(порча аз достони Таняи Диловари А. Лоҳутӣ)
Чанде пеш Вазорати нақлиёти кишвар эълон намуд, ки дар ояндаи наздик дар 2 даромадгоҳи пойтахт аз тарафи шаҳрҳои Турсунзода ва Бохтар нуқтаҳои вазнченкунӣ барои мошинҳои боркаш ва калонҳаҷм сохта мешавад. Баъди насби ин нуқтаҳо, воситаҳои нақлиёте, ки вазнашон аз 40 тонна зиёд аст, маблағи муайян пардохт мекунанд ё ба шаҳр роҳ дода намешаванд…
Гуфта мешавад, ки ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз зуд вайрон шудани роҳҳои мошингарди Душанбе -Турсунзода ва Душанбе – Бохтар гирифта шуда, созишнома дар бораи насби ин нуқтаҳо, 21.07.2025 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Kvadrat System LLC”-и Аморати Муттаҳидаи Араб ба имзо расидааст. Мувофиқи он, ширкат бояд давоми 8 моҳ – то моҳи августи соли ҷорӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонад.
Меъёри вазн барои мошинҳои гаронҳаҷм дар роҳҳои мамлакат чӣ қадар аст? Мо тасмим гирифтем ин ҳафта сари ин мавзуъ андешаронӣ намоем.
Фоҷеа дар Кӯлоб: 10 мурда, 14 маъюб…
Зимни пайгирии факту далел вобаста ба ин мавзуъ беихтиёр садамаи фоҷиабори Кӯлоб пеши назар омад, ки тақрибан 3 сол пеш ба вуқӯъ пайваста буд.
06.08.2023. Автомашинаи Дулан, ки ҳомили 50-60 тонна бор ва дорои 1 адад притсеп буд, рақами қайди давлатияш TJ 538 ZH 01, притсепаш 07 АА 0838, мансуб ба ширкати боркашонии ҶДММ “Кафолат Воридоту Содирот”, дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ аз самти ноҳияи Ш.Шоҳин сӯи ш. Кӯлоб ҳаракат карда, бинобар сабаби аз кор баромадани тормозҳо (маҷмуи боздорӣ), пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз ӯҳдаи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда, дар ҳудуди ш. Кӯлоб ба садама дучор гашт. Дулан бо суръати билотасвир баланд, чанд воситаи нақлиётро пахш намуда, вориди 3 манзили зисти шаҳрвандон шуда, ин хонаҳо ва меҳмонону мизбонони онҳоро ба замин яксон намуд…
Дар натиҷаи садамаи мазкур 10 нафар ба ҳалокат расида, 14 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Бар асари садама, ки ҳамакнун дар раъси расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои интернетӣ қарор дорад, 10 адад нақлиёти сабукрави гуногун ва 1 автомашинаи тамғаи Дулан, инчунин 3 манзили истиқоматӣ зарари ҷиддӣ диданд.
Муттаассуф, имрӯз низ ҳафтае нест, ки дар бораи чаппа шудани ин ё он мошини боркаш дар роҳҳои кӯҳсори кишвар нашунавем. Сабабҳо албатта зиёданд: беэҳтиётӣ, дар хоб мондани ронанда, риоя накардани талаботи техникӣ ва аз ҳама асосиаш албатта аз меъёр зиёд бор кардани бор то 80-90 тонна аст…
Меъёри вазни мошинҳои гаронвазн…
Тавре ба мухбири СССР маълум шуд барои мошинҳои гаронвазн кашондани то 40 тонна бор тавсия шудааст. Дар фасли тобистон бошад ин меъёр тағйир меёбад ва кам мешавад. Зеро дар гармӣ асфалт ё мум об шуда, роҳ зуд валангор мегардад.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум» аз
08.11.2008 ҳамасола аз 1 май то 31 август, ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани харорати рӯзонаи ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10-00 то 20-00 бо сарборӣ ба тири меҳвари ягона ба андозаи на зиёда аз 6 тонна иҷозат дода мешавад.
Барои роҳҳои автомобилгарди дигари истифодаи умум, сарборӣ ба тири меҳвари ягона ба андозаи на зиёда аз 8 тонна муқаррар карда мешавад.
Яъне, дар фасли тобистон аз 6 то 8 тонна бор зиёд на! Аммо дар асл ҳамоно гаронҳаҷмҳои 40-60 тоннагӣ дар ҳаракатанд…
985 факт ва беш аз 3 млн ҷарима
Тавре ба мухбири мо дар Вазорати нақлиёти ҶТ иттилоъ доданд, дар семоҳаи аввали соли 2026 аз ҷониби Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт 985 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани Қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва гаронвазн ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
Нисбати онҳо бо моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3 миллиону 841 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Хотиррас мешавем, барои таъмири капиталии 1 километр роҳи асфалт, 1 млн доллар, муодили 10 млн сомонӣ лозим аст. Яъне оё мешавад бо 3 млн сомонии ҷарима иктифо кард? Суол риторикист, албатта.
Дар ин давра барои интиқол додани борҳои калонҳаҷм ва вазнини тақсимнашаванда 146 – адад Иҷозати махсус дода шуда, аз ин ҳисоб 277 ҳазору 943 сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт гардидааст.
Бо мақсади пешгирӣ намудани роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал дар нуқтаҳои баркашӣ 89 ҳазору 939 – адад воситаи нақлиёти боркаш мавриди баркашӣ қарор дода шуда, бо сертификати баркашӣ таъмин гардидаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 16 ҳазору 155 адад зиёд аст.
Инчунин борҳои аз меъёр зиёди воситаҳои нақлиёти боркаш ба миқдори 1 260 тонна фароварда шудааст.
Рейдҳо кӯмак мекунанд?
Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани ҳолати роҳҳои автомобилгард аз гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн тибқи нақшаи тасдиқгардида кормандони Хадамот дар назди корхонаҳои сементбарорӣ, карйерҳои коркарди қуму шағал, конҳои коркарди ангишт ва дигар корҳонаҳои истеҳсолӣ мунтазам рейдҳо ва корҳои нозиротӣ гузаронида, риоя кардани меъёри боркунии бор ба воситаи нақлиёти автомобилӣ назорат карда мешавад. Дар семоҳаи якуми соли 2026 нисбати 9 корхонаи истеҳсолкунанда, аз ҷумла 3 корхонаи сементбарории вилояти Хатлон барои риоя накардани меъёри боркунӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда шуда, онҳо ҷаримабандӣ гардиданд.
Роҳи пулакӣ мушкилро ҳал мекунад?
Солҳои охир на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар бораи пулакӣ кардани роҳҳо хеле зиёд мегӯянд. Чунин таҷрибаро ҷумҳурии мо яке аз нахустинҳо шуда роҳандозӣ намудааст ва роҳи мошингарди дараҷаи байналмилалӣ доштаи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ далели ин гуфтаҳост.
Тавре коршиносон мегӯянд, роҳҳои автомобилгарди ба истилоҳ пулакӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, суръат бахшидан ба инкишофи шабакаҳои роҳҳои автомобилгард дар заминаи ҷалби сармояи хориҷӣ ташкил мешаванд. Маъмулан ҳукумати кишварҳои рӯ ба рушд дар заминаи татбиқи чунин лоиҳаҳо, ки аксар маврид бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мешавад, ҳолати роҳҳоро беҳтар менамояд. 1 чизи дигарро низ набояд фаромӯш кард – ин гуна роҳҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва бо релефи мушкил ҷойгир буда, барои нигоҳубинашон маблағи зиёд сарф мешавад.
Дар оянда пулакӣ шудани роҳҳои дигар низ аз мадди назар дур нест, зеро воқеият – бунёди роҳҳои ҳалқавӣ гирдогирди шаҳри Душанбе, амалиёбии лоиҳаҳои дигари калон дар соҳаи роҳсозӣ аз пойтахт ба минтақаҳои дигари мамлакат худ инро тақозо менамояд. Аввал ин ки роҳҳоро бояд дар сатҳи лозима нигоҳ дошт ва дуюм пулакӣ шудани истифодаи роҳ ҳушдор ба ронанда аст, ки бояд аз меъёри тавсияшуда бештар бор нагирад – нафсашро нигоҳ ва роҳро аз валангорӣ эман дорад! Мо пайгири мавзуъ мемонем. Мо Метавонем!
Ҷ. Ҳусейнова,
СССР
