Ё чаро миллати тоҷик ин қадар ба Александр ошиқ аст?
Акси китобҳои Гитлерро, ки мебинед, шахсан худам ҳини сафар, дар таърихи 17.05.2023 дар Теҳрон гирифтаам. Акси аввал таблиғи филми синамогарони Эрон аст, ки аз зиндагиномаи Гитлер нақл мекунад. 2 сурати дигар акси китоби маъруфи “Набарди ман” (Майн Капф, Mein Kampf – ёддошт ё худ манифести сиёсиву идеологии Адолф) аст, ки дар Теҳрон озод мефурӯшанд. Ман ин ҷо сари кӣ будану набудани ин хунхор чизе намегӯям, ки дар ҷанг бо ӯ дар қатори 20 млн мардуми советӣ хешу табори ман низ кушта шудаанд. Суҳбат сари дигар чист.
Гитлер душмани №1 барои яҳудиҳост. Афсонаву ҳақиқати Лагерҳои Марги Гитлер барои миллионҳо еврейро кӣ намедонад? Дар Эрон минҷумла аз рӯи мақоли «душмани душман дӯсти ман аст!» амал карда, Гитлерро зинда ва ҷиноёти зиддибашарӣ, антиевреияшро сапед мекунанд. Ин аст, ки Исроил Эронро чап гирифт ва ахиран дар таърихи 28.02.2026 ҷанги бузурги Исроилу Амрико бар зидди Эрон сар зад, ки то ҳануз давом дорад. Сари ин ҷангу хунрезиҳо имрӯз баҳс намекунем. Зеро мавзуи суҳбати мо сирф миллист. Ва шояд низ идеологӣ…
Офарин бар миллати яҳуд, ки намегузоранд душманашонро ҳатто дар кишвари ба онҳо душман низ парастиш кунанд…
Аммо дар мо чӣ? Агар надонед, пас огаҳ бошед, ки Бонки Эсхата номашро аз шаҳр\платсдарме гирифтааст, ки дар соли 329 то мелод, Александри ғосиби мақдунӣ бар зидди қаҳрамони халқи Тоҷик, ҳазрати Спитамен сохта буду маҳз тавассути ана ҳамин Эсхата суғдиёну бохтариён, бобоҳои миллати Тоҷикро шикаст дода, сари Спитаменро буррида, ба Мақдуния бурд!!! Хотиррас мешавам, ки Спитамен қаҳрамони миллати тоҷик эътироф шудааст ва ба номаш Орден-ҷоизаи давлатӣ низ дорем! Мо бошем имрӯз бо номи ин шаҳр, ки гавҳари миллиамонро варшикаста карда буд, бе айбу шарм номи 1 Бонки фазосозро гузоштаем…
Шояд нафаре сахтгир суол кунад, ки «при чем тут Александру Спитамен ва Бонк?». Агар «при чем тут…» набошад, чаро номи Бонкро фарзи мисол Киропол, яъне шаҳри Куруш нагузоштанд? Ин дар ҳолест, ки дар даврони раиси қаблии шаҳри Кӯлоб, ҳарчанд мо-аҳли зиё пофишорӣ ҳам мекардем, номи «Равшан»-намои Кӯлобшаҳрро, ки бинои марказии Кӯлобро оро медод, канданд ва дар ҷояш Эсхата навиштанд! Равшан, яке аз муқаддасоти ин кӯҳаншаҳр маҳсуб мерафт. Яъне оҳиста – оҳиста, вале бебозгашт номи ғосибшаҳреро бар душу гӯши мо овезону мехкӯб кардан доранд.
Мо, ки замони ахир, шукри Худо, идеологияи ғосибпарвари аъробро дарк кардаву зиддаш набардро шуруъ кардем (СССР 15 сол тани танҳо мубориза мебурд), аз зарбаҳои дигар аҷнабипарварон низ набояд ғофил бошем…
Воқеан ҳам номи яке аз клубҳои муваффақи Лигаи Олии Футболи Тоҷикистонро низ Эсхата мондаем!!! Акнун тасаввур кун, хонанда, вақте дастаи Истаравшан, пойтахти давлатдории Спитамен бо Эсхатаи бунёдгузоштаи Александр во мехӯраду бозӣ бар нафъи Александрпарварон хатм меёбад, магар гӯри Спитамен намеҷунбад? Меҷунбад! Ещё как меҷунбад!!! Аммо мо онро дарк намекунем…
Барои боз ҳам равшантар кардани моҷаро, фарзи мисол тасаввур кунед, дар Исроил дастаи Бухенвалд таъсис диҳанду он бо клуби футболии Маккабэ ё Хаппеоли Тел Авив бозӣ кунад… Хандидӣ, хонанда, не? Вале чарои барои эҳёи ормонҳои Александри ғосиб намегирйӣ??? Суол риторикист…
Шояд дар оянда ба номи Чингизхону Лангу Манғит низ корхона кушоем??? Ё клубҳои футболӣ таъсис диҳем? Фарзи мисол КФ Чингизхон бо Равшани Кӯлоб мебозаду КФ Олимхони манғит бо Истиқлоли Душанбе… Тасаввур мекунӣ? Албатта не. Имрӯз не! Вале вақте Эсхата имрӯз клуби лигаи олӣ шуд, чаро Чингизу Манғит фардо нашаванд?
Айб аст, муҳтарам бонкирҳо ва дастандаркорони КФ Эсхата. Дар пеши дигар миллатҳо шарм аст…
Эсхатаро чаро сохтанд?
Шаҳри Эсхата аз ҷониби Александри Мақдунӣ соли 329 пеш аз милод, тибқи маълумоти таърихӣ тақрибан дар 20 рӯз сохта шуд. Александр лашкари калон дошт ва ҳазорон сарбозу асирон дар сохтмон иштирок карданд. Деворҳои шаҳрро бо суръати баланд бардоштанд, то онро зуд ба қалъаи мудофиавӣ табдил дода, бо Спитамен муқовимат кунанд. Калимаи “Эсхата” аз юнонӣ омада, маънояш “дуртарин” ё “охирин” аст. Яъне, ин шаҳр дуртарин нуқтаи шарқии империяи Александр ба ҳисоб мерафт. Ба забони дигар Эсхата Бонк ин ба маънии Бонки Дуртарини Александр аст.
Спитамен
Спитамен яке аз саркардагони машҳури мардуми Суғд буд, ки бар зидди истилои Александри Македонӣ солҳои 329–328 пеш аз милод мубориза бурд. Ӯ роҳбари шӯришҳои маҳаллӣ дар Суғд ва Бохтар шуд, ки бо истифода аз ҷанги партизанӣ (ҳамлаҳои ногаҳонӣ) ба лашкари Александр зарбаҳои сахт мерасонд. Ҳатто чанд маротиба Александрро шикаст дод. Спитаменро душманонаш не, балки ҳампаймонҳои худи ӯ куштанд. Соли 328 пеш аз милод ба ривояти машҳур ва шаҳодати нависандаи таърихнигор Аҳмади Иброҳим, Спитаменро зану хусураш кушта, сарашро бурида, пеши Александр мебаранд. Падари ин зан фикр дошт, Искандар духтарашро барои ин «қаҳрамонӣ» мегирад. Аммо Александр бо ин нидо, ки «зане сари шавҳари худро буррид, ҳаргиз зани ман намешавад!», ин оқиватанро ба лашкариёнаш таслим мекунад. То охири умр «собиқ маликаи суғдӣ» фоҳишаи казармаи сарбозон шуда, бо ҳамин азоб мемирад, ки гӯраш сухтаву худаш дар ҷаҳаннам бод!!!
Ҷангҳои асосии Спитамен
1. Шӯриш дар Суғд (329 п.м.) Пас аз ишғоли минтақа аз ҷониби Александри Македонӣ, мардуми Суғд бар зидди ӯ бархостанд. Спитамен роҳбари ин шӯриш шуд ва муборизаро оғоз кард.
2. Ҳамла ба Мароканда. Шаҳри Мароканда (Самарқанди имрӯза) маркази қувваҳои юнониён буд. Спитамен ба он ҳамла кард ва гарнизони юнониро муҳосира ва торумор намуд.
3. Шикасти лашкари юнонӣ дар Политимет. Дар соҳили дарёи Политимет Спитамен 1 қисми бузурги лашкари Александрро пурра нобуд кард. Ин яке аз бузургтарин муваффақиятҳои ӯ буд.
4. Ҷангҳои пайдарпай ва ақибнишинӣ
Александр баъди ин шикаст, кору борашро як сӯ гузошта, шахсан ба муқобили Спитамен баромад. Бо вуҷуди ҷасорат, Спитамен маҷбур мешуд ақибнишинӣ кунад ва бо усули ҷанги ногаҳонӣ муборизаро идома диҳад.
Нақши Спитамен дар таърих
Қаҳрамони муқовимат: Ӯ рамзи мубориза барои озодӣ бар зидди истилогарон маҳсуб мешавад.
Стратеги моҳир: Аз усулҳои ҷанги партизанӣ истифода мебурд, ки барои он замон хеле самаранок буд.
Илҳомбахши наслҳо: Дар таърихи тоҷикон то ҳанӯз ҳамчун шахси далеру ватандӯст ёд мешавад.
Хулоса
Гарчанде Спитамен дар ниҳоят ноҷавонмардона кушта шуд, муборизаи ӯ нишон дод, ки Миллати Тоҷик ҳеҷ гоҳ ба ғосибон таслим намешавад. Ӯ яке аз аввалин шахсоне буд, ки бар зидди империяи бузурги Александри Македонӣ ҷиддан муқовимат нишон дод. Муқовимате, ки ҳатто Дорои Бузург бо Армияи чандсадҳазорнафарааш нишон дода натавонист. Ва ана ҳамин достонро мо фаромӯш кардаву номи шаҳр\платсдармеро, ки ба шикасти Қаҳрамони Миллати Тоҷик (328 пеш аз милод) оварда расонид, имрӯз зиндаву эҳё кардаем.
…Гуфти Бобои Ғуломи таърихиву тавсифӣ «нома дар дунё қирон омад», ки номи ғосибонаеро гавҳари ташвиқу тарғиб қарор медиҳем?
