01.04.2026. Дар вилояти Хатлон маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои назаррас оғоз гардид. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи пешбинишуда дар рӯзи аввал пурра 100 фоиз иҷро гардида, садҳо нафар ҷавонони далеру ватандӯст ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки бо сари кор омадани Давлаталӣ Саид, вилояти Хатлон, ки ҳамасола нақшаи даъватро ё иҷро намекарду ё то рӯзҳои ахир тул дода, ба маъракаи обрӯрези «Облава» мусоидат менамуд, даъватро ҳамасола, дар рӯзи аввал пурра иҷро мекунад.
Брависсимо, Давлаталӣ Саид! Офарин бар шербаччаҳои Хатлонзамин, ки ихтиёран ба ҳифзи марзу буми Ватан камар мебанданд. О, мана мешудааст-ку!!!
Бори 4-ум ва роҳпаймоӣ
Ин дастоварди муҳим бори чорум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар рӯзҳои нахуст ба қайд гирифта мешавад. Мутахассисон чунин нишондиҳандаро натиҷаи тадбирҳои пайвастаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, баланд гардидани худшиносии миллӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандии ҷавонон арзёбӣ мекунанд.
Ба ифтихори ин рӯйдоди муҳим, дар маркази вилоят, шаҳри Бохтар, “Рӯзи даъватшаванда” бо тантанаи бошукӯҳ баргузор гардид. Субҳи барвақт дар саҳни комиссариати ҳарбии вилоят маросими расмии гусели наваскарон оғоз ёфт. Ҷавонон бо либосҳои низомӣ, парчамҳои миллӣ ва шиорҳои ватандӯстона ба роҳпаймоӣ баромада, бо рӯҳияи баланд то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳаракат карданд.
Дар ин роҳпаймоии идона садҳо нафар ҷавонон ширкат варзида, омодагии худро барои ҳифзи марзу буми Ватан ба таври рамзӣ нишон доданд. Сокинони шаҳр дар канори роҳ ҷамъ омада, бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ ва дуоҳои нек наваскаронро гусел намуда, ба онҳо рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд.
Давлаталӣ Саид: Артиш мактаби ҷасорату мардонагист!
Маросими гусели расмӣ дар варзишгоҳ бо иштироки роҳбарияти вилоят ва намояндагони сохторҳои давлатӣ баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ таъкид намуд, ки хизмати ҳарбӣ мактаби бузурги ҷасорат, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан мебошад. Ӯ ҷавононеро, ки бо иродаи қавӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ аввалин шуда ба хизмати ҳарбӣ ҳозир гардиданд, намунаи ибрат арзёбӣ кард.
Дар баромадҳо инчунин зикр шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, дар таъмини амният, суботи сиёсӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар нақши калидӣ доранд. Бо дастгирии роҳбарияти давлат дар солҳои охир шароити хизмат, таъминоти моддӣ-техникӣ ва сатҳи омодагии ҷангии Артиши миллӣ пайваста беҳтар гардида истодааст.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони маъруф ранги тоза гирифта, сурудҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои театрӣ эҳсоси ифтихори миллиро дар қалби ҳозирин боз ҳам тақвият бахшиданд. Ҳамзамон, баромади модари яке аз даъватшавандагон, ки аз шуҷоат ва масъулиятшиносии ҷавонон ситоиш кард, ба чорабинӣ таъсири хосса бахшид.
Бохтар якум дар байни нахустинҳо
31.03.2026. Мавриди зикри хос аст, ки шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, дар ин чорабинӣ намунаи ибрат гардида, 1 рӯз пеш аз сафарбарии расмӣ, нақшаи даъвати баҳорироо иҷро кард.
Дар ин рӯз аскарбаччаҳои тозадаъват ҷамъ омада, омодагии худро ба Артиш намоиш доданд ва ба 70 тан аз ҷавонон дар ҳузури раиси ш. Бохтар, Муминзод Абдулмаҷид Мубин ҳуҷҷати ронандагӣ супорида шуд. Метавон гуфт, ш. Бохтар расман намоиш дод, ки «дар байни аввалинҳо АВВАЛИНТАР аст!».
Брависсимо, раиси ш. Бохтар. Офарин бар шербаччаҳои бохтарӣ!!!
Нонгазон
Дар анҷоми маросим, тибқи суннатҳои миллӣ, расми “нонгазон” ва супоридани рӯймолчаҳо аз ҷониби модарон ва гулдухтарон баргузор гардид. Ин анъанаи қадима рамзи дуои нек, орзуи саломатӣ ва барори кор барои сарбозон буда, ба лаҳзаи гусел ҳисси гарму самимияти хос мебахшад.
Ҳамин тавр, оғози муваффақонаи даъвати баҳорӣ дар вилояти Хатлон бори дигар собит намуд, ки ҷавонони тоҷик бо ҳисси баланди масъулият, ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан омодаанд дар ҳифзи истиқлолу амнияти кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Хабарнигори худамон,
ш. Бохтар
