Сабади истеъмолӣ:

1100 сомонӣ дар 1 моҳ ба 1 нафар мерасад?

Сабади истеъмолӣ чист? Ин маҷмуи минималии маҳсулоти хӯрокворӣ, сару либос, хизматрасонии коммуналӣ ва роҳкиро буда, барои нигоҳ доштани потенсиали ҳаёти 1 нафар дар 1 сол муқаррар мегардад. Сабади истеъмолӣ барои баҳогузорӣ намудани сатҳи зиндагии мардум, алалхусус ҳадди ақали рӯзгузаронӣ истифода бурда шуда, аз рӯи сину сол, қобилияти меҳнат, нафақа ва кӯдакон муайан карда мешавад.

Қонун ва мо

Бояд гуфт, ки ҳадди ақали зиндагӣ дар кишвари мо аз рӯи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ» муайан карда мешавад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии муайян намудани ҳадди ақалли зиндагӣ, тартиби баҳисобгирӣ, таъмини кумакҳои давлатии ичтимоӣ ба шаҳрвандон, инчунин татбиқи дигар тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар Қонуни мазкур аз ҷумла мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– сабади истеъмолӣ – маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ, ки барои нигаҳдории саломатии инсон, таъмини зиндагӣ ва фаъолияти ӯ заруранд; 

– ҳадди ақали зиндагӣ – арзиши сабади истеъмолӣ ва маблағи пардохтҳои ҳатмӣ;

– ҳадди камбизоатӣ – меъёри даромадҳо барои қонеъ гардонидани талаботи ҳаётан муҳими инсон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба имкониятҳои иқтисодӣ муқаррар карда шудааст;

– гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ – гурӯҳи шаҳрвандоне, ки аз рӯи аломатҳои ҷинсию синнусолӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва сатҳи таъминоти моддӣ муттаҳид мебошанд (аҳолии қобили меҳнат, нафақахӯрон ва кӯдакон);

– сатҳи зиндагӣ – маҷмӯи неъматҳои моддию маънавӣ ва хизматрасонӣ, ки талаботи ҳаётан муҳими одамонро қонеъ мегардонанд;

– кӯмаки иҷтимоии давлатӣ – кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, субсидияҳо, ҷубронпулиҳо, хизматрасонии иҷтимоӣ ва молҳои зарурӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба оилаҳо ва ё шаҳрвандони камбизоат дода мешаванд;

– шаҳрвандон (оилаҳо) – и камбизоат оилаҳое (шаҳрвандони яккаву танҳо), ки бо сабабҳои аз онҳо новобаста, даромади миёнаи сарикасии онҳо аз андозаи ҳадди ақали зиндагӣ паст мебошад;

– даромади миёнаи сарикасии оила (шаҳрвандони яккаву танҳо)андозаи миёнаи моҳонаи даромади умумии ба ҳар як узви оила (шаҳрвандони яккаву танҳо) тақсимшуда.

«Дефицит»-и советӣ

Сабади истеъмолӣ солҳои 1970-1980-и асри гузашта бо нархҳои хеле поини танзимшаванда ва камбуд – «дефицит»-и баъзе аз маҳсулоти хӯрока хеле фарқкунанда буд. Давлати абарқудрати СССР дар арафи бозсозии таърихӣ қарор дошту дар рафи магазинҳои хӯрокворӣ асосан нон, картошка, маҳсулоти ширӣ ва гӯштро фаровонӣ дидан мумкин буд.

Нархи нони хлеб – 13 – 20 тин, гӯшт ва ҳасиб – 2 рубл, ҳасиби «Доктори» – 2, 20 рубл, шир – 28-34 тин, сметана – 35 тин, картошка – 10-15 тин, сабзӣ – 12 тин, моҳи (минтай) – 40-50 тин, тухми моҳӣ, ки «дефицит» буд – 5-6 рубл, яхмос (пломбир) – 19 тин, шоколад «Белочка» – 4 рубл. Нархи гӯгирду хамираи дандон, чою қанди сафед ва равғану биринҷ ба ҳама маълум буд. Муҳимтар аз ин нарх дар тамомии паҳнои СССР сар аз калонтарин мағоза то дӯкон дар деҳоти дурдаст ягона буд.

Ба сабади истеъмолӣ дар қисмати хӯрокворӣ маҳсулоти ширӣ, гӯшт, тухм, гӯшти паранда, ғалладонагиҳо, равғанҳо, шакар, картошка, карам, сабзӣ, бодиринг, қаламфур, ҷуворимакка, лубиё дохил мешаванд. Он солҳо ҳасиби дудшуда, меваю сабзавоти босифат «дефицит» ҳисоб шуда, танҳо дар мағозаҳои шаҳрҳои калон фурӯхта мешуданд.

1100 сомонӣ дар 1 моҳ…

Сабади истеъмолӣ дар Тоҷикистон дар аввали соли 2026 аз 11 номгӯи маҳсулоти муҳимтарин иборат буда ба ин гурӯҳ маҳсулоти хӯрокворӣ (орд, гӯшт, шир ва сабзовот), маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ва бархе аз хизматрасонӣ шомил мешаванд. Мутахассисон мегӯянд, ки 50 %-и буҷаи оилавӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ сарф шуда, барои 1 нафар дар 1 моҳ бо назардошти тамомии сарфу харҷи зиндагӣ 1100 сомонӣ бояд муқаррар карда шавад.

Аз ин 1100 сомонӣ – 570 сомони барои хӯрока, 395 сомонӣ барои маҳсулоти ғайрихӯрока, 135 сомонӣ барои нақлиёт пешбинӣ шудааст. 

Яъне, 1 нафар дар 1 оила бояд дар 1 моҳ ба миқдори 570 сомонӣ хӯрока – гӯшт, шир, раван, донагиҳо, ва ғайра истеъмол намояд. Масалан барои 1 нафар дар 1 оила дар 1 моҳ истеъмоли 13 кило сабзавот ва 8 кило картошка тавсия мешавад. Вале 1 нафар бояд дар 1 моҳ чанд грамм гӯшту равған ва чанд литр ширу чанд дона нон хӯрад, касе аз мутахассисон посухи аниқ надод.

Ҳоло биёед ба арифметика рӯ оварем:

– агар 1 оилаи миёна аз 6 нафар иборат буда, бояд барои харҷи якмоҳаи зиндагӣ 6600 сомонӣ дошта бошанд. Вале агар оила аз падару модар ва 4 фарзанд иборат бошаду танҳо волидайн кор кунанд, он гоҳ чӣ гуна бояд зист? Вақте маоши волидайн бо ҳам аз 3500 – 4000 сомонӣ зиёд нест? Ва агар танҳо падар коргар асту дигарҳо нонхӯр?

Ва ин ҳам танҳо барои зист дар шаҳрҳои калон, барои мардуми деҳот сабади истеъмолӣ дар 1 моҳ барои 1 нафар 934 сомонӣ ҳисоб шудааст.

Вақте маоши миёна 2665,9 сомонист…

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ тобистони соли гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки маоши миёнаи кормандон дар кишвар 2 ҳазору 665,9 сомониро ташкил медиҳад.

Музди миёнаи кор дар соҳаҳо дар соли 2025 чунин аст:

-️ Маориф – 2 ҳазору 441,92 сомонӣ;

-️Тандурустӣ ва хидматрасониҳои иҷтимоӣ – 1 ҳазору 951,61 сомонӣ;

-️Фарҳанг ва варзиш – 2 ҳазору 305,33 сомонӣ;

-️ Мақомоти идоракунӣ, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ – 2 ҳазору 275,67 сомонӣ.

Маоши миёнаи кормандон дар минтақаҳо:

-️ Душанбе – 3 ҳазору 510,8 сомонӣ

-️вилояти Суғд – 2 ҳазору 529,4 сомонӣ

-️ ВМКБ – 2 ҳазору 333,7 сомонӣ

-️ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 2 ҳазору 282,8 сомонӣ

-️ вилояти Хатлон – 2 ҳазору 191,9 сомонӣ.

Ин оморро хонандаи азиз махсус овардем, то шумо, ки буҷаи оилавии худро хубтар аз мо медонед, маош ва сарфу харҷи худро мутобиқ ба сабади истеъмолӣ ба ҳар як узви оила ҳисоб кунед.

Маош зиёд мешавад, аммо…

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ (стипендияҳо) дар моҳи сентябри соли 2026 аз 15 то 25% боло бурда шавад.

– аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла кормандони мактабҳо ва муассиаҳои томактабӣ 25% зиёд карда шавад;

– аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши дигар кормандони соҳаи маорфи, соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, идоракунии давдатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва идрорпулиҳои донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендияҳо 20% зиёд карда шавад;

– аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20% зиёд карда шавад;

– аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, давлатӣ ва заминавӣ на кам аз 15% индексатсия карда шавад.

– аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши ҳадди ақал ба 1300 сомонӣ бардошта мешавад. Лозим ба таъкид аст, ки сабади истеъмолӣ низ аз рӯи маоши ҳадди ақал ҳисоб карда мешавад.

Ин маънои онро дорад, ки арзиши сабади истеъмолии мо аз 1100 сомонӣ то ба 1300 сомонӣ хоҳад расид. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳанӯз 1 сентябри соли 2026 нарасида, нархи хизматрасонии коммуналӣ, аз он ҷумла тарофаҳои истифодаи обу барқу партов боло рафта, нархи бозор низ рӯй ба гаронӣ дораду арзонӣ не… 

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube