳама, роҳи байналмилалӣ, ки Қубодиёнро бо Шаҳритус мепайвандад, дар ҳолати ниҳоят бад қарор дорад. Мо мавзӯи роҳро шояд ба супоришҳои оянда вогузорем ва ҳатман пайгир хоҳем буд. Лек фарсуда шудани мошини моро дар роҳҳои ҳудуди ноҳия кӣ ҷуброн мекунад?! Чуқуриҳои бузург, ки баъзан ба домҳои воқеӣ табдил ёфтаанд, ба ҷои асфалт бо хок пур карда шудаанд. Ин амал на танҳо муваққатӣ, балки таҳқири ошкорои ҳуқуқи шаҳрвандон ба инфрасохтори босифат аст. Зеро ҳар тамғаи нақлиёте, ки аз ин масир гузар мекунад, бо ҳолатҳои садамавӣ рӯ ба рӯ мешавад. Саволи мантиқӣ ба миён меояд, ки чаро масъулон ин роҳро намебинанд?
Манобеи мо аз дохили соҳа (бо хоҳишашон номашон зикр нашуд) мегӯянд, ки маблағҳои ҷудошуда барои таъмири роҳҳо ночизанд ва барои чунин роҳи стратегӣ маблағҳои калонтар зарур. Аммо ин ҷавоб наметавонад баҳона шавад. Агар маблағ намерасад чаро масъала ба сатҳи боло бардошта намешавад? Чаро солҳо ин мушкил ҳалли худро намеёбад? Раиси ноҳияи Қубодиён, Сабурзода Мирзодавлат, ҳар рӯз аз ҳамин роҳ истифода мебарад. Пас, оё мошинҳои хизматӣ ин ларзишу зарбаро эҳсос намекунанд? Ё эҳсос мекунанду хомӯшанд? Моро он ҳолате нигарон кард, ки модоме, роҳҳо дар чунин ҳоланд радару постҳо барои кӣ ё чӣ хизмат мекунад?!
Шаҳритус – суҳбате, ки саволҳоро бештар кард!
Бо душворӣ ба ноҳияи Шаҳритус расидем. Дар назди мақомоти маҳаллӣ бо раиси ноҳия, чеҳрае, ки мардум дар он пуштибони худро мебинад Тағой Абдуллозода мулоқот анҷом додем.
Суҳбат аз масъалаи обунаи рӯзномаи «СССР» оғоз гардид. Бояд ёдрас шуд, ки мо қаблан матлабе бо номи «32 ҳазор сомонии рӯзномаи СССР дар Шаҳритус дуздида шуд» нашр карда будем. Аммо раиси ноҳия вобаста ба ин қазия изҳор дошт, ки ин мақоларо нахондааст.
«Ба ман ҳеҷ кас занг назадааст. Рӯзномаи шумо ба ноҳия умуман намеояд. Агар биёяд, ҳатман мегирам».
Ин изҳороти намояндаи рақами 1- ин ноҳия худ 1 мушкили ҷиддиро нишон медиҳад. Рӯзномаи расмӣ ба мақомоти маҳаллӣ намерасидааст! Раис афзуд, шахсе, ки маблағро аз худ кардааст, бояд худаш ҷавоб диҳад. Ба гуфтаи ӯ, роҳбари почта аз вазифа барканор шудааст ва айни замон прокуратура дар ин масъала санҷиш мебарад.
Қабули шаҳрвандон: намоиш ё ҳалли мушкил?
Аснои сафар ҳамзамон хостем бо нафароне, ки бо арзу шикоят назди дари Ҳукумат меоянд, таваҷҷуҳ намоем, ки то чи андоза ин ҷо ба доди мардум мерасанд!
04.04.2026. Соат бо вақти Душанбе 07:45 дақиқа. Мо шоҳиди қабули шаҳрвандон гардидем. Аммо он чизе, ки дидем, бештар ба 1 намоиши расмӣ монанд буд, на ба раванди воқеии ҳалли мушкилот. Дар толори хурд ҳамагӣ 13 нафар ҷамъ омада буданд. Аз роҳбарон танҳо 5 – 6 нафар ҳузур доштанд. Баъзе масъулон ҳатто ба толор ворид нашуда, дар долонҳо гаштугузор мекарданд. Раиси ноҳия ворид шуд ва шикоятҳоро гӯш кард. Чаро боқимонда масъулон ба назди мардуми корафтода набаромадаву мушкилоти онҳоро гӯш накарданд? Ҳол он ки роҳбар ва раис умеди мардуми муҳтоҷанд. Ҷавобҳо ба шикваи мардум яксон буданд, «Коратон ҳал мешавад».
Аз замин то оила
Мушкилоти шаҳрвандон гуногун, вале решаашон 1 аст. Назарова Дилафрӯз сокини ҷамоати Пахтаобод, деҳаи Султонобод солҳо боз барои ҳуҷҷати замин саргардон аст. Салимова Марҷонаро аз ҷамоати Обшорон бошад, баҳси манзили истиқоматӣ, ки солҳо ҳал намешавад, ба қабули раиси ноҳия овард. Умбаров Шавкат аз деҳаи Лолазор бо муноқишаи оилавӣ вобаста ба маблағ назди дар рост аст. Қувандикова Гулнора аз деҳаи Чорбоғ бо масъалаи гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ унҷост.
Мамадалиева Бибинисо сокини деҳаи Суғдиёнро азияти комиссия ҳангоми баррасии парвандаи замин то ба Ҳукумати ноҳия овард. Ин рӯйхат танҳо 1 қисми воқеият аст. Дар асл, шумораи чунин шикоятҳо бештар аст, ки ҳалли он ба дӯши масулин масъулият бор мекунад!
Қонуншиканӣ дар сатҳи маҳаллӣ
Он чи мо дидем, танҳо 1 сафар набуд, ин оинаи воқеияти талхи идоракунии маҳаллӣ буд. Роҳҳои вайрон, маблағҳои нопадидшуда, аз матбуоти даврӣ дур мондани масъулини ноҳия, қабули шаҳрвандон ба шакли намоиш ва ваъдаҳои беасос ҳамаи ин нишон медиҳад, ки мушкил дар сатҳи системавӣ ҷой дорад.
Рӯзномаи «СССР» ин масъаларо зери назорат мегирад. Мо интизорем, ки мақомоти дахлдор ба ин ҳолат вокуниши ҷиддӣ нишон медиҳанд. Мо Метавонем!
Нуриддин Қосимзода,
СССР,
Бохтар- Қубодиён – Шаҳритус
