Гӯристони Тифлис

Пас аз 82 сол, набераи баномус, гӯри бобои қаҳрамони гумномаш, Халил Ҳамроеви Ғармиро аз қабристони миллии Гурҷистон пайдо кард, ки ҳалолаш бод!!!

Дар қабристони Кукийскии ноҳияи Кукийски шаҳри Тибилисии Ҷумҳурии Грузия беш аз 1607 сарбозону афсарони Иттиҳоди Шӯравӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ , ки солҳои 1941-1945 фавтидаанд, гӯронида шудаанд. Ин қабристон дар масоҳати 5,4 ҳазор метри квадратӣ домон паҳн карда, аз қабристонҳои куҳнатарини шаҳр мебошад.

Дар Грузия ҷанг набуд, аммо…

Пеш аз ҳама Ҷумҳурии Грузия дар наздикиҳои фронт ҷойгир буд. Аз ин рӯ бо тавсияи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ И.В.Сталин даҳҳо госпиталҳои ҳарбӣ ба ин кишвар кучонида шуданд, то ин ки ба ин шифохонаҳои ҳарбӣ маҷрӯҳҳоро аз майдони ҷанг оварда табобат намоянд.

Дар давраи ҶБВ ҳазорон маҷрӯҳ дар госпиталҳои ҳарбии кишвари Грузия табобат гирифтаанд. Қисме аз онҳо саломатиашонро барқарор карда, аз нав ба фронт фиристода шуданд. Қисме аз афсарону сарбозон маҷрӯҳ гардида, саломатиашонро аз даст доданд ва баъди табобат ёфтан ба ҷои зисти доимиашон бароаштанд. Ҳузунангез он аст, ки 1607 нафар афсару сарбозони диловари Ватан баъди ҷароҳати вазнин бардоштан табобат наёфтанд ва дунёи фониро дар ҳуҷраҳои госпитал дур аз ёру диёр ва хешону наздикон падруд гуфтанд…

Хатти сиёҳ

Он солҳо зиндагӣ хеле сангину душвор буд. Имкони ягон ҷасадро ба Ватан овардан набуд. Ҳамаи гӯшаҳои СССР Ватани мардуми советӣ буду майитро ботантана дар он ҷо мегӯронданд. Агар бахтат омад мекард, 1 телеграмма  ба ноҳияе, ки даъват шуда будед мефиристоданд. Ва онро Хати сиёҳ ном мебурданд. Бо ҳамин робитаи фарзандону пайвандон ба он сарбоз канда мешуд.

 Хушбахтона, дар тамоми хатти фронт ва госпиталҳо фаъолияти ҳар афсару сарбозро шӯъбаҳои махсус зери назар доштанд. Ва дар бораи фаъолияти ҳар сарбозу афсар қисми низомӣ ,полку бригада ва полку двизияҳо гузоришҳо менавиштанд ва ин гузоришҳоро зери грифи “Секретно” нигоҳдорӣ мекарданд…

Қаҳрамонони деҳаи ман

Деҳаи хурдакаки мо, деҳаи Яшми Ҷамоати Шулмаки, ноҳияи Шулмаки вилояти Ғарм (ҳоло н. Рашт) дур аз марказ дар паси кӯҳҳои сар ба фалак доман паҳн кардааст. Аҳолиаш он солҳо хеле кам буд, аммо аз ин деҳа 26 нафарро ба ҷанг бурданд.Танҳо 2 нафар маҷруҳ баргашт. Тақдири 24 нафари дигар то ҳол номаълум аст. Танҳо бузургонамон мегуфтанд, ки омаданду ҳамаро барои ҳимояи Ватан бурданд…

 Падари модари ман, Халил Ҳамроевро, ки таваллудаш соли 1895 буд, охири соли 1942 ба ҷанг бурданд. Дар Сталинград меҷангид. Ҳар моҳ нома менавишт. Аз пешравиҳо дар майдони ҷанг менавишт. Аммо охири тобистони соли 1944 номааш омад, ки навишта буд, сахт маҷрӯҳ асту дар госпитали ҳарбие дар шаҳри Грузия табобат гирифта истодааст. Бо ҳамин дигар номае наомад. Хатти сиёҳ ҳам ба номаш наомад. Бо ҳамин алоқаҳо канда шуданд…

Васияти модар

Модари ман ҳама умр чашм ба роҳ буд, ки рӯзе падараш дар шифохонаи ҳарбӣ шифо ёфта меояд, аммо умри модарам ба сар омаду падараш наомад…

Ба ман васият кард, ки дар баҳои ҷон ҳам бошад тақдири падарро барои ӯ муайян намоям. Ҷӯстуҷӯҳои чандсола бенатиҷа монданд. Модарам ҳам умедашро дигар канд. Ва рӯзе боз маро ба наздаш хонду васият кард, ки ҷустуҷӯро идома диҳам ва ҳеҷ набошад гӯри бобоямро пайдо кунам. Ва ҳатман оши солашро диҳам. Ҳар рӯз баъди хондани намоз бо ояе аз Қуръон рӯҳи ӯро шод кунам. Модарам соли 2007 дар синни 86 солагӣ ба Ҳақ пайвастанд…

 Соли 2025 ҳамхизматам полковник Саид ба ман занг зада гуфт, ки баъди анҷоми хизмати ҳарбӣ ба Русия куч бастааст. Ҳоло нафақагири Руссия аст ва боз дар музеи ҳарбӣ дар шаҳри Москва кор мекунад. Ва дар охир гуфт, ки агар ягон авлод ё хешу табор ва ҳамдеҳаат дар ҶБВ беному нишон шуда бошад, онҳоро пайдо карда метавонам…

 Аз ин пайғоми дӯстам Саид шод шудаму ному фомили бобоямро ба ӯ додам. Соате нагузашта Саид занг зад ва хабар расонд, ки гӯри бобоят-Халил Ҳамроевро пайдо кардам. Ӯ 9 октябри соли 1944 дар госпитали ҳарбӣ ба шаҳодат расида, дар Қабристони Кукуйскии шаҳри Тибилисии Ҷумҳурии Грузия дар гӯри 979 ба хоби абадӣ рафтааст…

 Гӯри 300 тоҷикбачча дар Гурҷистон

Баъди ин хабар ба таври фаврӣ ба Ҷумҳурии Грузия сафар кардам. Гӯри бобоямро баъди 80 сол пайдо кардам. Қабристони Кукийски статусти давлатӣ дошта, зери назорати давлат ва хеле обод аст. Ба хотири ҳар 1 шаҳид санги ёдгор гузошта шуда, номи ӯ ҳаккокӣ шудааст…

 Дар ин гӯристон 300 нафар ҷанговарони тоҷик ба хоби абад рафтаанд. Ному насаб ва корномаи ҳар яки он дар архиви қабристон нигоҳдорӣ мешавад.

Кормандони гӯристон бо таасуф гуфтанд, дар давоми 80 сол бори аввал аст, ки аз Тоҷикистон шумо хокҷои бобоятонро зиёрат омадаед. Рости гап ман аз ин эроди бародарони гурҷӣ каме шармидам.

Ҷои Ҳаҷҷ сари гӯри боботон равед!!!

 Бубинед, ки ҳар сол даҳҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар маблағи зиёдеро сарф карда, 2 ё 3 бор ба зиёрати Ҳаҷи умра мераванд. Лекин боре онҳо фикр намекунанд, ки рӯзеро сарф карда, бобову тағою амакҳои шаҳидашонро пайдо кунанд. Воқеан ҳамаи ин шаҳидон зиёрати шуморо интизоранд. 1 биандешед, ки дар чӣ шароите онҳо ҷони худро ба Ҳақ таслим карданд. Гӯри онҳо дар ҳолати хуб аст, аммо дар сари гӯрашон рамзи крести Исои Масеҳ гузошта шудааст…

 Пешниҳоди ман ин аст, ки ҳамаи мо гузаштаҳоямонро ҷустуҷӯ карда, пайдо  ва рӯҳашонро шод намоем. Ва дар ҳар деҳа санги ёдгории умумӣ ба хотири неки онҳо гузорем…

Таърихи ҳар миллат садои пошнаи сарбози ӯст!!! Мо набояд садои пошнаи сарбозони худ ва таърихамонро фаромуш кунем. Мо Метавонем!

Махдӣ Собир

полковники мустаъфӣ,

махсус барои СССР

Шарҳро дохил кунед

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Facebook
YouTube