25.04.2026. Соат ба вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Тавре хабар дода будем, дар МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ маҳфили рӯнамоии китоби Сайёфи Мизроб, сардабири СССР, бо номи «60 мақола – чашмандоз – публитсистика» баргузор гашт. Дар ин бора мухбири вилоятии мо Нуриддин Қосимзода ин шумора гӯшаи сардабирро ихтиёр карда, гузориши вежаи худро навишт. Ҳоло дар идомаи он мо гуфтаҳои меҳмононро бобати ҳаёт ва фаъолияти Сайёфи Мизроб бо аксҳои эксклюзивӣ пеш меорем. Марҳамат. Мо Метавонем!
Зиннатулло Исмоилзода, раиси ИЖТ:
Ҳақиқатро ҳатто дар сари дор мегӯяд
Бо арзи сипос аз ҳамаи шумо устодони азизро, ки қадам ранҷа намудед ба муаррифии китоби 1 журналист, китоби 1 қаламкаш, китоби 1 эҷодкоре, ки солҳои тӯлонӣ мухотабони матбуот, ному насабашро шунидаанду мешиносанду ифтихор мекунанд, чун раиси ИЖТ хайрамақдам мегӯям.
Дӯстони азизу гиромӣ дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардидани чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла муаррифии китоби эҷодкорон 1 падидаест, ки имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Ва мо арзи сипос менамоем ба роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, минҷмула ба Ҷумъахон Файзалиев, барои доир намудани ин барнома.
Ин сол аллакай муаррифии 4-умин китоби журналистони Тоҷикистон ҳаст, ки дар ҳамин толор сурат мегиранд.
Сайёфи Мизробро ҳамаи мо мешиносем табрикотамонро аксариятамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ барояшон гуфтем ва агар боз ҳам лозим шавад мегӯем. Сайёф пеш аз ҳама журналист аст, шахсе ҳаст, ки ба дунё бо назари худ нек нигоҳ мекунад. Аз нафароне нест, ки ба дунёи бузург аз сурохии хурди қулфи хонааш нигоҳ кунад. Балки нафаре ҳаст, ки бо диди фарох, пешниҳодҳои мушахас, дилхоҳ мавзуро ба баррасӣ мегузорад. Ӯ нафарест, ки натанҳо дар расонаҳои гуногун тавонистааст ҳамчун корманди эҷодӣ фаъолият кунад, балки тавонистааст, ки расонаи худро низ ташкил диҳад. Сайёфи Мизроб аз ангуштшумор хабарнигоронест, ки ҳақиқатро ҳатто дар сари дор мегӯяд ва ӯро барои ана ҳамин ғайраташ иззат мегузоранд.
Аз соли 2008 вақте, ки СССР-нашрияи худро Сайёфи Мизроб дар ошёнаи 8- ум, ки мо низ ҳамсоя будем, таъсис медод, ҳамагӣ аз 1 ҳуҷраи хурд корро шуруъ намуда буд. Ҳатто ҳамон ҳуҷраи хурд ҳам ба ғайр аз худашу Савфату 1 компютераш чизи дигаре надошт. Бисёриҳо вақте, ки аз назди ин дар мегузаштанд, ҳатто ба ин утоқи тангу тор дохил шудан ҳам намехостанд. Аксарият умедвор ҳам набуданд, ки ин расона ҳадди ақал 100 шумора чоп мешавад. Вале бисёрии журналистони Тоҷикистон ҳамон шабу рӯз дар паҳлӯи Сайёф буданд ва ҳамаи мо аз рӯзи аввал бо нашрияи СССР ҳамкорӣ доштем. Банда низ чанд матлаб аз сафаргуфтаҳои амрикоиям дар ин нашрия ба чоп додам.
Хабарнигорони мардумӣ
Ҳамеша умед бар он доштем, ки баробари баромадани дигар расонаҳо боз 1 расонаи дигар фазои итилоотии моро дигар мекунад. Ин умедвории мо ҷомаи амал пӯшид. Инак тӯли 18 сол аст дар фазои расонаҳои иттиоолотӣ нашрияи СССР фаъолият дорад.
Фарқи ин нашрия аз расонаҳои классикӣ ва аз расонаҳои давлатӣ дар он аст, ки ин нашрия фақат чанд корманд надорад, ин нашрия дар тамоми ҷумҳурӣ хабарнигорони худро дорад. Хабарнигорони мардумии СССР имрӯз дар 68 шаҳру ноҳия фаъоланд. Ва журналистикаи шаҳрвандӣ маҳз дар мисоли нашрияи СССР бозгӯ мешавад ва мо мебинем, ки журналистон аз ҳар ихтисосанду фаъолона дар ҳаллу фасли мушкили ҷомеа иштирок мекунанд. Дарди дили худро ба мардум мерасонанд 1 хабари нави 1 минтақаро ба минтақаи дигар пешниҳод мекунанд. 1 навгониро бозгӯ мекунад ва ҳамаи ин нишона аз ин медиҳад, ки дили Сайёф бисёр васеъ аст, ки ҳатто 1 Тоҷикистонро дар 1 газета ғунҷонда метавонад.
Китобе, ки имрӯз муаррифӣ мешавад, пеш аз ҳама мақолаҳои публитсистие гирдовар кардааст, ки тӯли ин муддат Сайёфи Мизроб дар нашрияаш чоп мекунад. Ин китоб усулан рӯнамоии эҷодиёти беш аз 40 солаи Сайёф аст. Яъне устод Сайёф беш аз 42 сол мешавад, ки дар журналистика фаъол аст ва дар давоми 42 сол матлабҳои хешро гирдовар намудааст. Шахсан ман итминони комил дорам, ки Сайёф боз минбаъд ҳам бо ҳамин шасте, ки ба журналистика ворид шудааст боз шаст соли дигар барои журналистикаи ватании мо хизматашро дареғ намедорад. Чопи ин китоб муаррифии ин китоб барои шумо муборак бошад.
Шариф Ҳамдампур, раиси Медиа – холдинги «Оила»
Ҷуръати Сайёф асли воқеӣ дорад
Аввалан ҷуръати ӯ дар он аст, ки дар замони истиқлол ҷуръат карда, СССР – ро сохт. Инро ҳар шахс дарк карда наметавонад. Ман 2 рӯз қабл бо 1 нафар дар 1 нишасти бисёр кутоҳ, ки аз аҳли илм адаб буд, нишаста будам. Аз даҳони ӯ 1 ҳарфе шунидам, ки бисёр мушавваш шудам. Ӯ изҳор кард, ки агар газетаи СССР дар Тоҷикистон боқӣ намонад, журналистика аз байн меравад. Ман ҳайрон шудам, далел пурсидам ва гуфтам, ки чӣ далел дорӣ, бо кадом мақсад ин гапро гуфта истодаи? Дар ҷавоб гуфт, ман далел надорам, аммо гапам қатъист, СССР набошад, журналистика аз байн меравад.
Барои чӣ мо мегӯем, ки газетаи СССР ин худ 1 ҷуръат аст? Зеро, ки нашрияи СССР қолабшикан аст. Устод Муҳаммад Ғоиб дуруст зикр карданд, ки яке аз қолабҳое, ки дар шеъри тоҷик шикаста шуд, ин шеъри арӯз буд ва шеъри арӯзи шикаста ба шеъри нав гузашт. Қолабшиканӣ шуд. СССР низ қолаби журналистикаро шикаст, аз чорчубаи арӯзи журналистика баромад, ин ҳам 1 ҷуръати бисёр комил буд аз ҷониби Сайёф.
Бояд зикр кард, ки матбуоти озод хело кам мондааст. Агар бошад ҳам 1 ё 2 газета боқӣ мондааст. Бояд хуб дар ёд дошт, ки маҳз ҳамин матбуоти озод буд, ки дар сахттарин лаҳзаҳо муттаҳид шуда, сиёсати хирадмандонаи Президентро дастгирӣ карданд.
Шумо солҳои сохтмони Роғунро хуб дар ёд доред, агар ҳамин нашрияҳои озод намебуданд ман фикр намекунам, ки кор то ин ҳадд вусъат меёфт. Агар матбуоти озод намебуд, имрӯз ҷойи онҳоро дигарон мегирифтанд, ки ба манфиати давлати мову миллати мо набуд.
СССР буд, Чархи Гардун буд, Тоҷикистон буд, Азия Плюс буд ва дигар нашрияҳое буданд, ки дар паҳлуйи сиёсати хирадмандонаи Президент истоданд ва аз ободкориҳо ҷонибдорӣ карданд. Ҷашни зодруз ва рӯнамоии китоби нав муборак дӯст!
Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон:
Ӯ тоҷик асту миллати худро дӯст медорад
Бо ҳамин қадар дониш хоксортарин мард аст. Бовар доред ё не, шеърҳоро ончунон бо қироати бурро бидуни ғалат мехонад, ки лаззат мебарам. Ҳатто то дараҷае шеърро дарк карда мехонад, ки аз мо шоирон дида хубтару хуштару оммафаҳмтар мехонад. Шеърҳоро аз мо шоирон дида хубтар мефаҳмад.
Номаш Сайёф бошад ҳам, шамшери тез нест, марди бораҳм аст. Аммо ончунон мақолаҳояшро дарҷ мекунад, ки душманонашро нарм мекунаду нодононро ҳушёр мекунад. Хеле қалами хуб дорад. Шамшераш қалами ӯст.
Ободкор ҳам ҳаст. Ягона нафарест, аз миёни журналистон, ки майдончаи варзиширо дар Кӯлоб сохт, то фарзандони миллати тоҷик машқ кардаву обу тоб ёфта пасфардо обруйбардори миллат гарданд. Аз ӯ дида шахсан ман марди миллатдӯстдор надидаам. Ӯ тоҷик ҳасту миллати худро дӯст медорад.
Шоҳона Одиназода, сардабири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»:
Сайёф марди ҳақиқист!
Сайёф марди ҳақиқист, бе пардагӯст, марди Худододаст. Нотарс ҳасту дар ҳама ҷо дар ҳама чиз ба ҳамон шиори худаш мегӯяд, Мо метавонем! Ба ҳамин шиораш содиқ аст. Ӯ воқеан метавонаду метавонад.
Дар ҳақиқат имрӯз барои насли мо, барои аҳли қаламе, ки дар давраи мо ба журналистика ворид шудаанд, рӯзи хотирмон аст. Аввалан Сайёфи азизро самимона барои рӯи чоп омадани ин китоби навашон табрик ва шодбош мегӯям. Чунки ин заҳмати 40 солаи касбии ӯст.
Сайёф ҷавонмардест, ки сухану қавлу қарораш якест, ӯ якру ҳаст, 1 фикр аст, 1 андеша ҳаст ва ҳеҷ вақт аз суханаш дар ягон ҷо рӯй нагардонидааст. Ман Сайёфро ҳамингуна мешиносам. Воқеан ҳам дар журналистика нафаре муваффақ мешавад, ки ҷасорат дорад. Хушбахтона Сайёф ана ҳамин ҷасорати ҷавонмардиро дорад. Ҳамчун 1 зан, ҳамчун 1 модар, ҳамчун 1 дӯст, ҳамчун 1 хоҳар, ҳамчун 1 ҳамкор эҳтиромаш дорам. Дасти чандин нафар камбизоатон, ҳамқаламонро гирифтааст, вале касе ин моҷароҳоро намедонад. Сайёф беҳтарин шахсият, беҳтарин журналист, ҷавонмардест, ки ба тору пуду ҷонаш ин ватан ин миллатро дӯст медорад ва агар лозим шавад, ҷонашро барои Ватан фидо мекунад. Мо ҳама дӯстонаш ӯро ба хотири оне, ки воқеан марди асил аст, дӯст медорем.
Ҳошим Гадо, Артистии халқии СССР:
100 соли дигар сағераҳоятро соябонӣ кун!
Ман Ҳошим Гадо дар саҳна баромада, озод баромад карда метавонам, дар кино нақши хуб офарида метавонам. Вале озодона гап зада наметавонам. Ба навиштани китоб машғул шудаву кам – кам китоб низ навишта метавонам. Нав 1200 китоб навиштаам.
Мутаассифона ман дар зиндагӣ сухан гуфта, баромад карда наметавонам. Ба хотири эҳтироми вежаи Сайёф, имрӯз инҷо кушиш мекунам 1-2 ҷумла гӯям. Намедонам ин марди Худо чӣ илме дорад, ки дар дигарон нест. Ё маро кӯрхат кардааст ё гипноз. Чанд рӯз пеш аз ин ҷамъомад ба ман занг задаву гуфт:
– Ҳошим Гадо рӯнамоии китоб дорам, био, наомадӣ мурдам гӯ
Баъди аз оне, ки Сайёф ҳамин гапро гуфт, ман мисли талабаи синфи 1- барин дар дастам санаи имрӯзро бо соату дақиқааш навиштам, ки на фаромӯш кунам на дер монам. Зеро мемурдам. Шукр омадаму дер намондам.
Дар ҳамин шабӯ рӯз ташкил кардани газетаи СССР кори саҳлу осон нест. Ба ҳамин гуфтаҳо назар кардаву пешниҳод карданиям, ки бояд дар ҳамин рӯзи муқаддас дар зодгоҳаш кӯчаи Куйбеши Кӯлобшаҳр ҳайкалашро дар зиндагияш мегузоштанд ин андешаи ман аст. Андешаи Ҳошим Гадо!
Агар дар журналистика тоҷик Акбари Саттор намебуду Сайёфи Мизроб китобҳои ман низ намебуд. Ин 2 нафар китобҳои маро барои бароварданам хело дастгирӣ кардаанд. Боз шахсони дигар низ барои чопи китобҳоям саҳми арзанда гузоштаанд, ки мутаасифона онҳо иҷозат намедиҳанд, ки номашонро бигирам аз байнашон танҳо Сайёф иҷозат додааст, ки номи ӯро бигирам.
Сайёфи ҷон, бародари гиромиқадрам, папа, ман ӯву Акбарро папа мегӯям, ман дар ин рӯзи нек ба ту чи таманият кардан мехоҳам? Дар дунё аз саломатии инсон дида, дигар чизе муҳим нест. Иллоҳо танат ҳамеша саломат бошаду ту дар болои сарамон бошиву мо сағераҳоятро сағерабонӣ кунӣ. Рафиқ СССР, Мо Метавонем!
Тоҷиддин Пиров, бонкдори шинохта:
Қаламатон тез бод!
Дар ин санаи муборак яке аз дӯстони ҷонии мо, бародари мо, рафиқи мо, хеши мо, ки бо эшон риштаи хешу таборӣ низ дорем, ҳам муаррифии китоб дораду ҳам ҷашни мавлуд. Барои ин 2 ҷашни бузург эшонро самимона аз номи худ ва аз номи аҳли коллективи бонки Тоҷиксодиротбонк табрик намуда, орзуманди саломатии бардавом дорем. Ҳамеша қаламатон бурро, нигоҳатон дурпарвоз ва содиқ ба сиёсати ҳамин миллат бимонед. Сад сола шаведу чун имрӯз ҷавону хушбину хушгил бимонед.
Ислом Ҳайдарзода, раиси Кумитаи ҲХДТ дар ш. Ваҳдат:
Хомаатон ҳамеша сабз бод!
Дар бобати ин марди бузург ин журналисти барҷаста ҳамчун дӯст мо ду ҷумла гап гуфтанием, ки Сайёф навиштани “60 -мақола публитсистика”- муборакат бошад.
Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ чашмандози журналисти бомаҳорат ва варзидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва он ҳам ба хотири ана ҳамин китоби сардабири газетаи СССР. Аз номи раиси ш. Ваҳдат Мирзо Исмоилзода бародари азизро табрику муборакбод гуфта, меафзоем, ки Сайёфи Мизробро хомаашон ҳеҷ вақт кунд нагардад.
Ёқуб Исмоил, собиқадори матбуот:
Сайёфро берун аз марз мешиносанд
Сайёф ба номи худаш аст, ӯ Сайфиддин аст ва Сайфаш ба ҳама мерасад, ӯ яке аз бародарони хуби мост, ки дар арсаи байналмиллали ва тамоми ҷаҳон ӯро мешиносанд. Ҳамин фидокориву миллатдӯстиаш сабаб шудааст, ки ҳатто дар шаҳри Питер номаш ҳамчун рӯзноманигор сабт гардиаву эътироф шудааст.
Мо танҳо ба ин додари худ саломатӣ умри дароз, ризқи фароз, қалами тез орзу дорем. Ростӣ, аз ҳаяҷон чизе дигар гуфта наметавонам. Ҳама вақт қаламатон тез бошад, бародари ҷасури миллатдӯстдорам.
Суҳробшои Фаррухшо, шореҳи варзиш:
Сайёф бачаи миллӣ аст
Барои он нафаре, ки бихоҳад ба истилоҳе, портрети Сайёфро бисозад, 1 саволу 1 дақиқаву 1 рӯз шояд басанда нест. Ман фикр мекунам, ки Сайёф ҳама намоди ҷавонмардӣ, хубии инсониро дорост. Ӯ марди ростқавл, дӯсти вафодор ва миллатдӯст аст. Ҷашни 60 – солагиаш ҳалолаш бод. Офаринаш, ки то имрӯз бо мардум буду дарди дили мардумро шунидаву ба 60 расид.
Каме бо тағйири мисраъи Алимуҳаммад Муродӣ гуфтаниям:
Зиндагиро ранҷ додӣ 60 сол,
Офарин бар тоқаташ
таркат накард!!!
Нуралӣ Хоркашов, журналист:
Ҷавонмардона иқрор шудан наҷобат аст
Воқеан Сайёф ҷавонмарде ҳаст, ки арзандаи номи ҷавонмардист. Зеро тамомии хислатҳои хуби инсонӣ дар вуҷуди ӯ ҳамеша аланга мезанад. Ӯ яке аз шахсиятҳое ҳаст, ки аз ӯ омӯхтан лозим аст. Ва пайваста меомӯзад.
Сайёф аслан хислатҳои наҷибонаи ҷавонмардонае дорад, ки онҳоро ҳар ҷавонмард бояд, ки аз ӯ биомӯзаду дар амал чун ӯ таҳақиқ кунад.
Идибек Маҳмудҷонов, собиқ тарроҳи СССР:
Сайёф сулҳпавар аст
Сайёф, марди ростгӯст, дар тамоми ҳолат агар сараш бурида шавад ҳам, ҳақиқатро мегӯяду менависад. Шиори Сайёф Мо метавонем аст.
Ӯро мардум мешиносанду эътирофаш доранд, зеро яке аз журналистони барҷастаи тоҷикест, ки ҳамеша тарафдори сулҳ ва давлат аст. Сайёф инсони хуб, ҷавонмарди хуб ва хело ҷасуру зираку доност.
А. Собир, оператор – суратгир:
60 соли дигар қаламат тез бод
Чигунае муҳтарам пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд синни 60 аллакай худ камолот аст. 60 соли дигар бизиву 60 соли дигар бинавису 60 сол дигар қаламат тез бод.
Зодрузат муборак бародари гиром. Ҳамавақт бо мо бошиву қаламат боз ҳам тезтар бошад.
Таснифи Омиронаи Сайёф
